Рубрики Хабарҳо

Ҳеҷ мақоме то ҳол аризаи ҳамсари Ҳаитро баррасӣ накардааст

Ҷамшед Ёров

Инак як моҳе сипари шуд, ки ҳамсари Маҳмадали Ҳаитов ба мақомотҳои қудратӣ бо ариза оиди шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати шавҳараш муроҷиат кард. Муроҷиат ҳам хатӣ ва ҳам аз тариқи шабакаҳои интернетӣ карда шуда буд.

Вале дар ин муддат ягон мақомот, ки вазифадор буданд хабар оиди ҷиноятро санҷанд вокунише нишон надоданд. Ҳатто бинобар маҳбуси сиёси будани Маҳмадали Ҳаит зарур нашумориданд, ки ба аризадиҳанда ҷавобе нависанд. Ягон гуруҳ ё комиссия барои тафтиши ваҷҳои овардаи ҳамсари Маҳмадали Ҳаит ташкил накарданд. Чизеро, ки ҚОНУН барои санҷидани аризаҳо талаб мекунад анҷом надоданд.

Фақат барои ором кардани афкори ҷомеа ва ҳисобот дар назди хоҷагонашон сардори СРИЧЧ Вазорати адлия Умаров М. ба хабарнигорон гуфта гузашт, ки у Маҳмадали Ҳаитро моҳи январ хабар гирифта будааст ва у ягон шикоят надорад. Тамом, ҳамин кофи буд, ки аризаи ҳамсари у бебараси монад. Ҳатто ба ҳамсараш оиди дар кадом марҳила будани аризааш ахборот ҳам намедиҳанд.

Сарчашмаи ҳамаи ин қонуншиканӣ ва ҷиноятҳо аз вазъи ҳуқуқии Маҳмадали Ҳаит бармеояд. Маҳмадали Ҳаит — маҳбуси сиёсист! Ҳабси у фармоишӣ ва ғарази сиёсӣ дошт. Ҳам дар рафти мурофиаи судӣ ва ҳам айни ҳол, дар маҳбас, мақомот кушиш мекунад, ки бо воситаи ҷиноятҳои хизматӣ, шиканҷа, лату куб ва таҳқирҳо руҳияи Маҳмадали Ҳаитро шиканад. Умедворем, ки ин кор ба онҳо муяссар намешавад.

Айни ҳол қисми дуюми шикояти кассатсионии Маҳмадали Ҳаитро ба шумо пешкаш менамоям. Худ хонда қазоват кунед, ки то кадом дараҷа тафтишот қонуни гузаронида шудааст, чаро тафтишоту прокуратура ва суд фақат ба тахминҳо такя мекарданд. Чаро онҳо «далелҳои сунъӣ» меҷустанд.

ШИКОЯТИ КАССАТСИОНИИ МАҲМАДАЛИ ҲАИТ
( қисми дуюм)

Мақомоти Тафтишоти пешакӣ манро бо 14 моддаи Кодекси ҷинояти мутаҳҳам мекунад. Яке аз онҳо он аст, ки гуё ман бо Назарзода А. иттиҳоди ҷиноятӣ ташкил намуда даст ба ҷиноятҳои вазнин зада бошам.

Муҳтарам аъзоёни коллегияи судӣ! Суд ҳангоми баровардани ҳукми худ мутобиқи талаботи моддаи 335 КМЧ ЧТ дар миёни дагар масъалаҳо бояд, ки масъалаҳои зеринро низ ҳал мекард:
— кирдоре, ки дар содир намудани он ман айбдор карда мешавам, ҷой дорад ё не?
— оё исбот шудааст, ки ин кирдорро ман содир кардаам;
— ин кирдор ҷиноят аст ё не, ва он маҳз бо кадом моддаи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст;
— ба ман барои ҷинояти содирнамуда ҷазо додан лозим аст ё не, ва кадом намуди ҷазо ба ман равост.
Мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ айбдорӣ ва ё бегунохии судшавандагон бояд дар асоси таҳқиқи далелҳо дар мурофиаи суди муайян карда шавад.
Руйхати «далелҳо» дар қисми дуюми моддаи 72 КМҶ оварда шудаанд, ки онҳо нишондодҳои ҷабрдидагон, шоҳидон, судшавандагон, хулоса ва нишондоди коршиносу мутахассиссон, далелҳои шаръи, протоколҳои амалҳои тафтишотӣ ва ғайра мебошанд.
Ҳар як далел бояд аз нигоҳи мансубият, имконпазири, саҳеҳ будан ва ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда дар маҷмуъ аз чиҳати кифоя будан барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ бояд баҳо дода шавад.
Вале аз тарафи судя Сатторзода А. талаботи қонуни мазкур пурра вайрон карда шудааст. Хулосабарории судя оиди саҳеҳ, мансубият, имконпазирии далелҳои парванда оиди гунаҳгории ман нодуруст ва ғаразнок мебошанд. Судя ҳатман бояд ба тарзу усули гирифтани ин гуна нишондодҳо диққати худро ҷалб мекард. Ҳарчанде, ки шоҳидон дар рафти мурофиаи суди оиди рафтору кирдори ношоистаи кормандони таҳқиқ ва тафтишот, оиди таҳқир ва зуроварӣ, шиканҷа сухан ронданд, ваде судя Сатторзода А. он нишондодҳои дар тафтишот додаи онҳоро дуруст шуморида нишондодҳои додаи мурофиаи судиро чун пуштибони аз ман ҳисоб мекунад. 
Чи хеле, ки дар боло қайд кардам, тафтишоти пешакӣ манро дар содир кардани 14 ҷиноят мутаҳҳам мекунад. Яке аз ин айбҳо ва аз ҳама вазнин ин ташкили иттиҳодияи ҷинояти мебошад.
Мутобиқи диспозицияи моддаи 187 кисми 1 ва 2 КҶ : — Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,-
ва қисми дуюми ҳамин модда :- Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил,- ин ҷиноят аст.
Биёед аз руи далелҳои пешниҳодшудаи тафтишоти пешакӣ назар андозем, ки оё дар амалҳои ман таркиби ҷинояти мазкур дида мешавад ё не.
Бо кадом далелҳои мушаххас ва таҳқиқшуда дар мурофиаи судӣ гуноҳи ман дар содир кардани ин ҷиноят собит шудааст? 
Оё ба ғайр аз шоҳидии шубҳаноки Муродов Сарабек ва Аюбов Фозилбек, ки зери шиканҷа ин нишондодҳояшонро дар тафтишот додаанд, ягон далели дигар мавҷуд аст? 
Оё мақомоти тафтишоти тоҷик табулограммаҳои зангҳои телефонии манро ба суд тавонист пешниҳод кунад, ки аз он маълум шавад, ки ман чун аъзои фаъоли иттиҳоди ҷинояти дар тамос бо Назарзода А. ва ё дигарон интироккунандагони иттиҳоди ҷиноятии у будам? 
Кай ва чанд маротиба ман бо онҳо вохурдаам?
Дар кучо?
Оиди чӣ суҳбат кардем?
Ягон далел ба ғайр аз нишондоди ин ду шоҳид-судшаванда мавҷуд аст?
Нест!
Дар фикри айбдоркунӣ оварда шудааст, ки –
— Кабирӣ М., Назарзода А., Ҳисайнов У.Ф., Ҳаитов М.Р. ва аъзоёни дигари Раёсати Олии ҲНИТ бо мақсади ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ дар манзилгоҳҳои истиқоматии аъзоёни ҷонибдорони фаъоли ҲНИТ дар минтақахои алоҳидаи ҷумҳури ва дар маҷлисҳои расмӣ, ғайрирасмӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбу, Ваҳдат, Қургонтеппа, Рудакӣ, Вахш, Бохтар, Панҷ, Қумсангир ва ноҳияҳои водии Рашт амалкунанда мунтазам бо баҳонаи «маърака», «оши худоӣ», «маросимҳои намозгузорӣ» ва ё омузиши таълимоти Қуръон бо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби мазкур воҳуриҳо гузаронида, барои созмон додани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳизбӣ ба таври махфӣ, иштирокчиёни ин маъракаҳоро роҳнамои намуданд.
Вале тафтишот аниқ муқаррар накардааст, ки Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович дар кучо, кай, бо кӣ ва дар хусуси чӣ ин гуна маъракаҳоро ташкил кардааст. Ҳатто зарур нашуморидааст, ки ин гуна вохуриҳоро номбар кунад, бо ишораи макон, замон, шахсони иштироккунанда, мавзуъи вохурӣ ва ё нишаст. Агар ин гуна маъракаҳоро дигар аъзоёни ҲНИТ ташкил карда бошанд, пас ман дар кадоми онҳо ва дар куҷо иштирок кардам, чӣ амали мушаххасро вобаста ба созмон додани гуруҳҳои мусаллаҳ ва роҳнамои намудани онҳо кардаам.
Аз зиёда аз 100 шоҳиду ҷабрдидагони дар суд пурсидашуда ягон нафаре дар бораи нақшаи ман дар ин гуна вохуриҳо ва саҳмам нишондоде надодааст. Дар ин ҷо тафтишоти пешаки такя ба тахмин ва хаёлот кардааст. Ин гуна тахминҳо дар рафти тамоми парвандаи ҷиноятӣ бисёр дида мешавад, ки гувоҳи бесаводӣ, нохурмати нисбати қонун ва фармоиши будани парванда мебошанд. Аз коллегияи судии Суди Олии ҶТ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин диққати махсус дода шуда, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар давоми фикри айбдоркунӣ вобаста ба ҳолати ташкили иттиҳоди чиноятӣ оварда шудааст, ки бо маслиҳати пешаки бо Кабирӣ, Ҳаитов, Ҳисайнов ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. то моҳи сентябри соли 2015 асосан аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, зиёда аз 23 гурруҳҳои ҷиноятии иборат аз 10 то 30 нафари ташкил намуда, дар заминаи ин гуруҳҳои ҷиноятӣ иттиходи чиноятӣ созмон дода, роҳбарии онро ба уҳдаи худ гирифтааст.
Ин хулосабарории тафтишот ва суд низ нодуруст ва нопурра мебошад. Дар рафти мурофиаи судӣ бояд, ки ҳамаи ҳолатхҳи парванда чӣ сафедкунанда ва чӣ сиёҳкунанда пурра ва ҳаматарафа санҷида шаванд. Мутаасифона дар парвандаи мо ягон ҳолати сафедкунанда аз тарафи тафтишот ҷаъм оварда нашудааст. Агар тафтишот ба чунин хулоса омада бошад, пас бояд санаи оғози ташкили гуруҳҳои ҷиноятиро муайян мекард. Бояд муайян мекард, ки кай, дар кучо, кихо ва чӣ гуна маслиҳат оиди ташкили ин хел гуруҳҳоро кардаанд. Ҳол он, ки ягон шоҳид ва ё судшаванда ин ҳолатро, яъне маслиҳат оиди таъсиси гуруҳҳои ҳарби-чиноятиро тасдиқ намекунад. Назарзода бошад дар қайди ҳаёт нест. Пас чӣ гуна тафтишот тавонист бо делелҳои кофӣ ин ҳолатро тасдиқ кунад? Шояд тафтишот «маслиҳати пешаки» гуфта маслиҳати бофтаи санаи 06.03.2015 солро дар назар дошта бошад, вале дар ин маврид низ мавқеъи тафтишот тамоман суст аст.
Якум ин ки дар кадом асос тафтишот ва суд ин гурӯҳҳоро «гуруҳҳои ҷиноятии муташаккил» номидааст. Дар қонун «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» гуфта, гурӯҳи устувори шахсонро меноманд, ки пешаки барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят мутаҳҳид шудаанд. То санаи 04.09.2015 сол ин гурӯҳҳои Назарзода чӣ ҷиноят содир кардаанд? Дуюм ин ки, аз маводҳои парванда аниқ дида мешавад, ки ин гуна гурӯҳҳои мусаллаҳи Назарзода А. аллакай солҳои пеш – 2011, 2012 ва 2013 ташкил шуда буданд ва дар амалиётҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои Рашт, Исфара ва шаҳри Хоруғ васеъ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон истофода бурда мешуданд. ҲНИТ нею, балки Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ин гурӯҳҳоро ташкил ва истифода бурдааст. 
Ин ҳолатро шоҳидон Муродов Сарабек, Ибронов Илҳомиддин, Сафаров Назрмаҳмад, генералон Шарифзода Шариф, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Чалов Абдулазиз ва дигарон дар рафти мурофиаи суди тасдиқ карданд. Агар ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ солҳои пеш ва бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда шуда бошанд, пас набояд, ки тафтишоту суд таъсиси онҳоро беасос ба зиммаи ҲНИТ зам ва бор кунанд.
Тамоми айби эълоннамуда нисбати ман дар асоси тахмин аст ва айбдоркунандагони давлати ягон далели боэътимоди гунахгории манро ба суд пешниход карда натавонистанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *