Барои ин, ба истилоҳ, порлумон «маҷлиси мурда» ному тавсифи муносибтарест то «порлумони хомӯш». Хомӯш касест, ки қалбаш метапад ва ҳар он имкон дорад садое аз ӯ дарбиёяд. Аммо мавҷуд ё кас ё ниҳоде, ки ҳеч умеде ба забонварӣ ва ҷунбиши он нест, мурда ном дорад.
Ҳарчанд афсонае, ки бархе аз «намояндагони Маҷлис» ба дӯсти арҷмандам хондаанд, талошест барои зинда ҷилва додани ин мурда-маҷлис. Гуфтаанд, хушки соҳилӣ чи дарке аз ҳолати тари дарё дорад? Аммо ҷуз доман, куҷои як тарсу метавонад тар бошад?
Ва як ниҳоди, ба истилоҳ, мардумӣ, ки ҳаргиз ҷуръати намояндагии ростин аз мардумро надошта ва аз ҳуқуқи мардуми бедифоъ дифоъ накарда ва сухани мардуми ватанро аз трибун бар забон наронда ва ҷуз ситоиши давлат («правительство») чизе нахонда ва ҳамвора муҳрбадаст мунтазири дастури раиси давлат монда, то фақат ва фақат муҳри таъйид бизанад, бидуни ин ки ҳарфе ба ҷидд бизанад ва пурсише тарҳ кунаду назару дид бизанад… Шумо ба як чунин вайронае «порлумон» мегӯед?
Он намояндаи ъазимушшаъне, ки бо дӯсти ман суҳбат карда, мегӯяд: «баҳс ҳамон вақт мешавад, ки дар қонунҳо ягон нофаҳмӣ мавҷуд бошад». Яъне ҳамаи пешнивисҳое, ки ба дасти маҷлис мерасад, комилан равшану возеҳ аст ва ъорӣ аз нукоти мубҳам. Агар нукоти печидае ҳам бошад, намояндагони маҷлиси мо, ки ҳар кадом як Суқроту чаҳор Буқрот ҳастанд, он печидагиро дар он сода мекунанд… Яъне ҳамаи намояндагони порлумони мо одамони фаҳиме ҳастанд, ки ҳамаи нукоти ин тарҳҳоро беишкол мефаҳманд. Ҳеч порлумоне дар ҷаҳон ин мизони дарку фаҳму шуъурро надорад. Ҳамаи порлумонҳое, ки бар сари тарҳҳо баҳс мекунанд, нафаҳму кавдану ёбу ҳастанд. Фақат порлумони Тоҷикистон аст, ки намояндагони бисёр огоҳу ҳушёре дорад… ки бо як ишора ба сар медаванд.
Мегӯяд, ҳамаи лоиҳаҳо пеш аз ин ки ба дасти намояндагони порлумон бирасад, ғалатзудоӣ шудааст! Яъне ҳамаи иштибоҳҳо ислоҳ шудааст. Ба ҳамин далел дар порлумони Тоҷикистон ҳеч баҳсе сурат намегирад ва ҳамаи тарҳҳо бидуни баҳс ба тасвиб мерасад ва мо ҳам ба ормоншаҳри худамон рӯзбарӯз наздиктар мешавем.
Зинда бод мурдагӣ!
Зинда бод ҷомеъаи хушнуду бебаҳсу мурда, ки порлумонаш мурдатар аз мурдаҳост ва ҳамчунон хушнуд аст ва бо ҳеч пурсише хотири худро мушавваш намекунад!
Зинда бод кавданӣ, ки одамро аз ранҷи пурсишҳо раҳо мекунад!
Дуруд бар ин чӯбе, ки ҷинси мизи ман аст! Чӯбе, ки вазифаи фикр накарданро беҳтар аз ҳар инсоне адо мекунад…
Ва ҳоло ба ман нигоҳ мекунаду ришханд мезанад…
Дориюши Раҷабиён
Манбаъ: Фейсбук