11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Зорро”. Бизнес, шиканҷа ва қатл дар зиндонҳои Тоҷикистон (4 видео)

Зорро як персонажи афсонавии адабиёти испониёист, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ӯ алайҳи ноадолатиҳо мубориза мебурд, аз мазлумин ҳимоя мекард ва золимонро ҷазо медод. Ҳар куҷое нафареро зулм мекарданд, ба кӯмакаш ҳозир мешуд ва қасоси ӯро аз золимин мегирифт. Зорро мардумро ҳам барои бархостан алайҳи зулм таблиғ мекард. Дар бораи ин персонажи афсонавӣ беш аз 20 филм ба навор гирифта шудааст.

Нафаре дар Тоҷикистон ҳам бо ин лақаб машҳур шудааст. Изззатулло Шарифзода — сардори аллакай собиқи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия. Кӣ ва чаро ба ӯ ин лақабро додааст, маълум нест, аммо Шарифзода комилан баръакси он Зоррои афсонавист.

Агар Зоррои испонӣ мазлуминро аз золимин ҳимоя мекард, Зоррои тоҷик яке аз золимтарин нафарон на танҳо дар таърихи Тоҷикистон, балки таърихи башарият аст.

Ӯ зиндонҳои Тоҷикистонро ба конслагер табдил додааст. Маҳбусини зиндонҳои Тоҷикистон бо бадтарин навҳа зулм ва шиканҷа мешаванд. Ҳар сол даҳҳо нафар бар асари шиканҷа кушта мешаванд, вале танҳо қисмати хеле ками ҳодисаҳои куштор дар зиндонҳо расонаӣ мешавад ва мардум аз он иттилоъ меёбад. Зорро зиндонҳоро ба бизнеси шахсияш табдил додааст ва миллионҳо доллар аз ҳисоби маҳбусон даромад мегирад.  

Тиҷорати инсон дар империяи Зорро

Иззатулло Шарифзода тиҷорати тамомайёри инсонро дар зиндонҳо ба роҳ мондааст. Ӯ як давлати ҷадиди ғуломдории асри 21 дар дохили зиндон таъсис додааст. Ӯ маҳбусонро аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчуноне, ки ҳазор сол қабл ғуломонро мефармуданд, кор мефармояд.

Абдукарим Зоиров, як маҳбуси собиқ аст, ки сенздаҳ сол умрашро паси панҷараҳои зиндонҳои Тоҷикистон сипарӣ кардааст. Ӯ мегӯяд бидуни ҳеҷ гуноҳе ин ҳама сол зери ситами Зорро ва кормандонаш қарор доштааст. Абдукарим бо нашри як навор баъзе ҷузъиёти истисмор, шиканҷа ва қатл дар зиндонҳои Тоҷикстонро бо ширкати худи Иззатулло Шарипов қисса кардааст.

Ӯ мегӯяд маъмурини зиндон маҳбусонро мисли ғулом кор мефармоянд. Ҳатто бемор будан касеро аз меҳнати ғуломона наҷот намедиҳад. Танҳо дар сурати доштани маълумотномаи табиб дар бораи бемории сил аз берун ё иштирокчии Чернобил ва ҷанги Афғонистон будан маҳбусро аз меҳнати маҷбурӣ мераҳонад. Он бо як шарт: бояд маблағи онро пардохт кунад. Яъне барои ҳар рӯзи корӣ маблағи муайяне ба маъмурини зиндон бипардозад.

Зорро ширкати бузурги сохтмонӣ дорад, ки дар он аз меҳнати маҳбусон бидуни пардохти ҳақ истифода мекунад. Ҳамчунин ӯ чанд ширкати сохтмониро бо дару тиреза таъмин менамояд, ки дар маҳбасҳо бо дасти маҳбусон сохта мешаванд. Зорро чанд мағозаи фурӯши сандуқ ва дигар маҳсулоти дуредгарӣ дорад, ки бузургтаринаш дар бозори Корвон воқеъ шудааст. Ӯ ба дӯконҳои фурӯши кордҳои наққошишуда низ маҳсулот содир мекунад.   

Ӯ роҳҳои зиёди пул ситонидан аз маҳбусонро ба роҳ мондааст. Сар аз иҷозаи ворид кардани хӯроки наздикони маҳбусон, ки барои ҳар хӯрок аз даҳ то 30 сомонӣ маблағ меситонад. Дар зиндонҳои Тоҷикистон хӯроки маҳбусон асосан аз ҳисоби худашон аст. Аз ҳисоби давлат ҳам хӯрок дода мешавад вале имкони хӯрдани онҳо тақрибан вуҷуд надорад. Хӯроки давлатӣ аз карам ва донагиҳои ҷӯшонидашуда иборат аст ва онро танҳо маҳбусоне истеъмол мекунанд, ки хешу табор надоранд ва шуморашон ҳам аз 5-10 дарсад бештар нест.

Империяи Зорро на танҳо ширкатҳои сохтмонӣ, маҳсулоти дуредгарӣ ва дигар ашёе, ки маҳбусон месозанд дарбар мегирад, балки фурӯши маводи мухаддирро низ дар зиндон ба роҳ мондааст.

Абдукарим Зоиров мегӯяд як маҳбус, ки худаш мӯътод буд маводи мухаддири чонишини раҳбари зиндон бо номи Розиқро мефурӯхт ва вақте баъди истеъмоли маводи мухаддир ба кадом хатогие даст зад, ӯро бераҳмона куштанд.

Зорро як системаеро ҳам ба роҳ мондааст, ки ба омӯзиши вазъи иқтисодии маҳбусон машғул аст. Ҳар маҳбусе, ки маълум шуд наздиконаш вазъи хуби иқтисодӣ доранд, зери фишори шадиди зиндонбонҳо қарор мегирад, то ҳар моҳ ришваҳое вобаста ба вазъи иқтисодиаш пардохт кунад. Онҳоро бо ҳар баҳона дар утоқҳои ҷазоии зиндон ҳабс мекунанд, то маҷбур ба пардохти ришва шаванд. Ин ришваҳо аз 500 то 5000 доллар қимат доранд. Онҳое, ки натавонистанд ин ришваро пардохт кунанд, мақкум ба шиканҷаҳои даҳшатнок ва марганд.

 Шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон

Тибқи гуфтаи як маҳбус, ки 6 сол, аз ҷумла се сол дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд маҳбус будааст, шиканҷаҳои зерин дар маҳбасҳои Тоҷикистон маъмуланд ва тақрибан ҳаррӯза истифода мешаванд:

— Урён нигоҳ доштан рӯи бетон дар ҳавои сард, зери барфу борон ва дар ҳавои гарм зери тобиши мустақими офтоб;

— Хобонидан болои бетон бо шикам ва пушт ва қадам задани зиндонбонҳо аз рӯи зиндониҳо;

— Маҷбур ба нишасту бархост дар ҳолати урён;

— “Склонка” — тафтиши даҳкаратаи (ҳар ду соат) зиндониҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар тӯли рӯз бо баҳонаи пешгирӣ аз фирор бо нишастан рӯи бетони сард ва зери барфу борон ва офтоби сӯзон;

— Надодани ғизо ва либос;

— Латукӯб барои каме баланд шудани мӯйсар ва риш;

— Ҳабс кардан дар ҳуҷраи махсус (сиёҳчол), ки зимистон бисёр сард ва тобистон хеле гарм аст, тиреза надорад ва имкони хоб рафтан вуҷуд надорад;

— Манъи табобат дар ҳолати беморӣ. Бемористони зиндон ҳамчун истироҳатгоҳи зиндониҳои пулдор ва ё VIP истифода мешавад на барои табобати беморон;

— Латукӯби шадид дар камтарин ҳолати нақзи қоида, ё гапгардонӣ ба зиндонбонҳо. “Нақзи қоида” ҳам бештар ба онҳое нисбат дода мешавад, ки талаби пардохти пулро иҷро карда наметавонанд;

— Задани мисвоки дандоншӯӣ ба мақъад;

— Вазъи хеле бади хӯрок ва либос.ва ғайра.

Аммо ин шиканҷаҳое ҳастанд, ки барои “гуноҳ”-ҳои сабук истифода мешаванд. Барои “гуноҳҳои вазнин”, аз ҷумла напардохтани ришва ба кормандони маҳбас шиканҷаҳо бамаротиб вазнинтаранд.

Рафаэл Мақсудов, як зиндонии дигар, шоҳиди шиканҷа ва қатли Ҳамза Икромзода будааст, ҷараёни шиканҷаи Ҳамзаро чунин қисса мекунад: 15 сентябри соли 2015 ман дар зиндон бо як нафар заноанӣ кардам. Маро маҳкам карданд ва Лутфулло, Ҷамол, Маҳмуд, Давлат, Шерафган (кормандони зиндон) маро латукӯб кардан ва ба назди Тоштемиров (Рустам Тоштемиров, сардори зиндони рақами 1) бурданд. Тоштемиров ҳам маро латукӯб кард. Баъд маро дар ҳуҷраи рақами 4 маҳкам карданд. 16-уми сентябр соати 4 Ҳамза Икромзодаро оварданд. Дар онҷо Лутфулло, Маҳмуд, Ҷамол, Давлатманд, Шерафган ва Музаффар, ҷонишини сардор буд, Тоштемиров набуд… Ман маъюб будам, Ҳамзаро дароварда маҳкам карданд, дасти чапаш пури хун буд ва ба қудрати Аллоҳ сарашро бо дубинка задагӣ, даромадагӣ буд.

Рафаэл дар идома мегӯяд аз Ҳамза пурсидам, ки чаро бо ту чунин карданд: Гуфт “сӯми санга медодам, сӯми калона медодам, ки гуфтам дигар намедиҳам… Маро асосан Тоштемиров фишор меовард. Ана ҳамин хел маро гирифтанд, зада куштанд”.  

Ҳамон рӯзи 16-уми сентябр соати 8.30 боз 5 нафар омада ба дасти Ҳамза завлона мезананд Рафаэл мегӯяд “ба мобайн гирифтанд ва 10 дақиқа бераҳмона латукӯб карданд. Дар охир овози фарёди Ҳамза баромад, ки ҷигарам кафид”.  

Волидони Ҳамза Икромзода баъди марги ӯ навореро пахш карда буданд, ки дар тани ӯ осори шадиди шиканҷа, аз ҷумла нақши сӯхтаи пӯст бо дарзмол дида мешуд. Ин наворро хабарнигории “Озодагон” , аммо дертар бинобар вуҷуд доштани кадрҳои даҳшатнок аз Ютуб ҳазф шуд. Аммо дар бораи он осори шиканҷа аз нақли модару хоҳари ӯ ба Иззатулло Шарифзода метавон маълумот гирифт.

Дар ин навор Иззатулло Шарифзода (он вақт ҳанӯз Шарипов) мегӯяд Ҳамзаро касе барқасдона накуштааст. Модари Ҳамза мегӯяд, ки наход бо утюг сӯзонад? Зорро ба духтур муроҷиъат мекунад, ки “гап зан, чӣ ҳодиса шудаст”. Духтур мегӯяд ба бадани Ҳамза бакалашка гузоштаанд, аммо хоҳари Ҳамза сухани ӯро мебурад ва мегӯяд “наход бакалашка секунҷа бошад”.

Куштор дар конслагерҳои Зорро 

Куштор дар зиндон як амри маъмулист.  Абдукарим Зоиров мегӯяд дар зиндонҳо ягон қонуне нест, ки сари роҳи кушторҳоро гирад. “Мисол ман ҳамин қадар сол онҷо шиштам, бисёр одамон дар ҳамонҷо мурданд, ягон кас сари роҳи инҳоро нагирифт. Зада куштандашон, ягон кас аз рӯи инҳо ҳам шикоят накард.”   

Куштор танҳо ба хотири дидгоҳҳои сиёсӣ, мухолифат ба зулми Зоррову коргаронаш нест. Метавонанд ҳатто барои саркашӣ кардан аз кор маҳбусро ба қатл расонанд. Ба гуфтаи Абдукарим, ӯро ба зиндони рақами 6 мебаранд ва онҷо як нафар беморро ба кор маҷбур мекунанд. Вақте ӯ гуфт, ки кор крада наметавонад, аввал дашномҳои қабеҳ мекунанд, сипас бо оҳане ба пояш мезананд, ки маҷрӯҳ мешавад ва ба беморхонаи зиндон мебаранд. Табиби зиндон чанд бор мегӯяд, ки бемор бояд ба берун бурда шавад, чун хунаш сироят ёфтааст ва мемирад. Аммо сардори зиндон мегӯяд “бигзор мирад, бинанд ки касе кор намекунад ҳолаш ҳамин аст”.  

“Ба Иззатулло Шарипов, сардори САҶ низ муроҷиат карданд, ӯ ҳам гуфт бигзор бимирад” — қисса мекунад Зоиров.

Барои он ки овозаи қатл паҳн нашавад, маъмурини зиндон наздикони маҳбусони кушташудаҳоро таҳдид мекунанд, то аз ҳодиса ба касе шикоят накунанд. Зоиров мегӯяд бо модари як нафари кушташуда сӯҳбат кардааст ва ӯ гуфтааст, ки ба мо гуфтанд ариза навис, ки мо даъво надорем, баъд фарзандатро медиҳем. “Гирифтем, дидем, ҳо бачама ҳама ҷош задагӣ шикастагӣ буд. Ҳатто медонем, ки бачама Мухторов Ҷамол куштааст” — мегӯяд ин модар.  

Бо вуҷуди таҳдидҳои Зоррову коргаронаш, шиканҷа марги маҳбусон гоҳе ба расонаҳо роҳ меёбанд. То ҳол шиканҷа қатли чандин нафар дар расонаҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ инъикос ёфтаанд, аз ҷумла:

Баҳромиддин Шодиев

Баҳромиддин Шодиев

Ҳамза Икромзода

Сафарали Сангов

Сафарали Сангов

Умедҷон Тоҷиев

Умедҷон Тоҷиев

Қурбон Маннонов

Дилшодбек  Муродов

Шамсиддин Зайдуллоев

Қосимҷон Расулов

ва ғайра.

Аммо барои ин ҷиноёт касе аз масъулини зиндон ҷазо нагирифтааст. Баръакс онҳоеро гунаҳкор баровардаанд, ки хостаанд аз ҷиноят ё марги инсон пешгирӣ кунанд. Тибқи нақли Абдукарим Зоиров барои марги ҳамон зиндоние, ки бар асари бо оҳан ба пояш задан ҷон додааст, духтури зиндонро гунаҳгор карда аз кор рондаанд. Он табиб дар асл ба гуфтаи Зоиров талаб кардааст бемор ба берун интиқол дода шавад.

Ин система аксари кормандони зиндонҳоро  сар аз посбони оддӣ то табиби зиндон шарики ҷиноятҳои Зорро кардааст ва бо ҳар роҳе аз ӯ ҳимоя мекунанд. Дар навори вохӯрии Зорро бо наздикони Ҳамза Икромзода табиби зиндон ҳарфҳои Шарифзодаро тасдиқ мекунад ва мегӯяд Ҳамза шиканҷа нашудааст.

 Зорро ҳамеша аз об хушк мебарояд

Бо вуҷуди ҷиноятҳои систематикӣ ва ваҳшонияте, ки дар зиндонҳо роҳандозӣ кардааст, Зорро ҳамеша аз об хушк мебарояд. Ӯ 12 сол Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияро сардорӣ кард, даҳҳо ҷинояташ тавассути мардум ва расонаҳо ифшо шуд, аммо боре ҳам ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.

Зорроро аз афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд. То куштори беш аз 50 нафар дар зиндони Хуҷанд, ӯ метавонист бидуни номнависии пешакӣ ба қабули раисҷумҳури Тоҷикистон ворид шавад. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём аз Иззатулло Шарифзода ду духтари раисҷумҳур — Озода ва Таҳмина ҳимоят мекунанд. Ӯ ба Озода ҳади ақал як қаср, мошини хидматӣ ва амволи дигари гаронарзиш тӯҳфа кардааст. Ва чанд хароҷоти доимии Озодаро ба дӯш дорад.

Гоҳе барои Зорро мушкилоти пешбининашуда пеш меоянд. Мисли қазияи Ҳамза Икромзода, ки наздиконаш на пул ва на таҳдидҳои ӯро ба инобат нагирифтанд.

Зорро мушкилашро ё бо зар ё бо зӯрӣ ҳал мекунад. Ӯ аввал ба даъвогарон пул пешниҳод мекунад.

Дар як наворе, ки хабаргузории “Озодагон” пахш карда буд, бародари Ҳамза Икромзода мегӯяд дар аввали қазия ба онҳо пул пешниҳод кардаанд, то хомӯш бошанд. “Гуфтанд ҳар нархе ба даҳонатон омад гап занед” — мегӯяд ӯ.

Аммо вақте ҷабрдидагон розӣ намешаванд, кормандони Зорро, алайҳашон усули дӯстдоштаи ӯ — шиканҷаро истифода мекунад. Бародари Ҳамза мегӯяд, дар аввал оиди қатли Ҳамза 80 шоҳид доштанд, ки дар натиҷаи шиканҷа ҳамаашон аз баёноташон даст кашиданд ва танҳо 5 нафар монданд.  

Ба гуфтаи ӯ 27 нафари шоҳидонро Зорро бо зиндонҳои Хуҷанд интиқол медиҳад додааст.

Зорро қудрати таъсир ба Додситонии куллро ҳам дорад. Бародари Ҳамза мегӯяд муфаттиш дар аввал эътироф кардааст, ки хулосаи ташхис 80 дарсад ба нафъи онҳост. Аммо баъди чанд рӯз аз қавлаш гаштааст ва ҳатто ба зангҳои телефонии онҳо ҷавоб надодааст. Зорро на танҳо онҳое, ки алайҳаш қиём мекунанд, ҳатто шоҳидонро ҷазо медиҳад, то дигар касе ҷуръат накунад алайҳаш шаҳодат диҳад. Аз ҷумла ду шоҳиди марги Ҳамза Икромзода — Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки алайҳи кормандони зиндон, аз ҷумла Тоштемиров ва худи Зорро шаҳодат дода буданд ба зиндони Хуҷанд интиқол ва шадидан шиканҷа шуданд.  

Баъди 16 рӯзи қатли ом дар зиндони Хуҷанд ва сарусадо пайдо кардани он дар расонаҳои хориҷӣ, Иззатулло Шарифзода, мулаққаб ба Зорро аз вазифааш барканор шуд. Манобеъи Паём аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳаш хабар доданд, вале ӯ ҳанӯз дар озодист. Имкон дорад бинобар ҳимояти хонаводаи раисҷумҳур ин ҷинояткор ин дафъа ҳам аз об хушк барояд.

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *