Муллоидӣ Мирзоолимзода, писари маҳбуси сиёсӣ Мирзоолим Холов, ки дирӯз дар саҳифаи фейсбукиаш эълом карда буд, ки то озод шудани падараш алайҳи зулми режими кунунии Тоҷикистон муборизаи беамон хоҳад бурд, хабар дод, ки мақомот аз дирӯз ин тараф болои хонаводааш фишор меоваранд.
Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки аз дирӯз мақомот фишорро болои хонаводааш боз бештар кардаанд.
Муллоидӣ мегӯяд, мехоҳанд аз додараш бо фишор мусоҳиба гиранд, ки гуфтаҳои ӯро рад кунад.
“Боз ҳам гуфтаанд, ки ман баргардам, замонат медиҳанд, ки бахшида мешавам ва зиндонӣ намешавам”. — мегӯяд Мирзоолимзода.
Муллоидӣ Мирзоолимзода мепурсад, барои кадом гуноҳам ман бояд бахшида шавам?
«Ман чӣ гуноҳ кардаам, ки шумо маро мебахшед?»- мепурсад Муллоидӣ аз мақомот.
Ӯ дар муроҷиат ба мақомот афзуд: “Агар шумо рост мегӯед, падарамро озод кунед. Падари ман бегуноҳ дар зиндон нишастааст, ӯро озод кунед, ман бармегардам. То падарам озод нашавад, ман барнамегардам ва барои озодиаш кушиш мекунам”.
Мирзоолимзода изҳор намуд, ки “Амакҳо ва модару бародарамро ба ҳолашон гузоред. Ман интихобамро кардаам. Ҳар зулме шумо нисбати онҳо мекунед, мутмаин бошед, ки паёмадашро мебинед”.
Дар ин изҳороташ Муллоидӣ ба пайвандонаш муроҷиат карда гуфт: «Модари азиз, додари азиз ва амакҳои бузургворам! Ман шуморо хуб мефаҳмам. Аммо дигар ба ин зулму таҳдиди ҷинояткорон таслим намешавам. Маро бубахшед ва ҳарчи мегуед ҳақ доред! То озодии падарам ва барқарории адолат ман ақиб нахоҳам нишаст. Мақомот агар чизе гуфтани ҳастанд бо ман гап зананд на бо хонаводаам».
Дар охир ӯ ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор дода гуфт, ки “Ба зудӣ аз ин ҷиноятҳои шумо ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят мебарам”.