Categories Хабарҳо

Раисиҷумҳур боз кадом балоеро ба сари мардуми Тоҷикистон оварданист

Соли 1992 Фронти Халқӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва бо ёрии хоҷагони хориҷиаш ба баҳонаи «Ваҳҳобия» миллати тоҷикро қатли ом кард. Он шабу рӯз ҳам мисли имрӯза, ки Раҳмон гуфтааст “ва яке аз ҳадафҳои ҳизби террористии наҳзат ҳам ҳамин буд. Пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ ҳастанд.” роҳбарони Фронти Халқӣ мардумро (хусусан мардуми Кулобро) айнан ҳамин ҳарфҳоро мегуфтанд, фақат ба ҷои калимаи шиъа, ваҳобиро истифода мебурданд, то ки тоҷикон мисли даранда ба ҷони якдигар дарафтанд ва аз ин фурсат ғайритоҷикҳо ҳам истифода бурда даҳҳо ҳазор мардуми оддии бегуноҳи Тоҷикро ба қатл расониданд.

Ба ҳама маълум аст, ки тамоми силоҳбадастони тоҷику ғайритоҷик бо амри Фронти Халқӣ ва бо тиру тонку тӯпи хоҷагони хориҷии Эмомалӣ Шарипович миллати Тоҷикро ваҳҳобӣ гуфта ба қатл мерасонданд. Танҳо дар ноҳияҳои Қумсангир, Панҷ, Турсунзода, Қубодиён, Ҷиликул, Шаҳиитус ва Колхозобод ҳазорон Тоҷик бо ин баҳона кушта шуду ҳазорони зани дигар зери таҷовузи ҷинси қарор гирифт. Миллати тоҷикро то соҳили дарёи Ому силоҳбадастони ФХ мисли сайд шикор мекарданд. Тамоми касоне, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуданд, занону тифлону мӯйсафедони бегуноҳе буданд, ки гурехта наметавонистанд ва ягон нафари онҳо на ба сиёсат кор дошту на силоҳбадаст буд. Ягона гуноҳи он шаҳидони мазлум ин буд, ки тоҷик буданд ва ҳаммаслакони Раҳмон тамғаи «Ваҳҳобия»-ро ба онҳо зада буданд.

Мардуми азизи Тоҷикистон бояд зиракиро аз даст надода ва ба ин суханони ифротии раисҷумҳур аҳамият надиҳанд, хусусан кормандони ғамхоре, ки дар ҳақиқат дилашон ба ватан месӯзад ва дар КДАМ, ВКД ва ВДТ фаъолият мекунанд.

Вақте, ки  раисҷумҳур ошкоро як ҳизби чил ҳазор аъзодор ва зиёда аз ду милюн нафар тарафдорро тамғаи шиъа мезанад, ин худ як хиёнат ва ҷурмест нобахшиданӣ. Тоҷикистон як давлати дунявист ва мо бояд фаромӯш накунем, ки зиёда аз сесад ҳазор шаҳрванди шиъаи исмоилия дорем ва ҳамагуна тафриқа таҳқир ба онҳост ва натиҷааш як балои дигар ба сари ҳамаи мардуми кишвар аст.

Оре, ҲНИТ чанд ҳазор аъзо аз бародарони бадахшонии исмоилия дошт, вале намешавад даҳҳо ҳазор аъзои дигари суннимазҳаби ҳизбро ҳам шиъа хонд. Имрӯз дар Тоҷикистон ва берун аз он садҳо тоҷик дини насронӣ, масеҳӣ, зартуштӣ ва ҳатто буддоиро қабул карданд, оё мешавад тамоми миллатро зартуштӣ, насронӣ ва ё бутпарасту масеҳӣ гуфт? Мантиқ куҷост?

Фаразан, агар як нафар ё чанд нафаре пайрави аҳли ташайюъ шуда бошад, ин кори шахсии худи онҳост на  ҳизб, аз ин рӯ тамоми аъзо ва ҷонибдорони суннимазҳаби ҳизбро шиъа хондан, ин як тафриқаи навбатии Раҳмон аст ва ӯ ҳатман кадом барномаи шуме дорад ва бо ин роҳ мехоҳад балоеро ба сари мардум овраду боз солҳои тӯлонӣ худ ва оилааш болои мардум ҳукмронӣ кунад.

Бояд тамоми равшанфикрони миллат, аҳзоб ва гуруҳҳои сиёсӣ (хусусан ҲНИТ) Эмомалӣ Раҳмонро барои ҷиноятҳои содирнамудааш ба маҳкамаи суди байналмилалии Гаага кашанд, то ки дубора ҷиноятҳои гузаштаашро такрор накунад.

Муҳаммади Одинабек

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *