Эълони тазоҳурот аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мақомоти Тоҷикистонро ваҳшатзада кардааст. Даҳҳо вокуниши мақомот сар аз таҳлили таҳлилгарони қаблан ношинос то таҳдиди барпо кардани ошӯбу аланга назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон садо доданд.
3-юми декабр Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон кард як ҳафта пас, яъне 10 декабр дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар Берлин, пойтахти Олмон тазоҳурот барпо хоҳад кард. Гирдиҳамоӣ, тибқи эълони Кумита, бо талаби озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров, ки Созмони милали муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон озодкунии онҳоро талаб кардааст, баргузор хоҳад шуд. КШКГЗСТ ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақами 3/3 Хуҷандро нашр кунад
Билофосила аз тарафи фаъолони “фабрикаи ҷавоб” маъракаи бесобиқаи сиёҳсозии масъулини Кумита ва гурӯҳҳо мухолиф оғоз шуд. Давоми ду-се соат баъди нашри эълони КШКГЗСТ чанд “таҳлил” аз номи “таҳлилгарон”-е, ки қаблан номашон дар ҳеҷ куҷое дида нашуда, нашр шуд.
“Баҳодур Саидов”, яке аз он “таҳлилгар”-ҳост, ки зоҳиран на саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад ва на минбари дигаре, ки “таҳлил”-ашро “Лейла Азизӣ” як фаъоли “Фабрикаи ҷавоб” нашр кардааст. Ин “таҳлилгар” худро муқими шаҳри Берлин муаррифӣ кардааст ва аз тоҷикони муқими Аврупо даъват намудааст дар тазоҳуроти мухолифин ширкат накунанд.
“Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд” — навиштааст “Баҳодур Саидов”.
Нашрияи ба ҳукумат наздики “Фараж” “муроҷиат”-и модари Ҳусейн Абдусаломов, муттаҳами ягонаи зиндамонда дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара — Гулчеҳра Шодмонова ба сафоратхонаҳои Олмон ва Иттиҳодияи Аврупоро нашр кардааст.
Шодмонова аз ин сафоратхонаҳо талаб кардааст ба тазоҳурот дар назди саофрати Тоҷикистон дар Берлин иҷоза надиҳанд ва онҳоро таҳдид кардааст:
“Дар сурати сар задани тазоҳурот дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом пеш гирифтаем, ки дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон ва Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунон ошӯб ва аланга ба амал орем, ки таърих онро ёд надорад!!! Бигузор ҷаҳон кишвари Олмонро ҳамчун пуштибони экстремистон ва террористон бишносад!!!”
Қабл аз оғози нишасти САҲА ҳам Гулчеҳра Шодмонова таҳдид карда буд агар Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба он нишаст даъват шавад, худашро назди намояндагии САҲА оташ хоҳад зад. Баъдан наворе пахш шуд, ки Шодмонова аввал ба назди дурбине мусоҳиба медиҳад, сипас онтарафтар рафта моееро ба сараш мерезад. Дарҳол ду пулис наздаш ҳозир мешаванд ва ӯро дастгир мекунанд. Баъдан сомонаи “Ислоҳ” бо такя ба манбаъаш навишт, ки Шодмонова дар идораи пулис чанд бор ин нақшашаро тамрин кардааст.
Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони КШКГЗСТ дар посух ба суоли Паём мабнӣ бар ин ки чаро ҳукумат дар посух ба тазоҳурот аз фейкҳо ва расонаҳои бо ном озод истифода мекунад гуфт, ки «ҷаҳон аз ҷиноятҳои режим оиди шиканҷаву куштори мухолифин огоҳ аст ва тавассути расонаҳои расмӣ посух гуфтан ба тазоҳурот бештар шармандатар кардани худаш мешавад».
“Барои ҳамин намехоҳад тавассути афроди расмӣ ба он аксуламал нишон бидиҳад. Ҳарфашро тавассути фейкҳо ва баъзе расонаҳо мезанад. Режим аз тазоҳурот сахт метарсад, дар ҳар тазоҳуроте мешавад ва шуданӣ ҳаст курсиро дар хатар мебинад” — гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, ҳарчанд ҳукумат ҳарфашро тавассути фейкҳо мезанад, аммо он аз тарафи кумита чун посухи расмӣ пазируфта хоҳад шуд.