Рубрики Хабарҳо

Таркиши Кобул 14 қурбонӣ ва 18 захмӣ дошт

Имрӯз баъд аз пешин ҳаводорони Атомуҳаммади Нур, раиси иҷроияи  Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар Кобул мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Ба гузориши ББС, ин таркиш имрӯз, панҷшанбе, 25 октябр, ҳудудан дар соати 2 баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ рух дод. Шумори куштаҳои таркиши Афғонистон дар минтақаи Хайрхонаи Кобул ба 14 нафар расида, 18 нафари дигар захмӣ шудааст.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз сайти “Аъмоқ” гузориш кард, ки гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (ДИИШ) масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст

Ҳамзамон сухангӯи полиси Кобул ба ББС гуфтааст, шумори куштаҳо шомили 6 ғайринизомӣ ва 8 маъмури полис ва захмиҳо ҳам шомили 11 ғайринизомӣ ва 7 маъмури полис ҳастанд.

Исмоил Ковусӣ раиси нашароти вазорати сиҳат (беҳдошт) пештар аз интиқоли шонздаҳ захмӣ ба шифохонаҳои Кобул хабар дода буд.

Басир Муҷоҳид, сухангӯи фармондеҳи полиси Кобул мегӯяд, ҳамлакунандаи интиҳорӣ замоне, ки аз сӯи нирӯҳои амниятии мустақар дар маҳалл шиносоӣ шуд, маводи таркандаи ҳамроҳашро мунфаҷир кард.

Ин инфиҷор дар муқобили толори арӯсии «Қасри навин» рух дода, ки гирдиҳамоии ҳаводорони Атомуҳаммади Нур, волии Балх ва раис иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ  дар он дар ҳоли баргузорӣ буд.

Дар даъватномаи ин маросим, ки зер номи «Накӯдошт аз нури меҳан» аз сӯи шабакаи саросари ҷавонони андешаманди Афғонистон баргузор шуда буд, омада, ки ҳадафи ин нишаст гиромидошт аз хадамоти Атомуҳаммади Нур, волии Балх аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *