Чунончи, дар фикри айбдоркунӣ оварда шудааст, ки ман аз соли 2007 ҳамчун муовини Раиси ҲНИТ кор карда, аз рузҳои аввали фаъолияти сиёсии худ бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намудани давлати исломӣ ҷаҳду талош кардаам. Гӯё ман ба сифати яке аз фаъолони ҳизб тарзу усулҳои ба сари ҳокимият овардани ҲНИТ-ро дар ҶТ бо маслиҳати пешакӣ бо раиси ҲНИТ Кабири М. ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ муайян карда, дар созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ ва тарҳрезии нақшаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок намудаам. Инчунин, гуё ман тарбияи ғоявии аъзоёни иттиҳоди ҷиноятии мазкур саҳми шахсӣ гузоштаам. Тафтишот чӣ гуна далелҳоро ба суд оиди он, ки аллакай аз соли 2007-ум ман ба роҳи ҷинояткорӣ даромадаам пешниход кард?
Ягон далел нест.
Боз монанди дигар ҳолатҳои парванда — ҳама туҳмат ва бофтаи холист. Аз ин матни фикри айбдоркунӣ дида мешавад, ки ин гуна маслиҳати пешакӣ гӯё аллакай солхои 2007-2008 ба вуҷуд омадааст.
Вале боз ҳамон саволҳои пештара: кӣ маслиҳат кард, дар куҷо, кай, мавзуъи маслиҳат, ба чӣ хулоса омаданд, ки шоҳиди ин гуна маслиҳатхо аст ва ғайра. Чаро тафтишот ҳатто кушиши исботи ин суханони бофтаашро намекунад? Агар ин рафтор ва кирдори тафтишот ҷоиз бошад, пас мутлақо ҳар касро дар содир кардани ҳар як ҷинояти дилхоҳ гунаҳгор донистан мумкин аст. Дар ин ҳолат овардани далел шарт нест, фақат тахмин кардан кифоя аст. Тафтишоти пешакӣ овардааст, ки ман дар созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ ва тарҳрезии нақшаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок намудаам. Агар ин тавр бошад, пас барои чӣ далелҳои мушахасс ба суд пешниҳод нашудаанд? Оё ягон далел ва ё ягон шоҳиде инро тасдиқ карда метавонад?
Албатта не!
Дар ин ҷо бояд дар бораи он нақшаҳое, ки гӯё аз бинои марказии ҲНИТ аз утоқи кории ман ва судшаванда Ҳисайнов У. ёфта шудаанд сухан гуфт. Аввал диққати шуморо ба он ҷалб мекунам, ки барои чӣ тафтишот ин наҷшаҳоро наҷшаҳои ҳуҷуми мусаллаҳона номидааст. Оё ягон навиштаҷот оиди ҳуҷум ва самти ҳаракати қувваҳои мусаллах дар ин нақшаҳо гувоҳӣ медихад?
Не.
Як бори дигар нигаред ба нақшаҳои пешниҳодшудаи тафтишот. Дар онхо нақшаҳои моҳворавии баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе тасвир ёфтааст. Дар он боз бо ишора биноҳои маъмурӣ ва идораҳои давлатӣ тасвир ёфтаанд. Ба ғайр аз ин ададҳои гуногун аз қабили 20, 30 ва 40 дида мешаванд. Яъне ишора бо навиштаҷоти 30 ба самти Ҷасри Президент. Оё ин аз ғарази ҳуҷум гувоҳи медихад? Ягон шоҳид дар мурофиаи судӣ пурсида шуд, ки гувоҳӣ диҳад, ки онхо нақшаҳои ҳуҷуми мусаллаҳона ба ин бинохо мебошанд?
Албатта не.
Вобастагии ин наҷшаҳо ба ҳуҷум ва тағйир додани сохти конституционии ҷумҳури бо роҳи зуроварӣ – хаёлот ва тахмини беасосу беисботи прокуратураи генералӣ мебошад. Шояд ин наҷша наҷшаи самти пикет ва ё гирдиҳамоӣ бошад. Чаро ин фарзияро тафтишот дида набаромад. Ҳангоме, ки мо дар рафти мурофиаи судӣ мавҷуд будани онҳо ва беасос чун нақшаҳои ҳуҷуми мусаллаҳона тасниф додани онҳоро гуфта гузаштем, аз тарафи судяи Суди Оли барои аник муаяйн намудани ҳолатҳои корӣ ягон амале содир карда нашуд. Ба гайр аз муфаттишони Прокуратураи генералӣ каси дигаре аз ҷабили мутахассисони соҳаи ҳарбӣ ва ё топологӣ дар ин бора пурсида нашудааст. Ягон хулосаи дахлдор оиди он, ки ин нақшаҳо нақшаҳои ҳуҷуми мусалаҳона мебошанд дар парванда мавчуд нест. Дар нақшаҳое, ки мо дар суд дида баромадем, ягон навиштаҷот ва ё расм гувоҳии нақшаи ҳуҷуми мусаллаҳона будани онҳоро намедихад.
Барои чи суд фарзияи тафтишотро бовар мекунаду, ҳатто кушиши санҷидани даъвои моро намекунад? Агар ин нақшаҳо нақшаҳои ҳучуми ҳарбӣ ба бинохои мазкур мебуд, бояд дар он дар аввал мавқеъи ҷамъшавии қувваҳо пеш аз ҳуҷум, самти ҳуҷум ва роҳҳои ақибнишинӣ нишон дода мешуд. Саволи дигаре ба миён меояд, ҳангоме, ки ба фикри тафтишот ин нақшаро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ мекарданд, зарурият ба чунин нақшаи моҳворавӣ дар чӣ буд, оё онҳо роҳҳои расидан ба биноҳои маъмурии Роҳи Оҳан, Фурудгоҳи баналмиллалии Душанбе , қасри Президент ва дигарро намедонистанд?
Чунин ба назар мерасад, ки ин гуна нақшаҳо барои қувваҳои мусаллаҳи давлати хориҷи тартиб дода шуда бошад, на барои сокинони муқимии маҳаллӣ.
Саволи дигар. Чаро ин нақша дар бинои ҲНИТ дарёфт карда шуду халос? Аз дигар аъзоёни дастгиршудаи гуруҳи Назарзода А. ин гуна нақшаҳо дарёф ва мусодира карда нашуданд. Агар ин гуна нақшаҳо дар асл мавчуд мебуданд, бояд ки онҳо дар утоқи кории ман нею, дар дасти сардорони гуруҳҳои Назарзода А. мебуданд. Ин як тарафи масъала аст. Тарафи дигари хело муҳими он — тартиби дарёфт кардани ин нақшаҳои шубҳанок мебошад. Мутобиқи қонунгузории мурофиавии Тоҷикистон кофтукоб дар биноҳои истиқоматӣ ва хизматӣ бо иштироки шахсони холис мегузарад. Дар рафти мурофиаи судӣ вобаста ба ҳамин масъала шоҳидону шахсони холис шунида шуданд. Ва нишондодҳои онҳо барои пайдо кардани шубҳа асос шуда метавонад. Чунончи, дар рафти мурофиаи судӣ шоҳидон Неъматов Бахтиёр ва Мирсаев Иброҳим, ки дар кофтукоб ҳамчун шахси холис иштирок доштанд, нишондодҳои мухталиф доданд. Мирсаев И. иброз дошт, ки у ва хамкурсаш Неъматовро аз наздикии бинои ҲНИТ кормандони амният барои гузаронидани ҳаракати тафтишотӣ даъват карданд. Шохид Неъматов дар навбати худ пурсида шуда чунин иброз дошт, ки онҳоро аз наздикии бинои кинотеатри «Ҷомӣ» кормандони амният барои гузаронидани ин ҳаракати тафтишотӣ даъват кардаанд. Яке мегуфт, ки дари даромадгоӣ ба ошёнаи дуюм кушода буд ва дигаре мегуфт, ки не он махкам буд ва онро кормандони амният кушоданд. Неъматов Бахтиёр дар толори суд иброз дошт, ки рафти кофтукобро бо суратгирак ва камера ба навор мегирифтанд. Вале шохид Мирсаев И. бошад гуфт, ки ягон асбоби сабт набуд. Ва нишондоди Мирсаевро дар ин самт айбдоркунандагони давлатӣ тасдик карданд, чунки онҳо ба ҳайати суд ва иштирокчиёни мурофиа сабт ва ё расмҳои кофтукоби мазкурро пешниход карда натавонистанд. Яъне, ки ин гуна сабт умуман ба анҷом нарасидааст, ки ин боз ҳам мавҷеъи айбдоркунандагони давлатиро вобаста ба дарёфти нақшаҳои мусаллаҳона суст ва шубҳаовар мекунад. Дар рафти пурсиши судӣ шоҳид Мирсаев ҷои дарёфт кардани ин нақшаҳоро ҷевони китобҳои судшаванда Ҳисайнов У. нишон дод. Вале шоҳид Неъматов Бахтиёр бошад ҷои дарёфт кардани онҳоро кашкашаки мизи кории судшаванда Ҳисайнов У. гуфта нишон дод. Ба ғайр аз ин, ин ду шоҳид оиди шакл ва ранги ин нақшаҳо чизи аниқ гуфта наметавонанд. Мирсаев онҳоро варақҳои сафеду сиёх меномад, Неъматов бошад онхоро варақҳои сурхи ранга номид. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ё ин гуна варақаҳо умуман дар утоҷи кории ман набуданд ва ё онҳо бархилофи талаботҳои қонун ҳангоми дарёфт карда шудан ба шахсони холис ва иштирокчиёни ҳаракати тафтишотӣ нишон дода нашудаанд. Чаро судя Сатторзода А. ба ин мухолифатҳои нишондодҳои шахсони холис дар рафти мурофиаи судӣ диққат надодаасту ба он баҳои ҳуқуқӣ надодаат? Оё ин боз аз яктарафа ва мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда гувоҳи намедихад.
Ин фарзияро нишондоди шоҳид Абдуллоев Ҷунунӣ, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ карда метавонад:
— «вақте, ки манро бурданд, дарҳои ҳизб махкам буд, баъди обед буд, то соати 12 шаб кову шур сар шид. Як бачаи ёш ҳам буд, холис буд, дарҳои берун дар дутош бе муҳр буд, бо лом заданд дарора. Манро пеш пеш медароварданд, ки агар ягон чӣ бошад ман якум кафум. Ҳама якҷоя набудем. Ду кас инҷову дигарон дигар тараф, як холис усу мерафт дигараш кати ман. Постоянний якҷоя набудем. Ҳарҷода будем. Ята мекова, дигаруш арра мекуна, сеюмуш тавар мезана. Аз столи Саидумар Ҳусайнӣ коғазҳои ранга бисёр ёфтанд. Дар руи стол буданд онҳо. Дари подножкаи дуюм этаж муҳр назада буд, камера доштанд ва навор мегирифтанд. Як соат ним соат навор гирифту рафт. Пулу харитаҳора сурат гирифту рафт. Ман протоколҳоро нахондам, манро гуфтанд имзо кун ман имзо кардам. Дар рафти кофтан ягон варақа дарёфт карда нашуд бо матни «бародарони наҳзатӣ». Ҳангоми дарёфт кардани накшаҳо ман иштирок надоштам. Мо дар ин дам пулҳо аз мизи Маҳмадали Ҳаитро сурат мегирифтем. Моро як бачаи амният файрод кард, ки биёен бинен, инаӣ схемаи аэропортай. Ман шахсан худам надидам, ки нақшаҳо аз куҷо пайдо шуданд. Ҳангоми даромадан ба бинои ҲНИТ ягон одам муҳрҳои дарҳоро намекушод, худамон мекушодем, ягон иҷрочии судӣ набуд, хуҷҷатхои дарёфт кардаро дар як одеял гиреҳ карда бурданд, ягон муҳру печат назаданд. Ман дар як хуҷҷат имзо кардам ва он хуҷҷат якварақа буд».
Аз ин нишондод чӣ хулоса баровардан мумкин аст: якум, ба иштирокчиёни ҳаракати тафтишоти ҳуқуқу уҳдадориҳояш фаҳмонида нашудааст, шоҳид моҳияти амали тафтишотиро сарфаҳм нарафта истодааст. Дарҳои бинои ҲНИТ-ро кормандони амниятӣ ва прокуратураи генералӣ мекушоданд. Ва ин корро бо навбат нею тамоман баръакс ҳарҷо ҳарҷо мекарданд. Дар ин ҳолат аз тарафи кормандони қудратӣ сохтакори кардани далели шаъӣ ва партофта шудани онҳо аз имконият берун нест. Чунки ягон шоҳид аниқ гуфта наметавонад, ки ин нақшаҳо аз куҷо дарёфт карда шудаанд. Ба беғаразии кормандони прокуратура ва амниятӣ умуман бовар кардан мумкин нест. Баъдан дар рафти мурофиаи судӣ айбдоркунандагони давлатӣ иқрор шуданд, ки рафти кофтуков ба навор гирифта мешуд. Вале бо баҳонаи он, ки наворбардор аз мақомоти қудрати нею аз телевизиони Тоҷикистон, Шабакаи Якум аст ва онхо имконияти пешниҳоди навори мазкурро ба суд надоранд, онро чун тасдиқи қонунӣ гузаронидани кофтуков ба ҳайати суд пешкаш накарданд.
Рафтори наворбардор низ шубҳанок метобад, у ба кофтукоб омада дарёфт кардани нақшаҳо ва пулҳоро сабт карда баромада рафтааст, гуё ки аниқ медонистастааст, ки дигар чизе муҳим дар он ҷо дарёфт карда намешавад.
Бояд диқататонро боз ба он ҷалб кард, ки ин нақшаҳои ба таври шубҳанок пайдошударо аз мизи кории ман наёфтаанд, пас чаро маҳз мавҷудияти онҳоро ба ман мансуб медиханд. Оё агар як судя дар утоқи кориаш пора гирад ва ё ҷиноят содир кунад, пас ҳамаи судяҳои он Суд гунаҳгор, ва тамоми шиносҳои у низ ҷинояткор ҳисобида мешаванд?
Ҳамин тариқ, ба ғайр аз ҳамин нақшаҳои шубҳанок ва бо усули ғайриконунӣ дарёфтшуда, ягон далели саҳеҳи тарҳрезии нақшаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои давлатӣ аз тарафи ман дар парванда мавчуд нест. Нишондоди ягон шоҳид нест. Умуман, далел нест!
Ба ғайр аз ин мутобиқи фикри айбдоркунии тартибдодаи муфаттиш Иброҳимзода И. ман дар якҷоягӣ бо муовини аввали Раиси ҲНИТ – Ҳисайнов У. аз миёнаҳои моҳи марти соли 2015, баъди аз ҳудуди Тоҷикистон баромадани Раиси ҲНИТ Кабирӣ М. роҳбарии тамоми амалиётҳои ҷинояткоронаи ба нақшагирифтаи ҳизбро ба зиммаи худ гирифта, бо дастуру супоришҳои бевостаи Кабирӣ М. амал намуда, барои амали намудани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тарҳрезӣ кардаашон чорачуи кардаанд. Чунончи, гӯё ман, тахминан моҳи июни соли 2015 дар қароргоҳи марказии ҲНИТ баъди гузаронидани ҷаласаи навбатии аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ ба назди худ Авазов Қ. ва дигаронро ҷамъ оварда, хабар дода бошам, ки мувофиқи нақшаи бо муовини Вазири мудофиаи ҷумҳури Назарзода А. тарҳрези намудаи Кабирӣ М. бояд дар наздиктарин фурсат табадуллоти ҳарбӣ ба амал оварда, уро сари ҳокимият меоред. Бо назардошти ин нақшаҳо Сайфулозодаро барои омода намудани муроҷиатнома аз номи Раёсати Олии ҲНИТ барои дар рузҳои ҳуҷум ба сохторҳои давлатӣ бо мақсади зиёд намудани тарафдоронашон дар байни фаъолони ҳизб ва аҳолӣ паҳн намудан вазифадор намуда бошам. Инчунин , гуё ман, Авазов Қ.-ро баҳри амалӣ намудани табадуллоти давлатӣ, барои иштирок дар ҳучум дар сохторҳои давлатӣ дар ҳайати иттиҳоди ҷинояти ҷалб намудани нафарони таҷрибадор ва тайёрии махсуси ҳарбӣ дошта, аз шумораи аъзоёни фаъоли ҳизб ва тарафдоронаш вазифадор намуда бошам. Ба ғайр аз ин, гуё ман бояд бо истифода аз нуфузи худ ва муносибатҳои хешу табориам бояд сокинони ноҳияи Раштро дар мавриди табадуллоти давлатӣ ба тарафдории иттиҳоди ҷиноятиамон бояд ҷалб мекардам.
Муҳтарам аъзоёни коллегияи судӣ, ба ибораи тафтишот диққат кунед: — “тахминан моҳи июни соли 2015”.
Ин ибора боз як бори дигар исбот мекунад, ки айбдории ман дар асоси тахмин аст.
Агар дар ҳақиқат чунин ҷаласаи навбатии аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ баргузор мегардид пас дар он протокол бояд тартиб дода мешуд. Аз сабаби он, ки тамоми ҳуҷҷатҳои ҲНИТ дар дасти тафтишот буд, бояд, ки санаи баргузории ҷаласаи мазкур аниқ карда мешуд. Вале ин кор аз тарафи муфаттиш ба анҷом нарасидааст. Тафтишоти пешакӣ ба чӣ такя мекунад ҳангоми навиштани ин гуна айби беасос?
Ба нишондоди шоҳид Оев Сафарали, ки ҳангоми тафтишоти пешакӣ додааст. Вале шоҳид дар рафти мурофиаи судӣ аз нишондодҳои додааш дар рафти тафтишот даст кашида гуфт, ки бинобар сабаби зери фишору шиканҷа қарор доштан нишондоди бардуруғ додааст. Ӯ дар ягон маҷлис иштирок накардааст, чунки аллакай 14.04.2015 сол аз аъзогии ҲНИТ хорич шудааст ва дигар ҳаки иштирок дар ҷаласаҳоро надошт. Баёноти бардуруғро нисбати ман барои он додааст, ки ӯ даҳшатро ҳангоми таҳқиқ ва тафтишот дидааст. Дидааст, ки чӣ гуна одамонро азоб медиханд, чӣ гуна бо зурӣ аз онхо нишондоди лозимаро мегиранд, чӣ гуна бо истифодаи қувваи барқ мардумро азоб медиханд. Ва имруз ба суд ва адолати судӣ бовар карда ҳақиқати ҳолро гуфта истодааст. Ӯ аз ягон аъзои ҳизб дастур барои сохтани дастаи низомӣ нагирифтааст ва умуман дар суханони ман ягон даъват барои дигар кардани сохти конститутсионӣ ва табадуллоти давлатӣ нашунидааст. Оев Сафаралӣ шоҳиди айбдоркунадагони давлатӣ буд, ки ин ҳолатро, яъне баргузории маҷлиси аввалҳои моҳи июни соли 2015 ва суханони манро бояд тасдиқ мекард. Вале ӯ дар рафти мурофиаи судӣ аз нишондодҳояш даст кашид. Оев Сафаралӣ дар бораи шиканҷа ва истинтоқ нисбаташ гуфта гузашт, ва айбдоркунандагони давлатӣ ин нишондоди уро бо ягон далели боэътимод рад карда натавонистанд. Онҳо исбот карда натавонистанд, ки нисбати Оев Сафаралӣ шиканҷа истифода нашудааст. Ҳамин тариқ онҳо хомушона ба гуфтаҳои Оев С. рози шуданд. Ҳол он, ки исботи истифода нашудани шиканҷа нисбати шоҳид Оев Сафаралӣ ба зиммаи тарафи айбдоркунандаи давлатӣ гузошта шудааст. Вале бо кадом асос судя Сатторзода А. ба нишондодҳои дар толори судӣ додаи Оев С. ҳангоми баровардани ҳукми худ диққат накард, барои чи ягон вокуниш барои санҷидани истифодаи шиканча нисбати шоҳид накард ва барои чӣ маҳз нишондодҳои дар рафти тафтишот ва зери шиканҷа додаи Оевро қабул карда, нишондони судиашро рад кард, барои ман муаммост.
Ҳамин тариқ, айбдоркунандагони давлатӣ дигар ягон далеле вобаста ба баргузории маҷлис дар моҳи июни соли 2015 ва суханони гуё гуфтаи ман надоранд. Мухолифатро дар нишондоди Оев С. бартараф карда натавонистанд. Нишондодҳои дар толори судӣ додаи Оев Сафаралиро ҳам ман, ҳам Сайфуллозода ва Авазов Қ. тасдиқ мекунем.
Ба ғайр аз ин барои исботи он, ки ман бо истифода аз нуфузи худ ва муносибатҳои хешу табориам бояд сокинони водии Раштро дар мавриди табадуллоти давлатӣ ба тарафдории иттиҳоди ҷиноятӣ ҷалб мекардам, тафтишот ва суд ягон амалро иҷро накардааст. Агар ин тавр бошад, пас тафтишот бояд ақаллан ному насаб ва маҳали истиқомати хешу табори пурнуфузи манро дар водии Рашт муайян менамуд, онҳоро пурсиш мекард, муайян менамуд, ки худи ман чӣ обуру дар ин ноҳия дорам ва кай охирон маротиба ба водии Рашт рафтаам.
Ин амали тафтишот боз як маротиба бо усулхои номумкин бурдани тафтишотро нишон медихад, ки тафтишоти пешакии муфаттишони Прокуратураи генералии Тоҷикистон яктарафа ва ғайриобъективӣ мебошад, қонуният ва принципҳои мурофиаи ҷиноятӣ дағалона вайрон карда шудаанд.
Рубрики
Хабарҳо