Рубрики Хабарҳо

Талаби истеъфои Бег Сабур ҳам ҷиноят аст?

Мақомоти Тоҷикистон ба як корбари фейсбук барои талаби истеъфои Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳур, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Алишер Алихонов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки барои интиқод аз Бег Сабур ва талаби истеъфои ӯ ба наздиконаш фишор меоранд.

Бо такя ба қавли наздиконаш ӯ навиштааст, ки алайҳи худаш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Алихонов баъди эълони гароншавии қимати интернет, дар Фейсбук флешмобе бо талаби истеъфои Бег Сабур аз мақоми сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд. Баъди ин мақомоти кишвар ӯро ба ҳамкорӣ бо мухолифин, дақиқан бо раҳбари Паймони Миллӣ Муҳиддин Кабирӣ муттаҳам карданд.

Алишер Алихонов навиштааст “Ман дар Фейсбук зидди Бег Сабур флешмоб тайёр карда будам, барои боло бурдани нархи Интернет. Дар гурухҳои фейсбукӣ мардумро даъват карда будам, ки сарҷамъ шавем ба зидди Бег Сабур ва хоҳиш кунем ки ӯ аз вазифааш озод карда шавад. Имрӯз барои кори кардаи ман ба наздикони ман фишор оварда истодаанд, ва бар зидди ман делои ҷиноӣ кушодаанд. ВКД манро туҳмат карда истодаанд ки ман дар Аврупо бо Кабирӣ ҳамкорӣ мекунам. Ман ба ВКД садҳо бор гуфтам ки ман шахсан безорам аз Наҳзат ва ба ягон гуруҳ пайваст нестам. Ин чӣ Давлату Давлатдорист ки ҳаққи гап заданро надорем мо?? Як пешних,од ба Хукумат, Китоб нависед дар бораи чӣ мумкин гап задан”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *