Талоши Иттиҳодияи Аврупо барои ғалаба бар таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон
Федерико Могерини, намояндаи аршади Иттиҳодия Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амниять тайи изҳороте дар ҷамъи хабарнигорон пас аз нишасти шӯрои равобити хориҷии ин иттиҳодия дар брюссел аз ташкили қарибулвуқуъи як мехонизми вижаи тиҷорӣ барои ғалаба бар таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон хабар дод.
Вай дар ин замина тасреҳ кард: дар ин нишаст бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои Фаронса, Олмон ва Англия дар мавриди фаъолиятҳое барои ташкили як мехонизми вижаи тиҷорӣ бо Эрон ба манзури ғалаба бар таҳримҳо алайҳи ин кишвар табодули назар кардам. Интизор дорам ин мехонизм, ки имконе барои барқарории равобити тиҷории қонунӣ бо Эронро фароҳам хоҳад сохт, қабл аз поёни сол ҷорӣ ташкил шавад.
Могерини ҳамчунин бо ишора ба идомаи муваффақиятомези фаъолиятҳои ташкили мехонизми мазкур, афзуд: ба шакле барномарезӣ мекунем то ин мехонизм дар ихтиёри кишварҳои севвум низ қарор дошта бошад.