Фаъолони мухолифи тоҷик дар Вена, пойтахти Утриш дар эътироз ба тасмими истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллои Шовализода тазоҳурот мекунанд.
Тибқи иттилоъи масъули дафтари равобити хориҷии ПМТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов, тазоҳуроти тоҷикон чанд дақиқа пас, соати 11 ба вақти маҳаллӣ дар рӯбарӯи идораи пулиси Вена шурӯъ мешавад.
“Ҳамин ҳоло омодагиҳо ба тазоҳуроти фаъолони тоҷик дар рубарӯи Маркази истирдоди пулиси Вена дар эътироз ба қарори мақомоти Австрия оиди истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллои Шовализода ба Тоҷикистон идома дорад” – навиштааст Файзраҳмонов.
Гуфта мешавад пахши мустақим аз ин тазоҳурот низ дар ин нишонӣ қобили дарёфт аст:
Дар назар аст, ки дар тазоҳурот Шоҳнаими Карим (муовини раиси ҲНИТ), Абдусаттор Бобоев (раиси КШНГЗСТ), Вайсиддин Одинаев (фаъоли мустақил), Фатҳиддин Усмонзода (намояндаи ҲНИТ дар Австрия), Маҳмудҷон Файзраҳмонов (масъули равобити хориҷии ПМТ) ва дигарон ширкат ва суханронӣ кунанд.
Ҳамчунин, баёнияи муътаризон ва инчунин баёнияи КШНГЗСТ қироат ва нашр хоҳад шуд.