Рубрики Хабарҳо

Патентпулии соҳибкорони инфиродӣ 5,4% зиёд мешавад

Нархи патенти соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон 5,4% зиёд мешавад.

Дар ин бора,  Вазорати молияи Тоҷикистон ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ фармоиши муштарак содир кардаанд.

Нархи патентпулӣ бори охир соли 2016 бозбинӣ шуда буд.

Дар кишвар 48 намуди фаъолияти соҳибкории инфиродӣ бар асоси патент амалӣ мешавад.

Тибқи ин фармон тасдиқи андозҳои бозбинишудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) дар соли 2019 мувофиқи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, дастур дода шудааст.

Фармон ба Вазорати адлия пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмӣ, меъёрҳои нави патент мавриди амал қарор мегиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *