Рубрики Хабарҳо

Амрико: 1000 нафар дар эътирозоти ахири Эрон кушта шуданд

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон эълом кард беш аз 1000 нафар дар эътирозоти ахири ин кишвар тавассути нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. 

Брайен Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон дар нишасти хабарӣ изҳор дошт: Нерӯҳои амниятии Эрон дар ҷараёни эътирозот ба афзоиши қимати бензин дар ин кишвар беш аз 1000 танро ба қатл расондаанд. 

Вай эътирозоти мазкурро бадтарин бӯҳрони сиёсии Эрон дар 40 соли ахир, донист ва тасреҳ кард: 

“Бар асосӣ як тасвири видеоӣ, нерӯҳои амниятии Эрон бо гулӯлаҳои ҷангӣ ба самти мӯътаризон дар яке аз манотиқи ҷануби ин кишвар оташ кушода ва беш аз 100 нафарро куштанд”. 

Гуфтнист ширкати миллии полоиш ва пахши фаровардаҳои нафтии Эрон дар 15 ноябр бо судури иттилоияе эълом кард, ки қимати бензин афзоиш ёфта ва бо саҳмиябандӣ ироа хоҳад шуд. 

Дар пайи он эътирозоти густурдае дар ин кишвар сурат гирифт, ки бино ба гузориш Созмони афви байналмилал тайи он дасти кам 208 нафар кушта шуданд. 

Ҳамчунин дар ҷараёни ин эътирозот ҳудуди 7000 ҳазор нафар низ боздошт шудаанд. Ба мувозоти ин ҳаводис бархе молҳо низ дар Эрон гарон шуда ва корбарони ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба интиқод аз вазъияти феълӣ мепардозанд.

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *