Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 26-27 декабр дар Санкт-Петербург доир мегардад, иштирок мекунад.
Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” бо истинод аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар дод.
Ба иттилоъи манбаъ ҳоло маълум нест, ки киҳо Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанду оё вохӯриҳои дуҷониба бо сарони дигар кишварҳо дар назар ҳаст ё не.
Гуфта мешавад, ҳоло дар робита ба ин сафар нақшаи муайяне таҳия нашудааст.
Вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси раисҷумҳури Русия Владимир Путин баргузор мешавад.
Иттиҳоди Давлатҳои мустақил соли 1991 таъсис ёфта, ба ҳайати он 9 кишвар, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон шомил ҳастанд.