Тибқи иттилои Додгоҳи шаҳри Душанбе, рӯзҳои 15-18 апрел дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт парвандаи граждании №9-120/2019 баррасӣ хоҳад шуд, ки қарор аст масъалаи мусодираи амволи раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ ва писараш дида шавад. Ин парванда рӯзи 12 апрел аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон вориди додгоҳи ноҳияи Сино шудааст.
Додситонии кулл талаб дорад “манзилҳои истиқоматӣ, нуқтаи савдо ва қисми толори савдои мутааллиқ ба «Кабирӣ Муҳиддин, Тиллозода Р.М. ва дигарон” ба манфиати давлат дар шакли асл мусодира шаванд. Зоҳиран Тиллозода Р.М. писари калонии раиси ҲНИТ Рӯҳуллоҳ Тиллозода аст, ки замони “ошӯб”-и Абдуҳалим Назарзода ба интиқоли пул ба ин ҷенерол муттаҳам шуда буд.
Ин парванда пас аз интиқоди шадиди Кабирӣ аз вазъи иқтисоди кишвар ва фошкориҳояш аз дуздии раисҷумҳури Тоҷикистон ва хонаводааш рух зад. Дар сӯҳбати охиринаш раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон гуфт пулҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш аз кишвар дуздидаву дар суратҳисобҳои офшорӣ ҷо кардаанд, бештар аз маҷмӯъаи маҳсулоти дохила ва буҷаи кишвар дар якҷоягӣ аст. Ҳарчанд Кабирӣ бо ин далел, ки бояд ба зудӣ маълумоти расмӣ дастрас кунад, рақами дақиқеро зикр накард, ҳади минималии пулҳои Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш дар офшорҳо аллакай маъум аст — на камтар аз 10 миллиард доллар. Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилаи Тоҷикистон дар соли 2018 7,3 миллиард ва буҷаи он 2,5 миллиардро ташкил доад буд.
Зоҳиран мақомот хостаанд ба раҳбари мухолифин “зарбаи ҷавобӣ” бизананд ва ё паёме дода бошанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ ҳам ба ин бовар аст, ки ин иқдом рабти мустақим ба баромадҳои охираш дорад. “Чун мавзӯъи сӯҳбатҳои охири мо бештар баҳси иқтисод ва моликияти ғайриқонунӣ бадастовардаи раҳбарияти кишвар ва наздиконаш аст, онҳо бо мусодираи амвол мехоҳанд паём бидиҳанд, ки ҳоло шумо дар бораи мушкилоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва маҳбусини сиёсӣ сӯҳбат мекардед, мо ба шумо ҷавоби сиёсӣ медодем. Аммо вақте шумо даст ба моликияти мо мезанед, яъне моликият ва дороиҳои моро зери суол мебаред, пас ҷавоби мо ҳам ин хоҳад буд, ки мо моликияти шуморо мусодира мекунем” — изҳор кард раҳбари ПМТ.
Кабирӣ мегӯяд мақомот инро як намуд ҷанги иқтисодӣ ҳисоб мекунанд, дар ҳоле масъала комилан дигар аст. Ӯ қайд кард, “ҳадафи мо аз бардоштани масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин бевосиат зарба задан ба шахсе, ба касе нест. Балки ин матраҳ кардани мушкилоти миллат аст — пулу сармояе, ки онҳо ҷамъ карда истодаанд, сармояи миллат аст ва мустақиман аз ҷалби миллат дуздидаанд. Аз пули буҷа дуздидаанд, аз роҳҳои миллат медузданд. Аммо он чӣ ки дар ҷавоб аз мо мусодира мекунанд, ин моликияти хусусӣ аст, ки ҳеҷ рабте ба мардуму буҷа надорад”.
Раиси ҲНИТ мегӯяд агар Худо нохоста ҷинояте дар бадастории моликияташ рух додааст, худи ҳукумат дар ин ҷиноят шарик аст: “Ман на ягон мансаби давлатӣ доштам ва на имзои ман дар ҷое таъсир дошт, ки порае гирифта бошам. Балки ҳама моликият шаффоф аз бозор ва он ҳам аз ҳукумат харидаам. Бештари моликиятамро ман аз биржаи молу мулки назди Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ кардаам ва агар ба гуфти ҳукумат қонуншикание ҳам ҳаст ва дар инҷо ҷинояте содир шуда бошад, як тарафи ҷиноят худи ҳукумат ва мақомот аст, ки шарики тиҷоратии ман буд”.
Кабирӣ мусодираи амволашро комилан ғайриқонунӣ медонад. Ӯ қайд кард “то имрӯз ягон санад ва далеле пешниҳод накардаанд, ки ин моликият дар куҷо ғайриқонунӣ ба даст омадааст ва чаро бояд мусодира шавад. Оне ки додгоҳ дар ҳақи мо ҳукум баровардааст, як ҳукми ноодилона аст ва далеле надорад”.
Дар посух ба суоли Паём мабнӣ бар ин ки оё ин фишори ҳукумат таъсире ба иқдомоти минбаъдаи раҳбари Паймони Миллӣ хоҳад дошт ё на, Муҳиддин Кабирӣ гуфт аслан бо ин тасмим мақомот ҳеҷ сюрпризе барояш накардаанд. Ӯ изҳор дошт наздаш масоиле муҳимтар аз амволи шахсиаш қарор доранд, ки бояд ба онҳо машғул бошад.
Зоҳиран раҳбарияти кишвар пиндоштааст фишори иқтисодӣ ба собиқ вакили парлумон метавонад ӯро аз фошкориҳои минбаъда боздорад ва ё ҳади ақал лаҳнашро оромтар созад. Ҳамин фишори иқтисодӣ аз тарафи кишварҳои Аврупо боис шуд шармандагии бузургеро ба дӯш гиранд ва яке аз сарсахттарин мухолифонашон — Шарофиддин Гадоевро “бо ду дасти адаб” ба Ҳолланд баргардонанд. Як таҳлилгар, ки нахост номаш зикр шавад, дар ин маврид чунин гуфт:
“Заъифтарин нуқтаи Эмомалӣ Раҳмон пулу мол аст. Ба ин заъф ду омил бисёр сахт таъсир мерасонанд. Аввал ин ки худи ӯ бисёр ҳариси пулу мол аст ва қабул надорад камтарин садамае ба молаш ворид шавад. Дуввум, чанд духтару домодаш ва додарарӯсаш, ки амволи зиёде ҷамъоварӣ кардаанд, дар тасмимоти ӯ таъсири мустақим доранд. Дар баъзе ҳолот, онҳо бидуни ин ки раисҷумҳурро огоҳ кунанд ба вазорату кумитаҳо фишори мустақим меоранд, то тасмиме дар сатҳи вазоратҳо гирифта шавад. Ҳоло чун худашон бо осонӣ зери бори фишори иқтисодӣ мераванд, зоҳиран пиндоштаанд, ки метавон ҳамин фишорро алайҳи Кабирӣ низ истифода бурд. Аммо онҳо дар пиндорашон ду хато кардаанд: Аввал ин ки Кабирӣ ҳариси пулу мол нест ва инро таҷрибаҳои қаблӣ ҳам нишон додаанд. Масалан ғасби бозори ӯ дар ноҳияи Турсунзода дар соли 2013. Сониян агар ҳатто Кабирӣ иштиёқе ба пулу мол дошт, ин “трюк”-ашон комилан ғайримантиқӣ аст: раиси ҲНИТ медонад, ки танҳо замоне ба Тоҷикистон метавонад баргардад, ки Эмомалӣ Раҳмон канор зада шавад. Бинобар ин ҳеҷ игтиёқе ба молу сарват дар Тоҷикистон наметавонад ба тасмимоти ӯ таъсир бирасонад. Аммо вақте баргашт, дигар дар ҳолате хоҳад буд, ки тамоми амволашро дубора баргардонад”.
Худи раиси ҲНИТ ҳам мегӯяд ҳеҷ майле дар шароити феълӣ ба баргардонидани амволаш надорад. “Мо бояд шароитеро дар кишвар ба вуҷуд оварем, ки ҳар нафари молаш ғайриқонунӣ ғасбшуда тавонад тавассути додгоҳ онро бозпас гирад” — мӯътақид аст ӯ.
Ин шароит дар кадом ҳолат ба даст хоҳад омад, дигар ҷои шарҳу тафсир ҳам надорад.