Categories Хабарҳо

Фаъолшавии мухолифин ҷанги иттилоъотиро хашинтар кардааст

Эълони тазоҳуроти тоҷикон дар пойтахти Олмон мавқеъгирии фабрикаи ҷавоб алайҳи мқхолифинро тундтар карда, то марзи таҳқирҳои шахсиву хонаводагӣ кашидааст. Ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси фейкҳои фабрикаи ҷавоб ва фейкҳои тарафдори мухолифин бо таҳқиру дашном идома дорад.

Нуқтаи кулминатсионии ин баҳсҳо як навиштаи фаъоли собиқи мухолиф буд, ки ба ҷониби ҳукумат гузаштааст. Ӯ чанде аз мухолифинро бо зикри аъзои хонаводаи онҳо таҳқиру дашном кард, ки боис шуд фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳатто расонаҳо ба ин баҳс ворид шаванд.

Сойти “Ахбор” ин навиштаро “ниҳояти ҳамоқати муборизаҳои сиёсӣ байни тарафдорон ва мухолифони ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон” “ниҳояти уфти яке аз тарафҳо дар вартаи беадабӣ” номида гуфтааст “вақт аст, ки барои ҳарду тараф бонги изтиробро баланд кунем, ки набояд дар авҷу гармогармии муборизаҳои сиёсӣ ҳайсияту адаб ва ахлоқи инсониро гум кард, набояд фарҳанги тоҷикро аз даст дод”.

Ба ин навиштаи собиқ мухолиф ва алъон ҳукуматӣ чанде аз тарафдорони мухолифин низ бо ҳамон лаҳн посух гуфтаанд. Аксари посухгуфтагон фейк ҳастанд ва муайян кардани ин ки ин саҳифаҳо ба кӣ ва тарафдорони кадом ҳаракат таъаллуқ дорад тақрибан ғайриимкон аст. Аммо посухи онҳо ба муаллифи дашному таҳқирҳои қабеҳ боис шудааст фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳарду тарафро ба қабеҳгӯӣ муттаҳам кунанд.

Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд ба аъзои ин ҳизб на танҳо таҳқиру дашном, балки вории баҳсҳои беҳуда шудан бо фейкҳои фабрикаи ҷавоб ва ҳатто баъзе аз мухолифин, ки ба раҳбарони ин ҳизб метозанд манъ шудааст.

“На танҳо ҳукумат, ҳатто баъзе аз мухолифин низ қисме аз фейкҳоро, ки алайҳи ҳукумат баромад мекунанд, ба мо нисбат медиҳанд. Аммо ягон нафари онҳоро намешиносем. Мухолиф будани нафаре ба ҳукумат ба ин маънӣ нест, ки ӯ ҳатман узви ҲНИТ бошад. Ҳазорҳо нафар ҷавонони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки мухолифи сиёсатҳои ҳукуматанд, вале на наҳзатиянд ва на узви гурӯҳи кадом гурӯҳи мухолифе. Онҳо аз тарси дар пайгард қарор гирифтан бо номҳои фейкӣ баромад мекунанд. Нисбат додани онҳо ба ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф дуруст нест” — гуфт Қаюмзод.

Ӯ мегӯяд Наҳзат ҳар интиқодеро, ки бидуни тӯҳмату дашном ва созанда бошад мепазирад ва ҳамеша ба интиқодгарон эҳтиром гузоштааст. “Ва агар интиқод манфӣ ҳам буду мо қабул надорем, ҳамеша ба андешаи интиқодгар эҳтиром гузоштаем. Агар мо гуфтание ба тарафи дигар дорем мекӯшем онро дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ матраҳ кунем, на дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо номҳои мустаъор” — тасреҳ кард сухангӯи ҲНИТ.  

Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози ҷунбиши “Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” мегӯяд мақомот аз фаъолиятҳои ахири мухолифин бисёр ошуфта шудаанд ва нафарони зиёдеро дар “фабрикаи ҷавоб” истихдом кардаанд.

“Таҳқиру дашном ва бадзабонӣ на танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки дар аксари утоқҳои мансабдорон як амри маъмулӣ аст. Далели ин чандин мавридҳои расонаишуда сар аз раиси ноҳияи Восеъ то худи раисҷумҳур аст. Бинобар ин аз таҳқиру дашномҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ набояд таъаҷҷуб кард” — гуфт Гадоев.

Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ва ҷонишини раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд таҳқиру дашном дар шабакаҳои маҷозии тоҷикзабон аз кайҳо боз роиҷ буд ва кам касон ё гурӯҳҳое аз он худдорӣ кардаанд.

“Ҳатто зиёиёни мо нисбати таҳқиргари ашадитарини тоҷик дар шабакаҳои маҷозӣ, ки кам касоне ҳастанд, ки мавриди таҳқиру тавҳинаш қарор нагирифта бошанд, ҳимояти ошкор мекунанд ва онро танқид эътироф мекунанд, ки танҳо аз ҳадди эътидол гузаштааст ва ҳатто ҳақ ҳам барояш барои таҳқир медиҳанд. Нисбати он аксарияти камсавод, ки аз тарафи мақомот санксия барои таҳқиру тавҳин гирифтаанд, ҳоҷати гап ҳам нест. Албатта дар вокуниш ба чунин таҳқир тарафи муқобил ҳам бисёр мавридҳо мутаносибан посух медиҳад, ки аслан қобили дастгирӣ нест. Албата дар байн чӣ аъзои АОТ ва чӣ аъзои ПМТ барои чунин афрод чой нест ва хатто мо дар бисёр мавридхо маводи дӯстонро ки дар нақди амалҳои мақомот аз ҳад дағал навиштанӣ мешаванд, талқин мекунем, ки шеваро каме мулоимтар кунад. Боз такрор мекунам, ки бале, ҳастанд дар тарафи мунақидони ҳукумат фейкҳое, ки дар вокуниш ба таҳқири он тараф посух медиҳанд” — гуфт Шерзамонов.

Гирдиҳамоие, ки бо ташаббуси КШНГЗС роҳандозӣ шудааст соатҳои наздик дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар Берлин оғоз мешавад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *