Муҳаммадиқболи Садруддин, яке аз руҳониёни донишманди тоҷик, пажӯҳишгари умури динӣ ва мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ”, зимни мусоҳибааш бо хабаргузории Тасним гуфтааст, Шӯрои расмии уламои Тоҷикистон ба ҷои пуштибонӣ аз шариати исломӣ барои анҷоми дастурҳои ҳукумат бештар миён бастаанд. Бо ин далел Муҳаммадиқболи Садриддин зарур медонад, ки: “Руҳониёни мустақил ва мардумии тоҷик бояд шӯрои дигаре ташкил дода, ба умури динии миллат бипардозанд”.
Мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ” бо нигаронӣ гуфт: Пеш аз ин ҳатто шоҳиди ҳалол кардани бархе ҳаромҳо ва ҳаром кардани бархе ҳалолҳо дар ростои дастурҳои ҳукумат будаем. Шӯрои уламо як ташаккуле аст, дар хидмати ҳукумат ва ҳарчӣ раисиҷумҳур ва Кумитаи амният барои онҳо амр кунанд, маҷбуранд амалӣ намоянд”.
Ӯ афзуд, ки мамониатҳои зиёде дар умури исломӣ мисли баста шудани масоҷид, бозгашти ҷавонони дар хориҷ таҳсилкарда, бастани мадорис, табдили масоҷид ба тафреҳгоҳҳо, мамониати занон аз вуруд ба масҷид, мамнӯъ шудани рафтани ҷавонони камтар аз 18 сол ба масҷид аз сӯи ҳукумат дида мешавад, аммо то имрӯз аслан ҳеч вокунише аз тарафи Шӯрои уламо надидаем”.
Зарурияти ташкили Шурои уламои мустақили диниро Муҳаммадиқболи Садриддин дар он медонад, ки ҳатто тавҳин ба уламову руҳониён аз сӯи мақомоти давлатӣ ва гумоштаҳояш ба тарзи бесобиқае афзоиш ёфтааст, ки дар баробари ин Шурои уламои расмии Тоҷикистон ҳама имконияти дифоъ аз муқаддасоти динӣ ва каромати инсонии мусалмононро аз даст додааст.
Мудири пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ мегӯяд: Руҳониёни мустақил ва мардумии тоҷик мебояд шӯрое ташкил дода, барои пайдо намудани роҳҳалҳо дар умури дин кор кунанд ва ба дифоъ аз шарофату каромати инсонии миллат бипардозанд.