Қиёс: Қирғизистон ба ҳар 1860 нафар як масҷид, Тоҷикистон ба ҳар 2250 нафар
Дар Қирғизистон, дар давоми 28 соли гузашта, пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 2,500 масҷидҳо сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Дар ин бора, Зоирбек Эргашев, директори Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои дини Қирғизистон зимни баргузории як мизи мудаввар хабар дода гуфт, айни ҳол ҳуҷҷати садҳо масҷиди нави дигар дар арафаи барасмиятдарорист.
Зоирбек Эргашев афзудааст, барои сохтмони масҷид даҳҳо ариза вуҷуд дорад, ки дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Ба гуфтаи директори Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои дини Қирғизистон, то пошхурии Иттиҳоди шуравӣ ҳамагӣ 39 масҷид дар Қирғизистон фаъолият мекарданд. Дар айни замон, 3233 созмонҳои динӣ расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ӯ изҳор намуд, ки даҳҳо масҷиди замонавӣ дар Қирғизистон бо кумаки кишвари Туркия сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Тибқи маълумоти Зоирбек Эргашев айни ҳол дар Қирғизистон, ки зиёда аз 6 млн 200 нафар зиндагӣ мекунанд, ба сари 1860 нафари аҳолӣ як масҷид рост меояд.
Ин дар ҳолест, дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки наздик ба 9 млн нафар аҳолӣ дорад, аз теъдоди зиёда аз 4000 масҷид, бино ба гузориши расмии Кумитаи дини Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2018, 1983 масҷид баста шудааст. Бар замми ин бастани масҷидҳо ва табдили онҳо ба марказҳои дилхушиву фароғатӣ ва маишӣ идома дорад. Айни ҳол дар қиёс бо Қирғизистон, бо шумули масҷидҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон боздошта шудааст, ба ҳар 2250 нафари аҳолӣ дар Тоҷикистон як муассисаи динӣ рост меояд.