Рубрики Хабарҳо

Ислоҳоти андоз дар Ӯзбекистон даромади андозро 1,7 баробар бештар кард

Дар семоҳаи аввали соли 2019 дар Ӯзбекистон шумори шахсони воқеъие, ки андоз аз даромад месупоранд, 450 ҳазор нафар зиёд шуда, ба 4,8 миллион расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии андози ин кишвар хабар медиҳад.

Афзоиши шумори андозсупорандагон дар натиҷаи ислоҳоти системаи андоз, аз ҷумла ҷорисозии меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони воқеъӣ ба ҳаҷми 12%, ба даст омадааст. Поён бурдани меъёри андоз имкон дод, ки  корхонаҳо 169 млрд сӯм ($20 млн), ва коргарон — 1,7 трлн сӯм ($202 млн) сарфа кунанд. Қаблан ин маблағҳо ба буҷа пардохт мешуданд.

Бо вуҷуди ин, бинобар аз “соя” берун омадани шахсони воқеъӣ ва ширкатҳо, даромади андоз дар семоҳаи аввал 1,7 маротиба афзуда ба 18,4 трлн сӯм ($2,1 млрд) расидааст. Воридшавии андоз аз арзиши иловашуда бошад 2 маротиба ва андоз аз фоида 2,6 маротиба афзудааст. Дар ҳамин ҳол шумори андозсупорандагон дар ҳарду ҳолат 5(!) маротиба афзоиш ёфтааст.

Шумори супорандагони андоз барои об бошад 14,4 баробар бештар шудааст, ки дар натиҷа ба 49,7 ҳазор шахси ҳуқуқӣ расидааст. Шумори супорандагони андоз барои замин 5,8 маротиба бештар гашта 75 ҳазор шахси ҳуқуқиро ташкил додааст.

Кумитаи андози Ӯзбекистон ба ин назар аст, ки ин рақамҳо гувоҳи “дурустии роҳи иқтисодии пешгирифташуда” мебошад. Ислоҳоти соҳаи андоз ва ҷорисозии таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба шаффоф ва мунсифона гардидани соҳаи андоз мусоидат мекунад, гуфта мешавад дар иттилоъияи ин ниҳод.

Консепсияи такмили сиёсати андоз дар Ӯзбекистон моҳи июни соли 2018 қабул шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *