Гуё ҳамин дирӯз буд, ки омад-омади моҳи Рамазонро ба ҳамдигар мужда медодему барояш омодагӣ мегирифтем, имрӯз бошад, Рамазон бо рӯзҳои вопасини худ кам-кам дорад бо мо худоҳофизӣ мекунад.
Онҳое, ки қадри ин рӯзҳои бошумори моҳи раҳматро донистанд, дар ҳақиқат бурд карданд ва онҳое, ки ин рӯзҳои беназири солро қадрдонӣ накарданд, зиён диданд ва касоне ҳам ҳастанд, ки барои аз даст додани рӯзҳои гузаштаи Рамазон ва ғанимат надонистани фурсати тоату ибодат ангушти ҳасрату надомат мегазанд.
Ҳоло бошад, дар ин мақолаи кутоҳ мехоҳам ба шумоён мужда диҳам, ки ҳанӯз на ҳама фурсатҳо аз даст рафтаанд. Даҳаи охири Рамазон дар дами дарвозаи мост ва ҳанӯз ҳам барои ибодатҳои накардаамон, дуоҳои нагуфтаамон ва розҳои ба Парвардигор иброз накардаамон фурсат дорем.
Пас, биёед бубинем, ки пешвоямон Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ин даҳаи охирро чи гуна сипарӣ мекарданд, то ки мо низ аз он бузургвор пайравӣ кунем ва фурсатҳои аз даст додаи худро дар ин рӯзҳои вопасин дубора ба даст оварем.
Ҳазрати Оиша модарамон разияллоҳу анҳо мугӯянд:
«كان رسول الله صلى الله عليه وسلم يجتهد في العشر الأواخر ما لا يجتهد في غيره» «رواه مسلم»
Паёмбар салаллоҳу алайхи ва саллам дар даҳаи охири Рамазон чунон бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекарданд, ки дар дигар рӯзҳо ин гуна бо ҷидду ҷаҳд ибодат намекарданд. (Саҳеҳи Муслим)
Албатта, Паёмбар дар ғайри Рамазон низ ҳамеша пойбанди ибодат буданд. Бо фарорасии Рамазон ибодаташон меафзӯд, дар даҳаи охири Рамазон бошад, тарзе ибодат мекарданд, ки бештар аз ибодати тамоми сол буд. Тамоми шабҳои охири Рамазонро бо ибодат шабзиндадорӣ мекарданд ва ҳатто аҳли хонаводаи худро амр мекарданд, ки бедор шаванд ва шабҳои даҳаи охирро бо ибодат сипарӣ кунанд.
Дар ҳадиси дигар ҳазрати Оиша мегӯянд:
«كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا دخل العشر أحيا الليل وأيقظ أهله وجد وشد المئزر». متفق عليه.
Ҳар гоҳе, ки даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам шабҳоро бо ибодат зинда медоштанд, аҳли хонаводаи худро барои ибодат бедор мекарданд ва ҳатто дар ин даҳ рӯзи охир худро аз ҷимоъ кардан (ҳамхобагӣ бо ҳамсар) дур нигоҳ медоштанд. (Муттафақун алайҳ)
Паёмбар на танҳо ҳамсарони худ, балки духтару домоди худ Али ва Фотимаро низ дар ин шабҳо бедор мекарданд. “ Магар шумо намоз намехонед бедор шавед” гӯён духтараки худро бедор мекарданд.
Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёди Паёмбар ба даҳаи охир нишогари он аст, ки ин шабҳо дорои фазилатҳоест, ки ҳаргиз дар шабҳои дигари сол вуҷуд надорад. Амалҳое, ки дар ин шабҳои бошумор карда мешавад, дар назди Аллоҳ аҷру подошеро дорост, ки дар замони дигар ин аҷру подошро наметавон ба даст овард. Барои ҳамин буд, ки Паёмбар ин шабҳоро комилан бо бедорхобӣ ва тоъату ибодат сипарӣ мекарданд.
Намозҳои бо хушӯъ, тиловати Қурон, зикри Парвардигор, тасбеҳу истиғфор ва дуову розу ниёз бо Холиқ инҳо ҳама ибодат ҳастанд. Паёмбар дар шабҳои охири Рамазон то дамидани субҳ ибодат мекарданд ва пайвандони худро низ амр мекарданд, то қадри ин шабҳоро бидонанд шабҳое, ки хеле зуд мегузаранд, вале амалҳои ин шабҳо дар номаи аъмоли бандагон то абад боқӣ мемонад ва баракати дуоҳои дар ин шабҳо гуфташуда кулли зиндагии инсонро метавонад тағйир диҳад.
Яке аз фазилати бузурги ин шабҳо дар он аст, ки шаби Қадр дар дохили ин шабҳои охир аст. Алалхусус дар шабҳои тоқааш. Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки Паёмбар алайҳи салом мегӯянд:
عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ قَالَ عُمَرُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَنْ كَانَ مِنْكُمْ مُلْتَمِسًا لَيْلَةَ الْقَدْرِ فَلْيَلْتَمِسْهَا فِي الْعَشْرِ الأَوَاخِرِ وِتْرًا
Ҳар касе, ки аз шумо мехоҳад шаби қадрро дарёбад, дар шабҳои тоқаи даҳаи охирон ҷӯстуҷӯ кунад. ( Муснади Аҳмад)
Шаби қадре, ки амалҳои солеҳи он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст, дар яке аз шабҳои тоқаи даҳаи охири Рамазон пинҳон аст, бояд барои даёфти ин шаби бузург ҳар як мусалмон кушиш кунад.
Аҷибаш он аст, ки Паёмбари Аллоҳ бо вуҷуди он, ки фиристодаи Аллоҳ буданд ва гуноҳҳояшон бахшида шудаву худашон ба Ҷаннат башорат шуда, ин шабҳоро то субҳ бо ибодат мегузарониданд. Илова бар ин Паёмбар як инсони оддӣ набуданд, сарвари қавм, қозии мусалмонон, сарлашкари ислом ва албатта халифаи замони худ буданд. Бо ин ҳама серкорӣ, ин шабҳоро зинда медоштанду ҳаргиз аз фазилату баракати ин шабҳо бебаҳра намемонданд. Аҳли байти Паёмбар низ ба шафоъати Паёмбар такя накарда, ин шабҳоро ҳатто пас аз вафоти Паёмбар низ бо тоъату ибодат сипарӣ мекарданд.
Имрӯз ҳоли моро бубин, ҳатто нафароне, ки комилан бекор ҳастанд, тавфиқи бедорхобии ин шабҳоро надоранд. Нафарони зиёди дигаре ҳам ҳастанд, ки ба ҷойи ин шабҳоро бо хилвату ҳамрозӣ бо Аллоҳ гузаронанд, дар даст телефон бо тамошои наворҳои бемаъниву беҳадаф сипарӣ мекунанд. Иддае ҳам ҳастанд, ки кори дунёро авлотар аз шабзиндадории ин шабҳои бобаракат медонанд ва мегӯянд, шароити корамон иҷозат намедиҳад, ки ин шабҳоро бо ибодат гузаронем.
Кош ҳар сол барои худ ҳадаф мегузоштем, ки ҳар чи бодо бод, даҳаи охирони Рамазонро ман танҳо барои ибодат махсус мекунам ва дар як сол фақат ҳамин даҳ рӯз бошад ҳам ба ҷуз ибодати Аллох ба чизи дигаре машғул нахоҳам шуд, ана он вақт ваъдаи Аллоҳ муҳаққақ мегашт ва Аллоҳ аз ҷойҳое, ки банда ҳатто тасаввурашро надорад ризқу фаровониро насиб мегардонид.
Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا * وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ {الطلاق:2-3}
«Ҳар касе, ки тақворо пеша кунад Аллоҳ барои ӯ кушоиш медиҳад ва аз ҷойе, ки ҳатто тасаввур намекард ризқ медиҳад ва ҳар касе, ки ба Аллоҳ таваккал кард Аллоҳ ӯро басанда аст тамоми корҳои ӯро Худаш ба уҳда мегирад.» (Сураи Талоқ ояти 1 ва 2)
Оре, замоне, инсон ба қудрати Аллоҳ сад дар сад яқин кард ва такя ба худи Холиқаш намуду ибодатро болотар аз умури дунё қарор дод, бидуни шак нусрату баракати Парвардигор ӯро фаро мегирад. Ин буд сирри он ҳама фатҳу пешравии мусалмонони пештара, асҳоби Паёмбару бузургони пас аз онҳобуда. Ҳамеша силоҳи аслияшон, қуввату захираашон ибодатҳои бериёву дуоҳои нисфаи шаб буд ва субҳи фардо бо баракати аъмолашон ба мартабаҳое ноил мегаштанд, ки дигарон аз комёбии онҳо ба ҳайрат меафтоданд.
Имрӯз ба ҳоли мо бингар, ҳатто даруни хонаи худ беқарору нобасомонем, дар назди заъифтарин душман беқудрату нотавонем, оддитарин мушкилӣ моро шикаста пора месозад, на барои он, ки заъифу нотавон моро сохтанд, балки аз он, ки руҳияи мо хароб аст, худро аз ғазои маънавӣ маҳрум ва аз ибодатҳои холисона бенасиб кардаем. Равони мо аз телефону интернет ғазо мегирад, ҷисми моро ба ҷойи ибодат тамошои наворҳои бемаъно хаста мекунад. Мӯниси шабҳои торамон бошад, сӯхбатҳои олами маҷозӣ аст, ки ба ҷуз ҳасрату надомат ҳеҷ суде аз он набардоштем.
Пас, биё бо ҳам тасмим гирем, ки ин шабҳои вопасини пур аз файзу раҳмати Парвардигорро бо тоъату ибодати холисона ва розу хилват бо Парвардигор сипарӣ кунем, бо умеди он, ки раҳмату ризои Аллоҳ, иззату сарбаландӣ ва саодати дорайн насибамон гардад.
Муслима Аҳмадӣ