Рубрики Хабарҳо

Хоб ва хоббинӣ

Абӯалӣ Ибни Сино дар китоби Қонуни тиб, ҷузъи чорум, мавзӯи маърифатнома чунин  менависад: “Инсон дар вақти хоббинӣ ҷузъиёти ояндаро дарк мекунад” Бисёри олимон нодиртарин кашфиётҳояшонро дар хобашон дидаанд. 

Қариб 25 соли умрамонро мо дар хоб мегузаронем. Аммо лаҳзаҳои хоб диданамонро ҳисоб кунем, ҳамагӣ 6 сол мешавад. Маълум, ки чоряки ҳолати хобамон бо хоббинӣ мегузаштааст. 

Боз аҷибаш ин ки на ҳама хоби дидаамонро дар хотир гирифта мехезем. Бисёри хобҳои дидаамон бо баъзе ҷузъиётҳои дигар дар олами воқеӣ мувофиқа мекунанд. Махсус одамоне ҳастанд,ки қариб ҳамаи хобҳояшон таъбир дорад. Боз махсус одамоне ҳастанд, ки таъбиршинос ҳам мешаванд. Масалан барои Юсуф паёмбар (Худо розӣ бошад) ин истеъдод башорати Илоҳӣ буд. 

Талаботи организми мо ба хобравӣ вобаста ба синну соласт. Масалан кӯдакони навзод ҳамаги як-ду соат бедоранд. Баъдан то синни мактабӣ бояд 10-11 соат хобанд. Наврасон ҳам 9-10 соат, ҷавонон 7-8 соат ва пиронсолон 5-6 соат бояд хобанд.  

Махсус одамони дар таърих машҳуре буданд, ки хеле кам мехуфтанд. Томас Эдисон, Леонардо До Винчи, Франклин, Тесла, Черчилл ва бархе дигарон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 3-4 соат мехобиданд. 

Албатта кам хобидан ин беҳуда нагузаронидани умр ҳам ҳаст, аммо на ҳама вақт бар нафъи организм мебошад. Одам метавонад ҳамаги як-ду шабонарӯз бе хоб зиндагӣ кунад, аммо сарбози Австрияги Паул Керн ба сараш зарбае шадид хӯрда,дигар тамоман хобашро гум карда буд. Духтурони беҳтарини венгерӣ ин сарбозро муоина карданд, то табобат кунанд, аммо кӯшишҳояшон бетатиҷа монд ва хоби сарбоз барқарор нашуд. Баъди бемории бехобӣ ҳам Паулрасо 40 сол умр дид, аммо ягон бор ҳам нахобид.  

Агар дар як шабонарӯз лоақал 5-6 соат нахобед,торафт гӯшҳо вазнин, чашмҳо хира ва асабоният эҳсос мекунед. Камхобӣ ҳам барои одам вазни зиёдатӣ пайдо мекунонад.  

Ҷанини батни модар аз ҳафтаи 28-ум аллакай хоб мебинад. 

Хобҳои бароҳаттарин дар соатҳои 10-11-12 -и шабона ҳисобида мешаванд, агарчӣ мо гумон мекунем, ки хоби саҳарӣ ширин аст. Олимон муайян кардаанд, ки маҳз дар аввали шаб организми инсон хеле хуб истироҳат мекунад. Дар хотир доред, ки камхобӣ хотираро заиф мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *