Рубрики Хабарҳо

Дар Тоҷикистон доллар дастнорас шуд

Бонкдорони тоҷик доллари ИМА-ро барои мардум дастнорас ва аз ворид шудан ба муомилоти пулӣ дар Тоҷикистон муваққатан “маҳрум” кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳои кишвар, субҳи имрӯз доллар дар  саррофиҳои назди бонкӣ дар Тоҷикистон яку якбора камчин шуд. Аммо то кунун мақомот дар ин бора шарҳе ироа накардаанд.
Коршиносон мегӯянд, яке аз иллатҳои асосии нопадид шудани доллар дар байни мардум ва нуқтаҳои мубодилаи асъор ба вазъи асафбори иқтисодии Тоҷикистон рабт мегирад ва аз сӯи дигар омилҳои дарунӣ низ дар ин раванд нақши калонеро иҷро мекунанд.  
Мақомоти Тоҷикистон ба баҳонаи наҷоти пули миллӣ дар соли  2015 фаъолияти тамоми саррофиҳоро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барҳам додаанд ва сипас бо судури қарору фармонҳои ҷадиди худ эълон кардан, ки ҳар касе дар замина бидуни муҷавиз фаъолияти худро идома бидиҳад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Дар ҳамон сол баъд аз баста шудани саррофиҳо тамоми бонкҳо ва муассисаҳои молӣ муваззаф гардиданд, ки дар назди биноҳои асосӣ ва шуъбаҳои худ нуқтаҳои мубодилаи асъорро таъсис дода, ин саррофиҳо мустақиман зери назари бонкҳо амал кунанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки тамоми саррофиҳо зери назорати бонкҳо кор мекунанд ва вақте дар бонкҳои кишвар доллар камчин шудааст, онҳо наметавонанд ниёзҳои мардумро таъмин кунанд.
Ҳамзамон сомонаи Радиои “Озодӣ” дар ин маврид навиштааст : ”Хазинадорони бонкҳо гуфтанд, ки дар як рӯз маъмурият барояшон то 2 ҳазор доллар медиҳанд ва бинобар бисёр будани харидорони доллар ин миқдор пул то нисфирӯзӣ тамом мешавад.
Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 доллари амрикоиро барои имрӯз 8 cомонию 8124 дирам муайян кардааст, аммо дар бозори сиёҳи муомилоти пулӣ арзиши 100 доллар беш аз 900 сомониро ташкил медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *