Ин давлати хурдакак дар Аврупо, дар қисми ғарбии пойтахти Италия ҷойгир аст. Санаи ташкилёбии ин шаҳр-давлат 11-уми феврали соли 1929 аст. Масоҳаташ 0, 44 километри мураббаъ буда, забонҳои давлатиаш бошад лотинӣ ва итолиёӣ. Пойтахташ шаҳри Ватикан ва воҳиди пулиаш евро мебошад. Дини давлатиаш насронии католикӣ ба шумор меравад. Коди мобилӣ + 379 ва саршумори аҳолиаш 1000 нафар аст. Ҳуҷҷати шаҳрвандии Ватиканро танҳо нафароне соҳиб мешаванд, ки корманди мақомоти қудратӣ бошанд. Агар фурсати вазифа ба охир расаду аз кори мақомот сабукдӯш шаванд, шаҳрвандии Италияро мегиранд. Айни ҳол ҳамагӣ 450 нафар аз аҳолии кишвар ҳуҷҷати расмии шаҳрвандии Ватиканро доранд. Забони якуми давлати лотинӣ аст, аммо санадҳои расмии давлатӣ бо забони итолиёи сабт мешаванд. Забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, португалӣ ва англисӣ низ ба кор бурда мешаванд.
Сохти давлатдорӣ — теократӣ ва роҳбари давлат попи римист, ки якумра қабул карда шудааст ва муқаддас ҳам ҳисобида мешавад. Дар давоми сол, 15 адад рӯзҳои ид муайян карда шудааст, ки ҳамагӣ вобастаи дини насронии шохаи католикианд.
Сарфи назар аз андозаи хеле хурд доштанаш ба ин шаҳр-давлат сайёҳон ниҳоят бисёр меоянд ва ташрифи сайёҳон, албатта ба хазинаи давлат даромади хубе ворид месозад. Маънои номи ин шаҳр-давлат аз номи кӯҳе гирифта шудааст, ки аз забони лотинӣ ҷойи фоли нек тарҷима мешавад. Марзи давлатро сар то сар бо девори мустаҳкаме печонида шудааст, ки ҳанӯз аз замони асрҳои миёна боқист. Ягона шаҳр дар ин давлат Ватикан аст.
Иқлими Ватикан субтропикист. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон то 22-27 дараҷа гармӣ мерасад, зимистон бошад аз 1 то 10 дараҷа гармӣ. Борон фақат баҳорон ва зимистон меборад. Боридани барф дар тӯли таърихаш ниҳоят кам ба назар расидааст.
Дар тарбияи фарзандон фатвои роҳбари давлат барояшон қонунҳои иҷрояшон шартист. Зеро аввал фарзандони мардуми ин давлат дарси динӣ мегиранд, баъдан дунявӣ. Барои мисол попи рим Франсиск нигоҳ доштани телевизор ва компютерро дар хонаи хоби фарзандон манъ карда буд. Ҳам ба хотири дур будан аз зарарҳои радиақионӣ ва ҳам ба хотири нигоҳ доштани кӯдакон аз ҳар гуна наворҳои бетартиби маҳрамона. Худи поп Франсиск бори охир соли 1990 ба телевизор нигоҳ карда буд. Вобастагии ҳаёти кӯдакро бо интернет, телефону планшетҳо хавфнок ҳам медонад, роҳбари давлати Ватикан ва ин ҳолат ба бемории равони оварданашро низ дар баромадҳояш қайд мекунад.
Иқтисоди ин кишвар асосан аз ҳисоби ташрифи сайёҳон ва даромади калисоҳои католикӣ пеш меравад. Инчунин калисоҳои католикии дигар мамолики мутараққии дунё кӯмаки ҳамешагии хубе мерасонанд. Мардуми Ватикан ҳатто орзу доранд, ки шаҳрванди ҳамин давлат бимонанд. Инчунин натиҷаи як раъйпурсӣ дар Италия нишон дод, ки 76%-и аҳолии он давлат ҳам шаҳрвандии ватиканро мехоҳанд. Зеро сатҳи зиндагии мардуми Ватикан хеле беҳтар аст.
Давлати хурдакак бошад ҳам, ватикан дар дигар давлатҳо низ моликияти пурдаромади худро дорад. Масалан аз як худи амволи ғайриманқул 50 000 иншоот дорад, ки даромади солонаи он то ба чор милиард евро мерасад. Дар шаҳри Рим 800 мактаби фарогир 65 клиникаи хусусӣ, 43 бинои мактабӣ ва ҳатто якчанд истгоҳҳои полис доранд, ки — ҳамаи ин моликияти Ватикан мебошад. Инчунин тақрибан 200 000 ҳуҷраи меҳмонхонаҳоро дар кишвар ҷойгиранд, ки на танҳо барои хоҷагони зиёраткунандаи калисоҳои марказӣ, балки барои сайёҳон ҳам ҳаст ва даромад ҳам меорад. Аз захираҳои пули нақд дар ҳаҷми 340,6 миллион евро, коғазҳои қиматнок ва саҳмияҳо дар ҳаҷми қариб 520 миллион евро, инчунин тоннаи захираи тилло, ба арзиши 19 миллион евро ва боз мисолҳои зиёди дигаре метавон дар бораи даромадҳои давлати хурдакаку пешрафтаи Ватикан овард. Маълум мешавад, ки барои пешрафти иқтисодии давлат шаклу андозаву масоҳат нақшши он қадар ҳам муҳиме надоштааст. Кордонӣ ва ҳалолкорӣ мебояд.