Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки шоми дирӯз барои як гуфтугӯи мустақим бо мардум иқдом кард, давоми 2 соат ба суолҳои воридшуда посух гуфт. Мавзӯъи саволҳо гуногун буданд, ва чун баҳс тӯлонӣ буду мардум дар кишвар имкони тамошои онро надоранд, “Паём” тасмим гирифт баҳсро вобаста ба мавзӯъ қисм-қисм созад ва шарҳи муҳимтарин мавзӯъҳоро дар шакли чопӣ нашр кунад.
Ба суол дар мавриди ин ки чаро раиси ҲНИТ ва аз моҳи сентябр раҳбари Паймони навтаъсиси Миллии Тоҷикистон пас аз баста шудани ҳизбаш ва ҳатто пас аз таъсиси Паймони Миллӣ хомӯш буд ва гуфтугӯе бо мардум надошт, Муҳиддин Кабирӣ гуфт “ин тавр ҳам набуд, ки комилан бо мардум сӯҳбат накарда бошем, гоҳ-гоҳ бо муносибатҳои гуногун бо мардум сӯҳбат мекардем”.
Аммо сабаби зуҳури камтараш дар шабакаи маҷозиро чунин шарҳ дод, ки “аслан ман тарафдори он нестам, ки як сиёсатмадор чӣ мавзӯъ дуруст аст ё нест, муносиб ба ӯ ҳаст ё нест, мавқеъи гуфтанаш ҳаст ё нест, ҳамеша ба саҳна барояд ва сӯҳбат кунад… Ман бештар тарафдори он ҳастам, суханро вақте бояд гуфт, ки одам ҳарфе барои гуфтан дошта ва мавқеъу фурсаташ фаро расида бошад”.
Раиси ҲНИТ хомӯшиашро то ин замон ба он рабт дод, ки “машғули корҳои ташкилӣ” буданд. “Тӯли ин се сол, баъди он ҳодисаи фоҷеъабор Наҳзати исломӣ ниёз ба як фурсате доштем то худро бозсозӣ кунем ва дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият кунем ва барои ояндаи кишвар чӣ барнома дорем”.
Ӯ гуфт тӯли се сол корҳои ташкилӣ анҷом ёфтанд ва ҳам Паймони Миллӣ таъсиси шуду фаъолияти Наҳзат аз нав бозсозӣ гардид “ва мо билохира ба чанд савол дар назди худамон ҷавоб пайдо кардем, ки мо кӣ ҳастем, дар чӣ шароитем, рақиби мо, тарафҳои дигар дар кадом ҳолат ҳастанд ва дар ин шароии ҷадид чӣ гуна мубориза бояд бурд”.
Раҳбари Паймони Миллӣ гуфт “инак вақте ба ин суолҳо посух пайдо кардем, лозим донистем, ки бо мардуми азиҳ ва шарифи худамон дар тамос бошем, дидгоҳҳои худро бигӯем ва ҳарфи мардумро бишнавем.
Ин мавод такмил мешавад.