Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, ки равобити Эрон бо Тоҷикистон хешовандона буда, равобите амиқ ва мубтанӣ бар решаҳои муштарак ва куҳан мебошад.
Дар ин бора, гурӯҳи сиёсии Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон додааст.
Бино ба манбаъ, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон мегӯяд, наметавон пайвандҳо ва пайвастагиҳои мондагор аз гузаштаҳои дӯрро нодида гирифт. Фикр мекунам, таърих, ҷуғрофия, гузашта ва ояндаи тамоми иштирокот миёни мо, ҳама бар зарурати ҳамкориҳо ва ҳамдилиҳои ҳарчи бештари ду давлат ва ду миллат таъкид менамоянд.
Қосимӣ афзуд: Усулан сиёсати Эрон нисбат ба ҳамсоягон, сиёсати ошкор ва комилан равшан аст. Бар асоси тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо Эрон равобити ҳасанаро ба роҳ мемонад, ҳамҷаворӣ ва наздикии равобити Эрон бо давлату миллатҳо устувор аст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон таъкид карда гуфт: мо хоҳони Тоҷикистоне ҳастем, ки ҳамвора бархурдор аз амният, субот, муқтадир ва рӯ ба рушд бошад. Сиёсат ва рӯйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои баъд аз истиқлоли ин кишвар, истодан дар канори давлати Тоҷикистон будааст. Ин сиёсат тағйире накардааст. Эрон аз ҳеҷ гурӯҳе, ки алайҳи қонуни Тоҷикистон иқдом кунад, ҳимоят накарда ва намекунад. Ҳамеша равобити хубу бародарона бо ин кишварро хостор будааст.
Қосимӣ таъкид кард, ки барои кишвари Эрон истиқлол, тамомияти арзӣ, ҳокимияти миллӣ ва равобити дӯстонаву бародаронаи ду давлат аз авлавиятҳост. Нигоҳи Эрон ба равобит бо давлати Тоҷикистон нигоҳи хешовандӣ аст.
“Умедворем бо истифода аз тамоми зарфиятҳои мавҷуда ва бавежа фаъолтар шудани комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишвар, гомҳои муассир барои густариши равобити дуҷониба бардорем. Орзӯи қалби мо афзоиши ҳамдилӣ ва густариши равобит дар ҳама заминаҳо мебошад. Албатта, бояд ин таваҷҷуҳ ва ҳушёриро дошта бошем, ки равобити дӯстона ва бародаронаи мо ҳамвора, душманон ва бадхоҳоне доштаву дорад, ки бояд бо ҳушмандӣ, талошҳои шайтанатомези тахрибгарони равобити ду кишварро хунсо кунем!”. — афзуд ӯ.
Қосимӣ дар поён изҳор дошт:
Усулан бо таваҷҷуҳ ба шароити минтақа, қувваҳое, ки барои густариши ифротгароӣ ва тақвияти терроризм мекӯшанд, то амнияту суботи ҳокимияти кишварҳоро ҳадаф қарор диҳанд, дар як ҳамкории муштарак то аз миён рафтани ин таҳдидот бояд талош намуд. Ин ба як азми ҳамагонӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ ниёз дорад.
Эрон ба саҳми худ то кунун бо тамоми тавон дар ин масир гом бардошта, дар канори тамоми кишварҳо ва ҳокимиятҳое буда, ки мавриди таҳдид аз сӯи терроризм ва ифротгароӣ қарор доштаанд ва ин рӯйкардро ҳамчунон идома хоҳад дод.