Рубрики Хабарҳо

Тарҷумаи ҳоли аз худаш ҳам аҷибтари Бег Сабур дар сойти Хадамоти алоқа

Дар сойти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷумаи ҳоли Бег Сабур, сардори ин хадамот нашр шудааст, ки аз худи Бег Сабур ҳам аҷибтар аст. Ин “шедевр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғулғулае барангехтааст.

Сойти Хадамот бо ду забон нашр шуда, агар номгузориаш намебуд, дилхоҳ воридшуда фикр мекард, ки сойти ҳукумати Тоҷикистон аст. Вале ҳоло мавзӯъи баҳс тарҷумаи ҳоли сардори Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ мебошад. Бо забони тоҷикӣ он аҷобате надорад ва як тарҷумаи ҳоли муқаррарист.

Аммо “тарҷумаи” русии он, ки зоҳиран тавассути гугл тарҷумонӣ сипас бидуни тафтиш копи-паст шудааст, як ҳуҷҷати байналмиллалӣ мебошад. Баъди нашри акси он аз тарафи рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев Хадамоти алоқа бахши русии тарҷумаи ҳоли Сабуриро ҳазф кардааст, вале ин акс-шедевр дигар сабти таърих шуд.

Ҳеҷ шарҳе наметавонад дархӯри ин «шедевр» бошад, бинобар ин хонанда метавонад онро бидуни шарҳ бихонад. Инак акси тарҷумаи ҳоли Бег Сабурӣ бо забони русӣ:

Барои хониши беруназсинфӣ тарҷумаи Бегро бо забони тоҷикӣ ҳам меоварем:

Бег  Сабур

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Бег Сабур 1 октябри соли 1962 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, номзади илм, соли 1983 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори фанни физика ва астрономия хатм кардааст.

Соли 1988 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Москваро ба итмом мерасонад.

Соли 2002 ба Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2004 факултаи давлатӣ ва мунисипиалӣ-идоракуниро бо ихтисоси мененҷери идоракунии давлатӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 аз Омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд Омузгор, аспиранти Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Москва, ҳамчунин Раиси ҷамъияти тоҷикони «Осмон» дар шаҳри Москва ва баъдтар ба ҳайси Раиси тоҷикони Федератсияи Россия интихоб гардид.

Солҳои 2000-2005 дар мансаби Директори генералии Ширкати саҳҳомии «Восеъ», ҳамзамон Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ташкили иттиҳодияи тоҷикони Россияи шаҳри Москва кор кардааст.

Аз солҳои 2005-2006 Муовини Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини аввали онро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 2006-2011 Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо медали ҷашни «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011 то ҳол дар мансаби  Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида фаъолият менамояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *