Роҳи Душанбе Хуҷанд боз баста шуд
Бинобар фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд субҳи имрӯз, 22 январ ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ шудааст.
Хабаргузории “Азия-Плюс” бо истинод ба котиби матбуотии IRS Далер Мерганов хабар додааст, ки айни замон кормандони ширкат ба тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо машғуланд.
“Субҳи имрӯз дар якчанд қитъаҳо тарма фаромада, дар дигар қитъаҳои роҳ хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Муддати якчанд соат ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои бартараф ардани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф идома доранд. Аз фаромадани тармаҳо касе осеб надидааст”, – гуфтааст Мерганов.
Ба гуфтаи номбурда, ширкат ният дорад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро тариқи ин роҳ нимаи дуюми рӯз барқарор кунад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки имрӯз, 22-юми январ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо барф меборад.
Рӯзи 23-юми январ ҳангоми соф шудани ҳаво шабона ва саҳаргоҳон сардшавӣ шиддат гирифта, дар ноҳияҳои водӣ то 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8-13 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-18 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои баландкӯҳ 35-40 дарақа хунук (дар мавзеи Булункӯл то -50 дараҷа хунук) пешгӯйӣ мешавад.