Рубрики Хабарҳо

Ирон хостори воми 5 миллиард долларӣ аз сандуқи байналмилалии пул шуд

Раиси банки марказии Эрон эълом кард, ки кишвараш хостори эътои тасҳилоти 5 миллиард долларӣ аз сӯи сандуқи байналмилалии пул шудааст. 

Абдунносир Ҳимматӣ, раиси кулли банки марказии Эрон эълом кард кишвараш хостори эътои тасҳилоти 5 миллиард долларӣ аз сӯи сандуқи байналмилилии пул ба далели шуйӯъи коруно ва таъмини манобеъи лозим барои муқобила бо ин беморӣ шудааст. 

Ҳимматӣ дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии инстогром навишта, ки рӯзи ҷумъа 13 март тайи номае ба Кристолино Ҷорҷио, раиси булғорияи сандуқи байналмилалии пул, хостори эътои ҳудудан панҷ миллиард доллар “тасҳилоти таъмин молӣ сареъи RFI”  аз сӯи ин сандуқ ба Эрон шудааст. 

Раиси банки марказии Эрон ҳамчунин изҳор дошта: “Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сандуқи байналмилалии пул метавонад меъёри хубе барои арзёбӣ иддаоҳои онҳо дар кумак ба контроли ин вирус ва коҳиши ранҷҳои мардуми осебдида бошад. Умедворам сандуқи байналмилалии пул ба ин масъулияти худ дар ҳавзаи вазоифаш ба суръат амал кунад.” 

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ бо интишори паёме дар твиттери худ навиштааст: “Банки марказии мо хостори дастрасии фаврӣ ба ин имкон аст.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *