Соли ҷорӣ 750 тоҷикистонӣ дар 45 кишвари Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ пурсидаанд.
Тибқи омори Раёсати комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо, тоҷикистониён ба Олмон — 290 нафар, Фаронса — 45, Лаҳистон — 45, Суид (Шветсия) — 34, ИМА — 37 нафар фирор кардаанд.
Дар умум, дар панҷ соли охир 8836 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои ғарбӣ паноҳгоҳи сиёсӣ талаб намуда, 2500 нафари онҳо то ҳол соҳиби ҳуҷҷати паноҳандагӣ шудаанд. Ин ба он маънист, ки мақомоти Аврупо нақз шудани ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.
Онҳое, ки ҳуҷҷати паноҳандагӣ гирифтаанд, асосан аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Гурӯҳи 24, рӯзноманигорон, сиёсатшиносон ва ғайра ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Вазорати амнияти дохилии ИМА (U.S. Department of Homeland Security) дар 10 соли охир 15 ҳазор Тоҷикистониён тавассути алоқаи хешутаборӣ, Гринкорт ва визаҳои донишҷӯиву корӣ соҳиби иқома дар Амрико шудаанд.
Омори ВКД-и Русия ҳам нишон медиҳад, солҳои охир шумори онҳое, ки мехоҳанд шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шаванд, бо шиддат меафзояд. Бар ин навбат назди Хадамоти федеролии муҳочирати Русия барои номнависӣ ба мусоҳиба низ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр дар ду соли охир 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон Қайди зисти муваққатӣ (РВП) ва 50 ҳазори дигар шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.