11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Чаро парвози эълоншудаи Тоҷик Эйр амалӣ нашуд?

Агентии авиатсионӣ ҷадвали парвозҳои тобистонаи ширкати миллии ҳавопаймии Тоҷик Эйр-ро тасдиқ накард.

Дар оғози моҳи март ВАО-и Тоҷикистон бо истинд ба намояндаи ширкати ҳавпаймоӣ иттилоъ доданд, ки Тоҷик Эйр аз 31 март ба парвозҳои худ дар самтҳои Душанбе — Млсква ва Хуҷанд — Москва оғоз мебахшад.

Аммо тибқи иттилоъи манбаъи “Паём”, ширкати ҳавопаймоӣ аслан нияти парвоз кардан надошт. Хабари азсаргирии парвозҳо ба хотири поёнтар бурдани тасфи баҳсҳо дар браи инҳисорӣ шудани бозори ҳавопаймоӣ аз тарафи Сомон Эйр буд.

Табиист, ки 31 март Тоҷик Эйр ба ҳеҷ самте парвоз накард. Ҳамчунин то имрӯз Агентии авиатсионӣ ҷадвали парвозҳои ширктаи миллиро тасдиқ накардааст.

Ҳамаи чаҳор ҳавопаймои ширкат дар истгоҳи ҷанубии фурӯдгоҳи Душанбе қарор доранд. Яке аз Боингҳо бидуни як муҳаррик аст ва зери ҳабс қарор дорад.

Хотиррасон мекунем, ки дар оғози соли ҷорӣ ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ, ки ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад, аз идомаи таъмини сӯзишвории Тоҷик Эйр бинобар қарзи ин ширкат, даст кашид. Чун дар Тоҷикистон воридон ва фурӯши керосини авиатсионӣ монополия шудааст, ширкати миллии ҳавопаймоӣ парвозҳояшро боздошт.

Баъди боздоштани парвозҳои Тоҷик Эйр, ҳамаи хатсайрҳо ба ихтиёри ширкати хусусии Сомон Эйр гузашт, ки ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур таъаллуқ дорад ва дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷик Эйр ҳоло танҳо як ҳавопаймо дорад, ки зери ҳабс қарор дорад, се ҳавопаймои дигараш бо лизинг гирифта шудаанд. Тибқи созишномаи лизингӣ, новобаста аз он ки ширкат парвоз анҷом медиҳад ё на, бояд пули иҷораро супорад. Аммо вақте ҳавопаймоҳо парвоз намекунанд, марги ширкат фаро расидааст.

Худи кормандони Тоҷик Эйр шӯхӣ мекунанд, ки “ончӣ Сомон Эйр ғасб кард, баргашт надорад”. Ҳанӯз соли 2008, замоне ки Сомон Эйр тоза вориди бозор шуда буд, Тоҷик эйр аз хатсайраш ба Маскав дар “прайм-тайм” (дастноратарин вақт дар рӯз) маҳрум шуд.

Дар ҳеҷ ҷои дунё ин кор вуҷуд надорад, ки мақомот аз ширкати давлатӣ хатсайрҳои даромадноктаринашро гирифта ба ширктаи хусусӣ диҳанд.

Дертар Тоҷик эйр хатсайрҳояш ба Шарҷаи Аморати муттаҳидаи араб ва Истамбули Туркияро аз даст дод. Сомон Эйр натавонист парвоз ба Шарҷаро идома диҳад, аммо то ҳол ба Истамбул пайваста парвоз мекунад.

Баъди бӯҳрон раисҷумҳур ба ҳайси раҳбари кулли Тоҷик эйр Дилшод Исматуллозода — нафари наздик ба Ҳасан Асадуллозодаро таъин кард. Дар соҳаи авиатсия ӯ шахси тасодуфист ва асосан чун мудири молиявӣ кор кардааст. Мақомҳои қаблии ӯ ҳам таъаҷҷубовар нестанд — раҳбари Раёсати сармоягузории НБО Роғун ва дертар раҳбари масоили молиявии ҳамин нерӯгоҳ.

Дилшод Исматуллоев ҳамчунин қабл аз нишастанаш ба курсии раҳбарии Тоҷик Эйр ҷонишини раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд, яъне муовини Озода Раҳмон.

Бародари ӯ Шӯҳрат Исматуллоев муовини раиси Ориёнбонк аст, ки ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Бардари дигараш Ҳасан раиси Маркази савдои Рӯдакӣ-Плаза мебошад. Дугоники Ҳасан — Ҳусейн ба “шустан”-и пулҳои оила ва фиристодани онҳо ба офшор дар ҷазираҳои Вирҷин  — Yab Group Ltd машғул аст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *