Рубрики Хабарҳо

Эътирози тоҷикон ба назди Бундестаг кӯчид

Таҷаммӯъи эътирозии фаъолони сиёсӣ ва мухолифини тоҷик алайҳи ҳузури Эмомалӣ Раҳмон Аврупо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷаи Олмон шурӯъ шуда буд, ба назди Бундестаг — парлумони ин кишвар кӯчид. Бо пайвастани гурӯҳе аз бадахшиёни муқими Аврупо, шумори тазоҳургарон ба беш аз 150 нафар расид.

Дар тазоҳуроти назди Бундестаг то ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, Салим Султонзода, намояндаи Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ПМТ ва ду нафар аз фаъолони олмонӣ суханронӣ карданд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт дар эътирози имрӯза намояндагони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шурӯъ аз Суғду Хатлон то Рашту Бадахшон ширкат карданд ва ин рӯйдоде аст ки «метавон ба он мардуми кишварро табрик гуфт». Ӯ таъкид кард тоҷикон бояд талаб кардани ҳақи худ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла худи Тоҷикистонро биёмӯзанд.

Салим Султонзода дар суханрониаш таъкид кард ҳар кадом аз ҳузурдоштагон дар ин эътироз чанд гаравгон дар дасти режими Раҳмон дорад, ки ҳатман баъди ин эътироз зери фишор қарор хошанд гирифт, «аммо мо аз диктатор наметарсем ва то охир муборизамонро идома медиҳем. Ӯ таъкид кард, ки модараш дар Тоҷикистон дар натиҷаи фишору таъқибҳои режим ҷони худро аз даст додааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов баёнияи ширкаткунандагони тазоҳуротро бо забони немисӣ қироат кард.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ гуфт тазоҳуркунандагон бо шунидани хабари сафари Раҳмон ба Аврупо, аз ҷумла Олмон аз чанд кишвари Аврупо дар Олмон ҷамъ шуданд, то садои эътирози худро ба ширкти диктатор дар кишварҳо озод расонанд. Ба гуфтаи ӯ сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон лағв шудааст.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *