Вазорати мудофиаи Русия дар сӯҳбат ба “РИА-Новости” хабари ҳамла ба фурӯдгоҳи Ҳумаймими Сурияро, ки дар он як пойгоҳи низомии кишвараш қарор дорад, рад карда, гуфтааст, ки ҳеч ҳавопаймояш талаф наёфтааст.
Аммо “РИА-новости” дар истинод ба манобеи худ дар пойгоҳи Ҳумаймими Сурия навиштааст, ки санаи 31-уми декабри соли 2017 дар воқеъ як ҳамлаи мусаллаҳонае сурат гирифта буд ва дар натиҷаи ин ҳамла ду сарбози низомии Русия кушта шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, иттилои рӯзномаи “Коммерсант” дар ин бора дурӯғ аст.
Пеш аз ин рӯзномаи “Коммерсант” хабар дода буд, ки зимни як ҳамлаи мусаллаҳона аз тарафи гурӯҳи номаълум 7 ҳавопаймо ва як анбори таҷҳизоти низомии Русия дар Сурия нобуд карда шуд.
Бино ба иттилои “Коммерсант.ru”, дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар пойгоҳи Ҳумеймими Сурия як анбори аслиҳа, таҷҳизоти ҷангӣ ва 4 ҳавопаймои бомбаафкани Су-24, ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва як ҳавопаймои боркаши Ан-72 аз байн бурда шуд.
Дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 10 тан хизматчиёни ҳарбӣ захмӣ гардидида, ду халабони рус кушта шудаанд. Ҳанӯз маълум нест захмиён афсарони рус ҳастанд ё кормандони маҳаллии пойгоҳ.
3-юми январи соли ҷорӣ Вазорати мудофиаи Русия аз суқути як чархболи МИ-24 дар фурӯдгоҳи Ҳамф дар Сурия хабар дод. Масъулини ин Вазорат сабаби суқути ин чархболро на ҳамла, балки сонеҳаи техникӣ номиданд.
Моҳи декабри соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни сафари ногаҳониаш ба Сурия бо президенти ин кишвар Башор Асад мулоқот кард ва дастур дод, ки нерӯҳои ҳарбии Русия хуруҷашонро аз ин кишвар оғоз кунанд.