Фирории аз хидмати ҳарбӣ муҷозот шуд
Ғоибназар Сулаймонзода, як сокини ноҳияи Файзобод, ки моҳи октябри соли 2012 ба қатори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста буд, ҳамагӣ баъд аз 2 моҳ фармондеҳи қисми нерӯҳои сарҳадии ҷумҳурӣ таъин мешавад.
Моҳи январи соли 2013 ин фармондеҳи қисми низомии сарҳадӣ ба рухсатии кӯтоҳмудат меравад, вале ин сарбоз барои идомаи хидмат баъди рухсатӣ барнамегардад. Бо дархости Тоҷикистон, ӯ ба рӯйхати пайгарди байналмиллалӣ шомил мешавад. Моҳи октябри соли 2018 Ғоибназар Сулаймонзода аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд. Тибқи моддаи 375 (фирорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори суд, тули як сол дар қисми тарбиявии низомӣ адои ҷазо мекунад.
Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст.
Даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа сурат мегирад.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол ба сафи нирӯҳои низомӣ ва ниманизомии Тоҷикистон тақрибан 15 -16 000 ҷавон барои хидмат даъват мешаванд. Ин дар ҳолест ки ҷамъи афроди синну соли хидматӣ, яъне аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон то 600 ҳазор нафар баровард мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин фарқи бузург байни талабот ва «пешниҳод” заминаи густариши фасод дар ниҳодҳои масъули даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон шудааст. Дар ҳар мавсими даъват ба артиш Оҷонсии мубориза бо фасод ва дигар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо иттиҳоми талаби ришва дар ивази аз хидмати ҳарбӣ озод кардани ҷавонон гузориш медиҳанд.
Аммо бо вуҷуди даъватҳои батакрори мақомот барои бас кардани «чуҷабарак”, «иҳотагирӣ» ё «облава», ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо гузоришҳои фаровон дар бораи иҷборан ба сафи артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ мегузарад. Ҳамингуна , ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусуллаҳ, сабаб мешавад, ки иддае аз ин ҷавонон ҳатто аз қисми ҳарбӣ фирор кунанд.