Рубрики Хабарҳо

Бечоранолиҳои мақомоти тоҷик дар минбарҳои байналмилал ва PR-и мухолифин

Чанд соли охир мақомоти тоҷик дар нишастҳои байналмилал бештар рӯи ду мавзӯъ таъкид мекунанд: хатари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва кӯмаки пулӣ ба кишвар. Агар қаблан ин корро худи раисҷумҳур анҷом медод, ҳоло навбати вазирон расидааст.

Аз баста шудани ҲНИТ ва ҳабси беш аз 400 аъзои он наздик ба чаҳор сол мегузарад, ин ҳизб расман эълон кардааст ҳеҷ фаъолияте дар Тоҷикистон надорад, аммо мавҷи боздоштҳои аъзои он поён намеёбад ва мақомот ҳам ҳарчӣ бештар ҲНИТ-ро чун абзори тарсдиҳии мардум истифода мекунанд.

Бо вуҷуди нокомиҳо дар террористӣ муаррифӣ кардани ин ҳизб ар сатҳи байналмилал ё ҳади ақал минтақа, мақомот аз кӯшишҳояшон дастбардор нестанд. Аммо бештар ин кӯшишҳо бар зарари худи мақомот ва нафъи ҲНИТ тамом мешавад. Кӯшиши саросемавори ба дӯши ҲНИТ гузоштани амалиёти террористии Данғара барои мақомот бисёр сахт тамом шуд: Наҳзат муаррифии бештаре дар сатҳи ҷаҳонӣ касб кард, аммо ҳукумат бо дасти худаш собит сохт, ки метавонад дар болотарин сатҳ ба дурӯғу тақаллуб даст занад.

Зоҳиран ин шикаст дарси кӯчаке барояшон шуд. Чун дар аввал ошӯби зиндони Хуҷандро ҳам мехостанд ба дӯши ҲНИТ бор кунанд, аммо баъдан аз он даст кашиданд, ё ҳади ақал ба таъхир гузоштанд. Агар ин даъво садо медод зарбааш ба имиҷи ҳукумат камтар аз ҳодисаи Данғара намебуд.

Кӯшишҳои зарба задан ба мухолифин аз тарафи ҳукумат ҳам баштари вақт алайҳи худаш кор мекунад. Аммо ин мавзӯъи дигар аст.

Дирӯз бахши тоҷикии сомонаи “Спутник”-и Русия бо нақл аз котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Қатар, ҲНИТ-ро ба монеъ шудани пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар 30 соли ахир айбдор кард

“Ин ташкилоти террористӣ наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми мо шудаанд”, — таъкид намудааст Зуҳуров.

Ин аҳмақонатарин ҳарфе буд, ки раиси як парлумон метавонист дар нишасти сатҳи ҷаҳонӣ бизанад. Аз ин беҳтар реклама барои ҲНИТ ва шармандагӣ барои мақомот кам пайдо мешавад. Дар нишаст, тибқи гузориш намояндагони 180 кишвари ҷаҳон дар сатҳи парлумон ширкат доштанд. Аксари онҳо дар умрашон боре ҳам номи ҲНИТ-ро нашунидаанд. Ҳоло Зуҳуров даъво кард, ки як ҳизб тавониста 30 сол ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии як кишвар монеъа эҷод кунад. Ҳатман барои ширкаткунандагони он нишаст ҷолиб хоҳад буд, ки ин чӣ ҳизбе будааст, ки чунин қудратро дошта.

Хомӯшии мардум дар дохил ба даъвоҳои дурӯғинашон алайҳи мухолифин, зоҳиран мақомотро мутмаин намудааст, ки мардум ба ҳарфаш бовар мекунад. Чунин итминон ба онҳо ҷуръат медиҳад дар сатҳи байналмилал ҳам як чунин даъвоҳоро пеш оранд. Ва бо дасту пулу кӯшиши худ мухолифонашонро, ки пуле барои таблиғ надоранд PR (таблиғи сиёҳ) намоянд.

Аммо тибқи гузориши “Озодӣ”  Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал, дар як минбари дигари байналмилал изҳори умедворӣ кардааст, ки пешниҳодҳои онҳо барои “афви муҳоҷирони тоҷик” ба гӯши мақомоти Русия расидаанд ва онҳо иҷоза медиҳанд, то садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дигарбора ҳаққи бозгашт ба Русияро бигиранд.

Сумангул Тағойзода, ки рӯзи 4-уми апрел дар шаҳри Женева гуфтааст, “ҳукумат тамоми чораҳои заруриро меандешад ва масъалаи авфи навбатиро бо мақомоти Русия дар миён мегузорад, то онҳое, ки аз ҳаққи сафар маҳруманд ва ё ғайриқонунӣ кору иқомат мекунанд, мушкилашонро ҳал кунанд.”

Вазири ҳукумати Тоҷикистон амиқтар рафт ва гуфт: “Мо ин масъалаҳоро дар тамоми маҳфилу мулоқотҳо дар бораи муҳоҷират ва дар тамоми сатҳҳо дар миён мегузорем. Ман фикр мекунам, ки ин ин масъаларо ҳамкорони мо (дар Русия), ки бо муҳоҷирони мо кор мекунанд, шунидаанд ва умедворем, ба таври мусбат ҳал мекунанд.”

Дар нишасти Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ вазир ҳарфе аз ҳимояти ҳуқуқи 2 миллион муҳоҷири кишвараш намезанад ва расман тасдиқ мекунад, масъалаи асосие, ки оиди муҳоҷирон ҳукуматро ташвиш медиҳад дар кишвар мондани онҳост. Дақиқан ҳамон даъвое, ки мухолифон мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *