Рубрики Хабарҳо

Вашингтон Пост: Трамп Аврупоро дар заминаи Барҷом таҳдид кард

Ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон Пост”, раисҷумҳури Амрико аврупоиҳоро пеш аз оғози механизми ҳали ихтилоф дар Барҷом таҳдид ба афзоиши таърифаи воридоти худрав кардааст. 

Як мақоми баландпояи аврупоӣ дар ин замина гуфтааст: Трамп паёми таҳдидомези худро на аз тариқи сафоратхонаи худ, балки ба сурати мустақим ба мақомоти Лондон, Париж ва Берлин иблоғ кардааст 

Яке дигар аз масъулини аврупоӣ низ дар ин замина тасреҳ кардааст: “Нахостем заиф дида шавем. Бинобар ин таҳдиди Доналд Трампро пинҳон кардем.” 

Аз сӯи дигар, як мақоми аршади амрикоӣ низ эълом кард, ки се кишвари мазкур ҳафтаҳо пеш аз таҳдиди Трамп, қасди фаъолсозии механизми ҳали ихтилофот дар Барҷомро доштаанд. 

Гуфтанист Олмон, Фаронса ва Англия 14 январи ҷорӣ механизми ҳали ихтилофи Барҷом ба далели адами пойбандии Эрон ба ин тавофуқро фаъол карданд. Бар асоси ин механизм барои ҳали ҳар мушкилӣ, ду ҳафта ба вузарои марбута фурсат медиҳад аммо агар ҳамаи тарафҳо тавофуқ кунанд, ин давра қобил тамдид аст. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар таърихи 8 майи соли 2018 аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва гурӯҳи 5+1 – “Барҷом” хориҷ шуд ва таҳрим алайҳи ин кишварро муҷаддадан вазъ кард. 

Эрон ҳамзамон бо солгарди хурӯҷи Амрико аз Барҷом дар 8 майи соли 2019 тааҳҳудоти Барҷоми худро бо унвони гоми аввал коҳиш дод ва ба Аврупо 60 рӯз фурсат дод то тааҳҳудоти худ дар Барҷомро амалӣ кунад. 

Пас аз 60 рӯз Эрон гоми дувумро иҷроӣ кард. Давлати Эрон дар гоми панҷуми коҳиши тааҳҳудоти Барҷом “маҳдудият дар теъдоди сентрифужҳо”- ро канор мегузорад. 

Олмон, Англия ва Фаронса низ дар 31 январи 2019 аз роҳандозии созукор “Инстакс” барои ҳифзи музояди иқтисодии Эрон аз Барҷом хабар доданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *