Ин посухи Файзинисо Воҳидоваро Паём рӯзи 17 декабр нашр карда буд. Ду рӯз пас ӯ бо мо тамос гирифт ва хоҳиш кард посухашро аз сойт бардорем. Сабабашро ҳам фишори шадиди мақомот гуфт, ки дар беморхона ҳам оромаш намегузоранд.
Ин охирин посухи ӯ ба суоли Паём буд. Воҳидова ҳеҷ гоҳ аз посух гуфтан ба суол худдорӣ намекард. Борҳо посуху мусоҳибаҳояш бо Паём боими фишор ба худаша хонаводааш гардида буд, аммо ҳеҷ амре ин ҳомии ҳуқуқро аз дифоъ аз ҳақиқат манъ намекард. Ва бори аввал буд, ки ӯ хҳиш кард посухаш аз сойт бардошта шавад.
Паём ба табиӣ будани марги Воҳидова бовар надорад. Замоне ки ин посух аз ӯ гирифта мешуд, Воҳидова аслан ба бемор монанд набуд ва худаш ҳам мегуфт, ки барои пешгирӣ аз бемории бузургтаре ба беморхона хобидааст.
Марги ӯ зарбаи ҷуброннашавандае ба баданаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва умуман тамоми миллат аст. Дар гумон аст, ки солҳое наздик зане бо ин ҷасорату худфидоӣ пайдо шавад. Паём даргузашти ӯро ба миллат тасният мегӯяд ва барои бузургдошти ёди ӯ ва ба ин умед, ки ин дифоъаш аз занони муҳаҷҷаба сабаби раҳмату мағфирати Худованд гардад, посухи ӯро дубора нашр мекунад.
Паём аз Воҳидова пурсида буд, ки оё тарҳи манъи вуруди занон ба корхонаву ташкилотҳо хилофи Сарқонун нест ва қабули ин қонун чӣ паёмадҳое хоҳад дошт.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос: Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад. Ба назар чунин мерасад, ки ҳаёти осоишта, суботи ҷомеъа ва тинҷиву амонӣ монеъи пешрафт, рушди иқтисод, боло бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум бошад. Бо амалу қонуни ғайриқонунӣ, беназмиву бедодгарӣ мардумро ба ифротшавӣ тела медиҳанд. Мақомот бо эҳсосоти мардум, озодии эътиқод бозӣ мекунад.
Агар либоси занон, рӯсарии модарон бадбахтии ҷомеъа бошад, сабабгори касод шудани иқтисод, фисқу фасод, набудани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фирори шаҳрвандон, халалдор шудани амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, сарчашмаи хатар, терроризму экстремизм бошад, ман розӣ ҳастам ки пурра пӯшидани рӯсарии занонро аз рузи таваллуд то марг манъ кунанд. Ҳама сари луч кунанд, вале бо як шарт: Аз Тоҷикистон ва Конститутсияаш истилоҳи «демократия», «давлати ҳуқуқбунёд, ягона ва демократӣ» хориҷ карда шавад. Наметавонам пешниҳоде дошта бошам, ки бар ивази «демократия» Тоҷикистон ва сохти давлатдориву идорааш чӣ гуна бошад. Чунин сохт ҳоло вуҷуд надорад.
Мо аз СССР ёд мекунему хеле интиқод, вале давлати шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард. Дар замони шӯравӣ модарам ба корхонаи давлатӣ бо рӯймоли дуқабата ворид мешуданд, аз зер рӯймоли майда ва аз болои он бо рӯймоли калон гардану китфи худро пинҳон мекарданд. Дар вақташ намози худро адо мекарданду, рӯза мегирифтанд. Ҳамаи идҳои исломиро ҷашн мегирифтанду ҳар сол дар рӯзҳои мавлуди Паёмбарамон (с.а.в) занҳои маҳалларо ҷамъ карда мавлудхонӣ мекарданд.
Эрон давлати исломӣ мебошад, занҳояш сатрпӯшанд, аммо дар коркарди уран ва технологияи навини замонавӣ ва аз бисёр ҷихат яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошад. Шаҳри Давҳаи Қатарро дар болои санг сохтанд, вале занхояш сад дар сад сатрпӯшанд. Мо аз Малайзия пешрафтаем? Дар Афғонистони ҷангзада занҳои сатрпӯш вазиру сафир ва вакили парлумон ва ҳатто халабон мебошанд.
Мақомот як бор ба хатогии бузург дар солхои 2014-2017 рох дод. Милиса риши мардумро метарошид. Сатри занонро иҷборан кашиданд. Мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфтанду гунахгору бегуноҳро зиндон карданд. Муосидат намуданд, ки дар дили мардум бадбинӣ нисбат ба ҳукумат пайдо шавад. Тарсро байни мардум ҷорӣ карданд ва ҳазорҳо шаҳрвандон аз кишвар фирор карданд. Ҳамарӯза дар толори додгоҳ даҳҳо экстремист таваллуд мешуд, пайвандонашон аз шиканҷаву ба нерӯи барқ пайваст кардани онхо нақл мекарданд. Оқиибат чӣ шуд? Сафи ифротиҳо зиёд гардид. Хусумат, нафрати мардумро нисбат ба ҳукумат пиёда карданд. Ошӯби зиндониён низ идомаи ҳамин зулму истибдод буд. Дар урфият мегӯянд, нобино як бор асояшро гум мекунад.
Ман даъват ба амал меорам, ки роҳбарон, манабдорон, дигар асоятонро гум накунед. Сабр хам меъёр дорад. Вақте ки зарф аз об пур мешавад, мерезад.
Тоҷикистон омбудсмен дорад. Институти ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон. Ҳимояи ҳуқуқи давлат не, чиновнику вазирон не, шаҳрвандон мебошад. Чаро баҳри дифои ҳуқуқи занон садо баланд намекунад? Ё ҳифзи ҳуқуқи мардум ҳам бо супориш ва ишора аз боло? Раиси кумитаи занҳо, ки ҷавон нест ва дар ин дунё касе сутун намешавад, бояд шарм дорад. Ба ҷои он ки аз ҳуқуқи занҳо дифоъ кунад, баръакс аз ҳар як амали ҳукумат ҷонибдорӣ мекунад. Бо ин лучгардию динситезиву исломбехабарӣ то куҷо меравад? Бигзор худаш нимурён бошад, вале вазифадор аст аз ҳуқуқи занҳо, эътиқоди онҳо, озодии виҷдон ҳимоя намояд.