9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Туркия қасд дорад соли оянда аз гардишгарон $42 млрд ба даст орад

Мақомоти Туркия қасд доранд аз вуруди гардишгарон дар соли 2019 беш аз 40 миллиард доллар даромад ба даст оранд. Соли ҷорӣ ин кишвар аз ҳисоби гардишгарон $42 млрд даромад гирифтааст.

Ҳасан Ардам, муовини раиси Иттиҳодияи ожонсҳои гардишгарии Туркия (türsab) гуфтааст ҳадафи Туркия дар соли ояндаи мелодӣ касби 42 миллиард доллар аз тариқи санъати гардишгарӣ аст.

Вай афзуд: “имсолро бо даромади 35 миллиарддолларӣ бо миёнгини 36 миллион гардишгар ба поён хоҳем расонд. Бозори гардишгарӣ имсол рекордҳои бисёре ба номи худ сабт карда ва бисёр фасли муваффақе будааст”.

Вай бо ишора ба ин ки бозори гардишгарӣ барои Туркия бисёр стратегӣ аст, гуфт: муҳимтарин ҳомии касри ҷории Туркия, бахши гардишгарӣ аст. Бояд дар соли 2019 низ ин муваффақият идома ёбад. Имсол ба таври миёнгин бо 36 миллион гардишгар ва даромади 35 миллиард доллар ба поён хоҳем расонд. Бояд даромадро ба беш аз 40 миллиард доллар бирасонем. Ҳадафи мо барои соли 2019 низ даромади 40 то 42 миллиард доллар аст. Ин низ дар касри ҷории Туркия саҳм бузурге дорад».

Туркия яке аз аслитарин кишварҳои туристӣ аст ва барои рушди он ҳамеша маблағҳои бузурге масраф мекунад.

Тоҷикистон дар як рӯйхат бо ДОИШ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *