“Осиёи марказӣ: Ислоҳот, саркӯбӣ ва радикализатсия” — унвони як конфаронси байналмилалӣ аст, ки рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи шаҳри Вилнюси Литва баргузор хоҳад шуд.
Ҳадаф аз баргузории конфаронси мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ,коршиносон, муҳаққиқон, сиёсатгузорони Иттиҳоди Урупо ба масоил ва мушкилоти Осиёи Марказӣ: — аз ҷумла нақзи мудаввоми ҳуқуқи башар, таъқиб ва саркӯби дигарандешон ва ба зиндон кашонидани онҳо, аз ҷумла дар заминаи гароишҳои ақидатӣ ва сиёсӣ, маҳдудияти бесобиқаи озодии баён, бӯҳрони фарогири сиёсӣ ва авомилу ангезаҳои тарки шаҳрвандон аз Ватан ва муҳоҷирати иҷбории онҳо ба Урупо, таъсири раванди муҳоҷират ва паёмадҳои он ба Иттиҳоди Урупо ва ҳамчунин нишонаҳое мусбат аз иқдомоти ахир дар умури мурооти ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон ва асароти он дар минтақа мебошад. Дар ҷараёни кори конфаронс перомуни мушкилоти радикализатсия ва терроризм дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус дар Тоҷикистон баҳсу баррасиҳо сурат хоҳад гирифт.
“Ӯзбакистон ва Тоҷикистон: — ислоҳот ва таъқиб. Таҳлили муқоисавӣ(2016-2018)”, “Муҳоҷирони тоҷик дар Олмон, Литва ва Лаҳистон: — марз, депорт, амният ва интегратсия”, “Ҳалли мушкилоти радикализатсия ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва амният дар Иттиҳодияи Урупо”- ановини аз ҷумла мавзӯъҳоеанд, ки аз тарафи суханронон — ширкатдорони конфаронс ироа хоҳад шуд ва қарор аст дар ҳошияи ин сӯҳбатҳо мубоҳисаҳо сурат бигирад.
Дар кори конфаронс муҳаққиқону коршиносон аз аз марокизи илмиву пажӯҳишии кишварҳои Амрико, Бритониёи Кабир, Олмон, Лаҳистон, Утриш, Норвеж, Литва намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Вилнюс ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ, ба шумули созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ширкат хоҳанд кард.
С.Фюрстенберг, пажӯҳишгар ва устод дар Донишгоҳи Оксфорди Бритониёи Кабир, Ф.Белафатти, муҳаққиқи умури Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Гронингенаи Нидерланд, С.Свердлов,пажӯҳишгар аз созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар, М.Фоссум,намояндаи минтақаии Кумитаи норвежии Ҳелсинки дар Осиёи Марказӣ, Даниил Кислов, сармуҳаррири хабаргузории “Фергана” ва М. Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи иштирокчиёни ин конфаронс мебошанд.
Конфаронси мазкур бо ибтикори Асосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Пажӯҳишгоҳи осиёӣ ва фарҳангӣ ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати Донишгоҳи шаҳри Вилнюс баргузор мешавад.