Тазоҳуроти эълоншуда аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ одар Берлин, пойтахти Олмон, рӯбарӯи сафоратхонаи Тоҷикистон оғоз шуд.
Шарофиддин Гадоев, ки барандагии ин гирдиҳамоиро ба дӯш дорад, аз кормандони сафорат хост ба назди мардум баромада ба ҳарфи онҳо гӯш кунанд.
Ӯ гуфт сафир хидматгори мардум аст, на оилаи Эмомалӣ Раҳмон.
Баъди суханронии кушоишӣ ӯ суханро ба Абдусаттор Бобоев, раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дод.
Абдусаттор Бобоев зимни суханрониаш аз мақомоти Тоҷикистон хост тамоми зиндониёни сиёсиро озод кунад. Ӯ гуфт КШНЗГС то озодии охирин маҳбуси сиёсӣ мубориза хоҳад кард.
Баъди Бобоев Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ба сухан баромад. Ӯ гуфт ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ инсони муваффақеро, ки аз наздикони оилаи Эмомалӣ Раҳмон нест, зери таъқиб қарор мегирад ва зиндонӣ мешавад ё аз кишвар фирор мекунад.
Баъдан сухан ба Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари вакили дифоъи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров дода шуд. Ӯ, ки худаш барои фаъолиятҳои касбиаш чанд моҳ дар зиндони Тоҷикистон қарор дошт гуфт, озодиаш бинобар талошҳои фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ буд.
Ҷамшед, ки вакили дифоъи Муҳаммадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси ҲНИТ буд, гуфт СММ аз Тоҷикистон талаб кардааст Маҳмадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидов билофосила озод карда шавад, вале мақомоти Тоҷикистон бо вайрон крадани тамоми муқаррароти байналмиллалӣ аз озод кардани онҳо худдорӣ мекунад.
Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Шӯрои сиёсии Паймони Миллии Тоҷикистон низ ба сухан баромад ва гуфт режими Тоҷикистон мисли ҳар режими дикторуии дигар тарсу аст ва аз камтарин фаъолияти мухолифин метарсад. Ӯ ҳамчунин гуфт умри зулм кӯтоҳ аст ва иттиҳоди мухолифин ба зудӣ боиси сарнагунии режими Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд.
Дар охир баёнияи гирдиҳамомадагонро Холиди Муҳаммадсаид, узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ бо забони ангдисӣ қироат кард.
Шарофиддин Гадоев эълон кард баъди чанд лаҳза қисмати дуввуми тазоҳурот дар назди парлумони Олмон идома хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин гуфт бинобар ба назди тазоҳургарон набаромадани кормандони сафорат, баёнияро назди дари сафорат хоҳад гузошт.
Гирдиҳамомадагон баъди шиорпартоӣ ба тарафи Бундестаг — парлумони Олмон ҳаракат карданд.