Профессор Одиназода: Файзинисо Воҳидова бо истифода аз заҳр кушта шудааст
Баъди шарҳи мақомот аз сабаби марги Файзинисо Воҳидова, шубҳаи ҷомеъа оиди табиӣ будани марги ӯ бештар шуд. Гуфтумонҳо дар ин мавзӯъ ҳам вусъат ёфт ва шумори онҳое, ки мӯътақиданд Воҳидова масмум гардонида шудааст, меафзояд.
Яке аз онҳое, ки ба табиӣ будани марги ҳуқуқшиносӣ маъруф сахт шубҳа мекунад ва мутмаъин аст, ки ӯро заҳролуд кардаанд, профессори биошимӣ Абдусалом Одиназода аст. Ӯ солҳо дар донишгоҳҳои Русия, Аврупо, Ҷопон ва Австралия кору фаъолият кардааст ва рисолаҳояшро ҳам дар донишгоҳҳои ғарбӣ ҳимоя намудааст.
Паём сӯҳбате дошт дар ин мавзӯъ бо профессор Абдусалом Одиназода:
— Шумо дар навиштаву баромадҳоятон ба масмум шудани Воҳидова ишора мекунед. Ин шубҳа аз куҷо пайдо шудааст?
— Рӯҳи апаи Файзинисо шод бод ва ёдаш ҷовидон. Фикр мекунам, ҳамаи мо ин хабари шумро бо шубҳа пешвоз гирифтем. Мӯътақидам, ҳамаи мо дар гӯшае аз зеҳнамон ба таври ноогоҳона ин моҷароро пешбинӣ мекардем. Чаро ки ӯ дар қаламрави онхо фаъолият дошт ва ҳамеша осебпазир буд ва ба онҳо дастрас буд. Харизма ва энержии ин зани ҷасур ва пурҳаёт аз сафҳаи фейсбукиаш лабрез буд. Ва ногаҳон марг дар бемористон, гуё аз беморӣ. Ҳамин зани мисли хирс солиму бӯзбала бо чеҳраи ҳамчун офтоб дурахшон ва марге аз беморӣ дар бемористон мегуед? Маъзарат мехоҳам аҳмақонро дар дигар ҷо ҷустуҷӯ бикунед.
Ба таври куллӣ ҳамин гуна моҷароро бисёре аз мо нигарон буданд, вокунишеро ба таври ниҳоӣ, аз тарафи ҳукумат. Бояд иқрор шуд, фаъолияти мухолифин ба марҳилае бомаънитар ва бомантиқтар боло рафта буд. Мардум бештару бештар ба доираи мубориза мерехтанд. Ниҳоятан як раванди эҷодшавии ҷунбиши мардумӣ ба назар мерасид, махсусан бо пайдо шудани видеоҳои пуршумор дар маҳкумкунии қонуни ҷоҳилонаи алайҳи ҳиҷоб. Ба ғайр аз ин, дар дохили Тоҷикистон ҳам эътирозоте ва ҳатто задухӯрдҳое ин ҷо ва он ҷо мушоҳида мешуданд. Ва аён буд, ки моҷароҳои дохили Тоҷикистон бо фаъолияти мухолифини берун аз Тоҷикистон иртиботи мустақими афкорӣ дорад. Яъне воқеъан мардуми Тоҷикистон дар ҳоли пурқувватшавӣ ва пешравӣ буданд. Ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар таҳлука буд ва ба таври асабонӣ дар ҷустуҷӯи равишҳои зарбазанӣ ба мухолифин буд. Ва ягона равиш ва гузинае, ки онҳо дар даст доштанд, ин куштор ва террор буд. Зарфияти зеҳнӣ ва маҳоратии ҳукумати Тоҷикистон наздик ба сифр аст, чун системаи давлатии Тоҷикистон қодир нест ашхоси пурзеҳн ва бомаҳоратро ба кор ҷалб бикунад. Ин амр ба инҳо лозим ҳам нест, ва барошон ингуна чизҳо ҷолиб ҳам нест.
Ин аст, ки барои ҳама аз аввал рӯшан буд, ин моҷарои марги шодравон апаи Файзинисо, куштор аст. Ҳарчӣ қадар бештар вақт мегузашт ва бештар ҷузъиёт ба даст меомад, эътиқоди ҳама бештар мешуду камтар не.
— Чаро бештар дар бораи заҳри ритсин ҳарф мезанед?
-Заҳрҳои одамкуш албатта пуршуморанд аммо заҳрҳое, ки хадамоти ҷосусӣ ба кор мебаранд, ҳамагӣ якчандто ҳастанд ва ритсин яке аз онҳост. Истеҳсолаш осон аст ва куштани душман боз ҳам осонтар. Метавонӣ ба “дӯстат” кӯмак кунӣ ва ба хӯрокаш як каме “намак” бизанӣ. Метавонӣ ба меҳмонат як истакон “оби тоза” бидиҳӣ. Метавонӣ ҳангоми пурсуҷӯ латтаеро ба назди димоғи шахси машкук якчанд сония бидорӣ. Кор тамом мешавад. Позаҳр ба ритсин вуҷуд надорад, ба ҳар макони бадан, ки расид, гӯшти он ҷо мемирад.
Ҷузъиёти моҷароро мо хуб намедонем, аммо аз байни заҳрҳои ҷосусие, ки КГБ истифода мебарад, ритсин бо эҳтимолияти бузург самме аст, ки истифода шудааст. Қабл аз ҳама ҳолати шамолхӯрдагӣ ва пневмония. Агар ин заҳрро бӯёнанд, ҳуҷайраҳои алвеоли шуш кушта мешаванд, ба одам оксиген намерасад, ва одам ба сулфа шурӯъ мекунад ва ҳарорати бадан боло меравад. Аммо бофтаи асосие, ки дар он ҷо ин заҳр инсонро ба марг мерасонад, ҷигар аст. Зеро ба ҳар навъе, ки молекулаи ритсин ба бадан дохил шуд – аз тариқи бӯидан, хӯрдан ва ё сӯзандору — истгоҳи ососии он ҷигар мешавад ва дар он ҷо ҳуҷайраҳои ҷигар, ки воқеъан мошинчаҳои бисёр нерӯманд ва нозук ҳастанд ва вокунишҳои асосии биюшимӣ дар ин ҳуҷайраҳо мудирият карда мешаванд, тӯли якчанд соат то якчанд рӯз кушта мешаванд ва инсон мемирад. Натиҷаи кори заҳр воқеъан монанди сирроз аст, аммо сирроз тӯли солхо ва даҳсолаҳо одамро мекушад, ритсин дар чанд соат ва ё чанд рӯз.
Ин ҷо истифодабарӣ аз самми ритсин ба фикри ман хеле рӯшан аст. Аммо рӯшан нест, ки саммро рӯзи зодрӯзи марҳум хӯрониданд ва пас бори дигар барои хабаргирӣ ба беморхона омаданд бо баҳонае ва ё ки заҳрро дар ҳамон беморхона ҳангоми пурсиш доданд ва пневмонияи марҳум воқеъӣ буд ва ба самм иртибот надошт.
— Қаблан шубҳаҳое дар бораи заҳролуд шудани роҳбарони ҲНИТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода сару садоҳое вуҷуд доштанд, аммо онҳо солҳо беморӣ кашиданд, то билохира ҷоми шаҳодат нӯшиданд. Чаро Муаллима бо заҳре масмум шуд, ки дар чанд рӯз корашро тамом кард. Оё беҳтар набуд аз заҳрҳое истифода шавад, ки таъсирашон дертар фаром мерасад?
— Ҳар заҳре як микдори “кории” худашро дорад. Рӯшан аст, ки ба апаи Файзинисо миқдори кофиро хӯрондаанд ва амалиёташон бо комёбӣ анҷом ёфтааст. Агар натавонистанд миқдори кориро бихӯронанд, укол бикунанд ва ё бинӯшонанд, пас инсон фавран намемирад, аммо саломатиашро аз даст медиҳад. Тӯлонӣ азоб мекашад ва баъд мемирад. Шояд моҷаро бо устодон Нурӣ ва Ҳимматзода ҳамин будааст.
— Заҳрҳое ҳам вуҷуд доранд, ки инсонро накушта танҳо корношоям мекунанд?
— Ҳадафи самм ҳамеша куштани инсон аст ва дараҷаи асарбахшӣ муҳим аст, яъне он бояд ноаён бошад ва инсонро ҳарчӣ зудтар кушад. Заҳролудкунӣ ҳамчун як аслиҳа ва равиши ба нестӣ кашидани душман, албатта аз қадимулайём истифода мешавад. Саммҳое ҳастанд, ки ҳамеша инсонро зуд ва ба таври фаврӣ мекушанд ба монанди сианид. Саммҳое ҳастанд ба монанди ритсин ки шумо бо микдори он метавонед бозӣ бикунед ва замони мурдани ҳадафи инсонии худро кӯтоҳ ва ё тӯлонӣ кунед. Аммо мӯътақид ҳастам, ки ҳадафи ҳар як ҳамлаи саммӣ ба инсонҳо ҳарчи зудтар куштани онҳост ва агар касе тӯлонитар зиндагӣ кард пас рӯшан аст, ки амалиёти заҳролудкунӣ ба таври бояду шояд нагузаштааст ва миқдори басандаи самм ба бадани ҳадаф интиқол дода нашудааст.
— Мақомот мегӯянд Воҳидова Гепатит В дошт ва ба ҳам омадани пневмонияву гепатит сабаби мраги ӯ шуд. То куҷо мешавад ба ин фарзия бовар кард?
— Ин гуна баёнияҳо чизеро беш аз ханда ба лаби мутахассисон намеоранд. Гепатит В бемориест музамман (хронический) ва дар ду рӯз касеро ба халокат намерасонад. Вируси гепатити В ретровирус аст ва ҳангоми дохил шудан ба бадани инсон ДНК-и инсонро қайчӣ мекунад ва ДНК-и худашро ба риштаи ДНК-и инсон пайваст мекунад ва ҷузъе аз ДНК-и инсон мешавад. Ин моҷаро асосан дар ҳуҷайраҳои ҷигарӣ сурат мегирад. Таъсири вирус хеле суст аст ва ё ҳатто зиёд вақт хомӯш ҳам хаст. Зиёд одамон ин вирусро тӯли ҳаёташон доранд аммо аз ин амр хабардор ҳам нестанд.
Ба ҳар сурат фаъолияти вирус тӯли солҳои тӯлонӣ оҳиста — оҳиста ҷигари соҳибашро хароб мекунад. Ҳуҷайроҳои ҷигар мемиранд ва ҷои онҳоро ҳуҷайраҳои бисёр содда ва бемаҳорати пайвасткунанда (соединительная ткань) мегирад. Ҳамин тариқ ҷигар оҳиста оҳиста заъиф ва пук мешавад ва инро мегуянд «сирроз». Зиёд вокунишҳои муҳими метаболиро ҷигар дигар қодир нест ба таври кофӣ анҷом бидиҳад. Инсон бисёр лоғар ва заъиф мешавад. Таркиби хун ҳам дигар мешавад ва хун қобилияти лахтшавиро аз даст медиҳад чун протеинҳои тромбин ба таври кофӣ истеҳсол намешаванд. Хунравӣ зиёд мешавад. Дар пӯсти одам рагчаҳои сурх пайдо мешаванд — капилярҳои хуншоршуда.
Ҳамин тариқ оё марҳум лоғару беҳолу бемадор буд ва пӯсташ пур аз капилярҳои кафида? Ва ё марҳум бузбала, пур аз энержӣ ва хаёт буд ва хастагиашро касе надида буд? Худи шумо бояд қазоват кунед.
Шояд марҳум гепатит В-ро аз ҷавонӣ ва ё ҳатто кӯдакӣ дошт. Гумон меравад, ки ДНК-и пайвастшудаи ин вирус ҳатто метавонад аз насл ба насл бигзарад. Тӯли ин 55 сол марҳум Худо медонад чанд бор пневмания шуд ва намурд. Чаро имрӯз мемурдааст, баъди як мақолаи ҷасуронааш дар дифоъи ҳиҷоб? Аҳмақҳоро дар дигар ҷой пайдо бикунанд ва ин афсонаҳои кӯдаконаро ба гуши дигарон бихонанд. Бас аст дигар тоҷикҳоро гӯл задан. Кофист.
— Ба суолҳои баъдӣ мехостам на чун биохимик, балки чун фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ посух диҳед. Бо рафтани Воҳидова ҷомеъаи шаҳрвандӣ чӣ хисорат дид?
— Мафҳумоти имрӯзи ғарбиро ба монанди “ҷомеъаи шаҳрвандӣ” дӯст надорам чун тасвираи ҳаёт ва ҷомеъа дар мафкураи ман ҳарчӣ бештар исломист, алҳамдулиллоҳ. Мо мусалмонҳо ибораи “ҷамоъат”-ро истифода мебарем ва ба ҷамоъати даврони Паёмбар (с) ва саҳобаҳо муқоиса мекунем, на ба “ҷомеъахои шаҳрвандӣ”-и урупоиҳо. Ҷамоъати исломӣ дар Тоҷикистони мо тақрибан вуҷуд надорад, манзури ман дар сатҳи миллӣ. Ҷамоъатҳои кӯчаки маҳаллӣ дар сатҳи маҳалла ва ё деҳа вуҷуд доранд аммо ҷамоъати исломӣ дар сатҳи қавми тоҷикӣ ва миллати тоҷик тақрибан вуҷуд надорад. Албатта агар мо ҷамоъати маҷозиро ба назар нагирем. Аз ин лиҳоз он чизе ки тақрибан вуҷуд надорад, аз он ҳар чизеро кам кардӣ ва ё накардӣ, ҳамон мемонад. Чӣ хеле ки “ҳеҷ” буд, аз он чизе кам намешавад ва ҳамоно “ҳеҷ” мемонад.
— Чӣ паёмадҳое барои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва миллат ин фоҷеъа хоҳад дошт?
— Паёмадҳои ин моҷаро қабл аз ҳама бар зарари ҳукумат аст. Ҳукумат набарди идеологиро қатъан бохтааст, обрӯву эътимодро аз даст додааст. Ин моҷаро нишон дод ки ҳукумат заъиф ва бемаҳорат аст. Бадбинӣ ва нафрати мардум ба ҳукумат зиёд шуд, мухолифинро нерӯмандтар ва муттаҳидтар кард. Мардум фаҳмиданд ки бархӯрд бо ин гуна ҳукумат бояд мутақобил бошад, яъне “чашм барои чашм, бинӣ барои бинӣ, гӯш барои гӯш ва хун барои хун”. Мардум иншоаллоҳ воқеъбинтар ва пӯхтатар шуд. Яъне ин хонуми ҷасур ва ҷонфидо на фақат дар зиндагиш дар хидмат ва кӯмаки мардум буд, ҳатто марги ӯ таъсиргузор ва болобардоранда буд. Худо ачрашро бидиҳад, рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод. Аллоҳу Акбар