Ба хотири ҳозир нашудани ҳайати Тоҷикистон дар музокира бо мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли парвозӣ миёни ду кишвар, Русия бори дигар Тоҷикистонро ба таҳримҳо таҳдид кард.
Тибқи машварати пешакӣ намояндагони мақомоти Тоҷикистон бояд рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ барои музокира бо мақомоти Вазорати нақлиёти Русия ба Маскав мерафт.
Ин музокира барои ҳалли ихтилофҳо бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” бояд анҷом мегирифт, ки анҷом наёфт ва русҳо дубора Душанберо ба таҳримҳо таҳдид кардаанд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар нашр кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл мақомоти зидахли Русия ба ду ширкати “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” дастур дода буданд, барои парвоз ба шаҳрҳои Русия бояд ба дунболи интихоби роҳҳои нав бошанд.
Ин иқдом боиси тӯлонитар шудани замони расидани ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба ин кишвар ва масрафи зиёди сӯхт шуд.
Баъдан мақомоти Тоҷикистон эълон краданд ҳамин иқдомро алайҳи русҳо анҷом додаанд. Онҳо гуфтанд дарвозаи вурудии ҳавоии Тоҷикистонро барои ширкатҳои русӣ иваз кардаанд, ки боис шудааст муддати парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо беш аз ним соат тӯлонитар шавад.
Ихтилофҳои нав бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз замоне оғоз шуд, ки Вазорати нақлиёти Русия аз рӯзи ҳафтуми марти соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба иқдоми ҷавобӣ таҳдид кард.
Баҳонаи Вазорати нақлиёти Русия ин буд, ки Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи иҷозаи парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе ва Хуҷанд амал накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид кардааст, Русия аз ин парвозҳо суди фаровони молӣ касб мекунад, ки ба зиёни ҷониби Тоҷикистон аст.
Ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст.