Рубрики Хабарҳо

Филмҳои ВКД Тоҷикистон дар бораи Гадоев аз ютубканали «фабрика»бардошта шуданд

Аз Ютубканали «Ифшо шоу» (IFSHO SHOW)  чанд навореро, ки дар бораи бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон нашр карда буд,  ҳазф кардаанд.

«Иншо Show» аввалин ютубканале буд, ки аз бозгашти Шарофиддин Гадоев навор пахш кард. Дар он навор Шарофиддин Гадоев изҳорот дод, ки ба Тоҷикистон бо хоҳиши худаш баргаштааст. Илова бар ин боз ду видеои дигаре ҳам, ки дар бораи Шарофиддин Гадоев, дар ин ютубканал нашр шуда буд, бардошта шудааст — яке филме, ки гӯё Гадоев худаш баъди бозгашташ бо телефони дастиаш сабт кардааст, дигарӣ, филми аз фурӯдгоҳ ба идораи пулис рафтани ӯ, ки тибқи ҳисоби Темур Варқӣ, фаъоли сиёсии тоҷик бо 18 камера сабт шудааст.

Субҳи имрӯз, 20 феврал аввал бахши форсии Радиои ВВС, сипас Паймони миллии Тоҷикситон  видеоеро нашр карданд, ки гуфта мешавад, пеш аз сафари Шарофиддин Гадоев ба Русия сабт шудааст.

Дида мешавад, ин наворро худи  Шарофиддин Гадоев пеш аз сафараш ба Русия сабт карда, изҳорот додааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо хоҳиши худ ба кишвар баргаштанӣ нест.

Ӯ мегӯяд: «Ин наворро Шумо дар ҳолате пайдо мекунед, ки ё ман кушта шудаам, ё маро дуздидаанд, ё ман бедарак шудаам. Дар ҳамин се ҳолат!».

Баъди ин гузориши радиои Бибиси ва пайдо шудани сабти навори муроҷиати Шарофиддин Гадоев пеш аз сафараш ба Русия, тамоми наворҳо дар бораи Шарофиддин Гадоев аз ютубканали Ифшо шоу бардошта шуд.

Он наворҳоро корбарони интернет ба боди масхара кашида буданд. Баъзеҳо мегуфтанд ВКД Тоҷикистон аз Ҳолливуду Болливуд ҳам гузашт, дигарон пешниҳод мекарданд, филм ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ карда шавад. Як корбар филмро Раҷ Капур продакшн ҳам хонд.

Бо чи далел аз ин ютубканал наворҳои марбут ба Шарофиддин Гадоев бардошта шудааст, маълум нест. Танҳо тахмин зада мешавад, ки ютубканал мутааллиқ ба Фабрикаи ҷавоби тобеи мақомоти қудратии Тоҷикистон мебошад.

Мо он наворҳоро нусхабардорӣ кардаем. Ва дар дигар каналҳо ҳам сабт шудаанд. Марҳамат тамошо кунед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *