Ҳизби ҳокими Гурҷистон лоиҳаи “агентҳои хориҷӣ”-ро пас гирифт. Ин тарҳи муноқишабарангез шабеҳи қонуне аст, ки Кремл дар соли 2012 барои саркӯби расонаҳо ва ташаккулҳои мунтақид ба тасвиб расонд.
Муборизаи мардуми Гурҷистон алайҳи лоиҳаи баҳсбарангези “агентҳои хориҷӣ” боис шуд ҳизби ҳоким “Орзуи Гурҷистон”, ки беш аз ниме аз курсиҳои парлумонро дар даст дорад, аз лоиҳаи “агентҳои хориҷӣ” ақибнишинӣ кунад. Ин ҳизб имрӯзи панҷшабе,9 март эълом кард қонуни ёдшударо пас мегирад.
Дар чанд рӯзи гузашта Гурҷистон шоҳиди эътирозоти васеъи мухолифони ин лоиҳа буд, ки парлумони ин кишвар рӯзи сешанбе,7 март куллиёти онро дар нахустин хониш ба тасвиб расонда ва мехост ба раъйи ниҳоии Маҷлис гузорад.
То аввали асри чаҳоршанбе ҳудуди 10 то 15 ҳазор нафар ибтидо ба шакли мусоламатомез дар баробари сохтмони парлумон дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон, таҷаммӯъ карданд. Тазоҳуркунандагон парчами Гурҷистон ва Укроин ва ҳамчунин парчами Иттиҳодияи Аврупоро бардошта буданд. Дар идома тазоҳурот ба даргирӣ кашида шуд. Гурӯҳе талош карданд вориди парлумон шаванд. Пулис низ аз бакоргирии хушунат алайҳи мӯътаризон кӯтоҳӣ накард.
Қонуни “агентҳои хориҷӣ” чист?
Ин қонун мегӯяд ҳар расона ё ташаккуле, ки беш аз 20 дарсад хориҷ аз кишвар таъмини молӣ мешавад, бояд ба унвони агентҳо ё авомили хориҷӣ табақабандӣ шавад ва дар сомонаҳои махсус сабти ном кунад.
Қонуни мазкур ба додгоҳи Гурҷистон имкони назорат бар фаъолияти афрод ва ширкатҳои хориҷиро медиҳад то дар сурати ҳар гуна мухолифат бо ҳизби ҳоким муҷозот ва бо ҷаримаҳои сангин рӯ ба рӯ шаванд. Мухолифон мегӯянд ин қонун шабеҳи гоме аст, ки Кремл дар соли 2012 бардошт ва роҳро барои саркӯби расонаҳо ва ташаккулҳои мунтақид боз кард. Ба гуфтаи онҳо бо ин қонун метавон ҳар интиқодеро ба “авомили хориҷӣ” нисбат дод ва онро хафа кард.
Аксарияти мардуми Гурҷистон тарафдори узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳастанд. Мардум нигаронанд, ки фурсати пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО тавассути қавонине монанди “авомили хориҷӣ” аз байн биравад. Дар сурати тасвиби ин пешнавис масири пайвастани Тифлис ба ин ниҳодҳо бисёр сахт мешуд.
Салома Зурабишвили, раисҷумҳури Гурҷистон, ки худ аз мухолифони ин лоиҳа аст, эълом кард, ки ин қонуни ҷанҷолиро имзо нахоҳад кард. Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ ин лоиҳаро маҳкум кард ва онро “носозгор” бо арзишҳои Иттиҳодияи Аврупо донист.
Гурҷистон аз ҷумҳуриҳои кӯчаки Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии пешин дар баҳри Сиёҳ бо 3,7 миллион ҷамъият ҳамвора аз сӯи ҳамсояи бузурги худ Русия таҳти фишор будааст. Маскав ҳамчунин аз манотиқи ҷудо шудаи Осетияи ҷанубӣ ва Абхазия ҳимоят мекунад.