Categories Хабарҳо

Рукнҳои никоҳ

Рукнҳои никоҳ

Чигунае, ки ҳар як чиз шартҳои асосии худро дорад, никоҳ низ дорои чанд шартҳои муҳим аст. Агар яке аз шартҳо ё худ рукнҳои никоҳ вайрон шавад ва ё нуқсон пайдо кунад, никоҳ саҳеҳ ҳисобида намешавад. Рукнҳои никоҳро дар зер аз муҳимтаринаш оғоз мекунем:

Ризогии ду тараф

Муҳимтарин рукни никоҳ ин ризоияти арусу домод мебошад. Агар яке аз инҳо розӣ набошанд, никоҳ ботил ҳисобида мешавад. Чигунае, ки ризогии домод муҳим аст, ҳамон гуна ризогии арусшаванда низ зарур мебошад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегуянд:

لا تنكح البكر حتى تستأذن  و اذنها سكوتها

Духтаронро то вақте, ки ризоияташонро напурсидед, ба шавҳар надиҳед. Вақте аз паёмбар пурсиданд, ки шояд духтар аз “ман розӣ” гуфтан шарм кунад, пас чигуна ризогияшро пурсем? Паёмбар гуфтанд: Хомӯшии духтар нишонаи ризогии ӯст. ( Саҳеҳи Муслим)

Оре, ин шариъат аст ва меҳрабонии Аллоҳ аст, ки мегӯяд духтарони худро бо зур ба шавҳар надиҳед. Аввалан ризогии онҳоро бипурсед. Чун занҳои муъмина ҳаққи интихоби шавҳарро доранд.

Ҳузур валии арӯс дар никоҳ

Валӣ дар шариъати ислом, ин падари арӯс аст. Агар падар надошта бошад, падарбузург, сипас бародар, сипас амак ё тағо. Ҳамин тавр наздиктару  наздиктарин хешовандони марди занро валӣ мегӯянд. Дар ҳолати вуҷуд доштани падар, касе ҳаққи валӣ будан ба арӯсро надорад. Бояд зикр кунем, валие, ки дар никоҳи духтар нақши асосиро дорад, шартҳои хос дорад:

Валӣ бояд оқил ва ба синни булуғ расида, рашид (оне ки чи баду чи нек медонад), мард ва ҳатман бояд мусалмон бошад. Пас, шахси аз ақл бегона, кудаки ба балоғат нарасида, инсоне, ки саҳеҳу хаторо дарк намекунад, инсони ғайри мусалмон ва инчунин зан ҳаққи валӣ буданро дар никоҳ надоранд.

Никоҳе, ки будини валӣ баста мешавад, дар шариъат саҳеҳ нест ва тибқи ҳадис ҳатто ботил аст. Паёмбар мегуянд:

ايما امراة نكحت بغير اذن وليها قنكاحها باطل فنكاحها باطل فنكاحها باطل

Кадом зане, ки бе иҷозаи валии худ ба ҳамсар мебарояд, никоҳи ӯ ботил аст, ботил аст, ботил аст. (сунани Тирмизӣ)

Оре, таъкиди паёмбар, воҷиб будани ҳузури валии арусшаванда дар никоҳро мефаҳмонад.

Зан наметавонад бидуни ризогии валияш ба ҳамсар барояд. Зеро, занҳо аз рӯи одати таббии худ аз ҳама аҳволи мардҳо бохабар шуда наметавонанд. Валӣ метавонад барои қавӣ гаштани як оила кумак кунад. Албатта, марде ки хонумеро аз дасти як мард ба никоҳ мегирад, масулияти зиёдтарро  ба душ мегирад. Чи қадр хуб мешуд, агар падарон пеш аз никоҳ, аз домод аҳду паймон мегирифтанд. Мегуфтанд, ки писарам! Ин духтар дар хонаи мо азиз буд, ҳамагон дӯсташ медоштем, то ҳамин рӯз чун нури чашм нигоҳ доштаму бузург кардам. Имрӯз бо калимаҳои Илоҳӣ ӯро ба дасти ту амонат месупорам. Ба ман аҳд бикун, ки бо ӯ муносибати хуб дошта бошӣ!

Чигунае, ки дар хонаи ман азиз буд,  дар хонадони худ низ азиз бидор. Духтарамро бароят ҳамчун ҳамсар, рафиқи ҳаёт ва дасти рост амонат медиҳам, аз амонат ба хубӣ нигоҳдорӣ кун.

Ба духтараки худ низ  бигӯяд, азизи падар! Имрӯз ба хонаи аслии худ меравӣ, хонае, ки бароят бегона аст, аммо бо гузашти замон кошонаат мегардад. Бо ҳамсарат ва хонадонаш эҳтироми самимӣ гузор ва хостаҳояшонро эҳтиром кун! Фаромӯш масоз, ки ту зиндагии муштаракро оғоз мекунӣ ва ҳеҷ хонадоне аз мушкиливу баъзе нофаҳмӣ холӣ нест.  Пёмбарамон бо вуҷуди он ки беҳтарин халқи Аллоҳ дар дунёву охират ҳастанд, дар зиндагии оилавӣ баъзе мушкилиҳо доштанд. Азизи падар, агар аз касе ранҷидӣ ё бароят зулм шуд ва ё хеле дилшикаста шудӣ, худро ба даст гир ва фаромӯш накун, ки инҷо падар дорӣ! Ғуссаҳоятро бо ман бихур, худатро ҳаргиз танҳову бепаноҳ ҳис макун. Роҳи чораро бо суҳбату гуфтушунид метавонӣ биёбӣ ҳамеша бидон зан будан ин заъифу муҳтоҷӣ нест. Зан будан бонӯи хона, мурабии фарзанд ва созандаи ҷомеъа аст.

Агар ингуна насиҳатҳо пеш аз гусели духтар ба хонаи шавҳар ба амал меомад, қуввати дили арӯс мешуд, то дар лаҳзаҳои сахтии ҳаёт бидонад, ки падаре дорад, ки бо тамоми ҳастӣ ӯро дастгирӣ мекунад ва намегузорад хоре ба пояш халида шавад.

Афсус, ки падарҳо ҳатто дар никоҳ ҳузур доштан барояшон амри хиҷолатовар аст, куҷо расад ба аҳду паймон ва насиҳатҳои самимӣ.

Ҳузури шоҳидон

Дар никоҳ ҳозир будани ду шоҳид ҳатмист. Паёмбар мегуянд:

لا نكاح الا بولي و شاهدي عدل

Дар никоҳе, ки валӣ ва ду шоҳиди одил ҳузур надошта бошанд, он никоҳ асло саҳеҳ нест. (Дорқутнӣ)

Оре, шоҳидон бояд ду нафар бошанд. Ин ду нафар, ҳатман ду марди оқилу болиғ ва одил, ки фосиқу олудаи гуноҳ набошанд. То битавонанд, агар мушкилие дар оянда ба пеш ояд, бигӯянд, ки ман шоҳиди никоҳи инҳо будам ва метавонам маълумоти комил дар бораи никоҳи ин ду нафар бидиҳам.

Эълони никоҳ

Ҳатман бояд никоҳ  эълон шавад, то ҳамагон бидонанд, ки ду бегона, ҳамсари ҳамдигар, маҳрами ҳамдигар шуданд ва аз бо ҳам дидани ин ҷуфт гумонҳои бад набаранд.  Дар ҳадиси шариф омадааст:

اعلنوا النكاح

“Никоҳи худро ба дигарон эълон кунед” ( Муснади Аҳмад)

Вақте, Абдураҳмон писари Авф, аз издивоҷи худ ба паёмбар хабар доданд, Паёмбар ба Абдураҳмон гуфтанд: Ба мардум зиёфат бидеҳ, ҳатто  ба миқдори як гӯсфанд бошад.

Пас, бо камтарин таъом бошад ҳам,  бояд мардумро зиёфат дод ва никоҳро зълон кард.

Асоситарин ҷониби дигари никоҳ ин маҳр аст, ки иншоаллоҳ дар барномаҳои дигар пешкаши шумо мегардад.

Муслима Аҳмадӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *