Рубрики Хабарҳо

«Шуғлофаринӣ»дар Тоҷикистон ва ҳиҷрати саросарӣ аз он

Дар ҳоле, ки огоҳон ва коршиносон аз афзоиши муҳоҷирати саросарии сокинони Тоҷикистон бонги хатар мезананд, расонаҳои давлатӣ шурӯъ аз 6-7 шабакаи телевизионву хабаргузориҳои бузурги давлатӣ то сойтҳои мақомоти маҳаллӣ тамоми рӯз аз ифтитоҳи “корхонаҳои саноатӣ”-ву коргоҳҳои дигар аз ҷониби раисҷумҳур гузориш пахш мекунанд. Ҳар рӯз гузориши муфассал дар шабакаҳои телевизионӣ аз ҷараёни сафари “пешво” ба Суғд нашр мешавад ва 60-70 дарсади хабару гузоришҳои хабаргузории давлатии “Ховар” ба ин “сафари корӣ” бахшида шудааст. 

Дар ҳамин ҳол ин расонаҳо камтарин иттилоъ ё таҳлиле дар мавриди афзоиши ҳиҷрати саросарӣ нашр намекунанд ва гӯё аслан хабаре аз он надоранд. Тибқи иттилоъи ниҳодҳои дахлдори Русия шумори тоҷиконе, ки танҳо барои кор дар моҳҳои апрел-июн ба Русия ворид шудаанд, ва аз се як ҳиссаи тамоми муҳоҷирони ба ин икшвар омада дар ин муддатро ташкил додааст. Гуфта мешавад ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 74,6% афзоиш доштааст. 

Аҷобатҳои «рушд» дар Тоҷикистон

Якбора 76 дарсад афзудани ҳиҷрати тоҷикистониён ба кишваре, ки даргири ҷанг аст ва мекӯшад хориҷиёнро низ ба ширкат дар ин ҷанг моил кунад, наметавонад мавриди нигаронӣ набошад. Аз “биҳишти рӯи замин” ва кишваре, ки раисҷумҳураш ҳар рӯз чанд “корхонаи саноатӣ” ифтитоҳ мекунад фирор кардани мардумаш ба кишвари даргири ҷанг ва зери таҳримҳои шиддатгиранда воқеъан аз аҷобатҳои инзамонист. 

Аз аҷобатҳои дигар ин аст ки рсонаҳои давлатӣ ба мардуме, ки аз бекориву қашшоқӣ ҷомадонҳо сари китф ба самти Русия роҳ афтодаанд, аз рушду иқтисоду пешрафти кишвар ва эҷоди ҳаррӯзаи ҷойҳои корӣ гузориш медиҳанд.  Бар иловаи хабаргузории “Ховар” ки 70 дарсади хабару гузоришҳояш ба “ҷоикорофаринӣ”-и “пешво” бастагӣ доранд, телевизонҳои давлатӣ даҳҳо соати эфири худро барои намоиши ин “офаринишҳо” сарф мекунанд. Ва тамоми ин хабару гузоришҳо ва соатҳо эфир аз кисаи мардум таъмин мешавад. 

Аммо ҳамаи ин гузоришҳоро, ки бо харҷи миллионҳо сомонии мардум анҷом мешавад дар як ҷумла барои ҳар ноҳия метавон тамом кард. 

Шаҳри Бӯстон: Дар филиали Академияи амнияти  химиявӣ, коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ва корхонаи истеҳсоли коғазҳои ранга, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ботантана ифтитоҳ кард, 99 ҷои нави корӣ пайдо шуд”. 

Тамом. 99 ҷои корӣ дар шаҳре, ки 30 000 аҳолӣ дорад ва танҳо хонандагоне, ки ҳар сол мактабро хатм мекунанду бояд ҷои кор пайдо кунанд, 500 нафаранд. Аммо ҳатто ҳамин 99 ҷои корӣ ҳам дурӯғ аст. Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ки гӯё 45 нафарро ба кор таъмин намудааст, ҳанӯз пои раисҷумҳур аз Бӯстон канда нашуда, аз кор монда буд. Ин коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ҳама сафарҳои раисҷумҳур дар ҳама ноҳияҳо ифтитоҳ мешаванд ва 5 дарсадашон ҳам фаъолият намекунанд. 

Пас дар Бӯстон, шаҳри саноатӣ ва пешрафтаи кишвар, ҳамагӣ 54 ҷои нави корӣ пайдо шудааст. Агар ба шарте ду корхонаи дигараш ҳам то чанд моҳ мисли ҳама корхонаҳои ифтитоҳкардаи Раҳмон аз кор намонанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор дод ва 86 нафар ба ҷои кор таъмин шуданд. Ё ба қавли “Ховар” 86 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. 1500 сомонӣ аз нигоҳи “Ховар” маоши хуб аст.  

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 400 ҳазор аҳолӣ дорад ва ҳар сол 7-8 ҳазор нафар мактабро хатм мекунанд. 

Шаҳри Истаравшан: Дар ду корхонаи дӯзандагӣ, як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, ду маркази хидматрасонӣ ва як коллеҷе, ки “пешво” дар Истаравшан лентаҳояшонро бурида ба истифода дод, 255 ҷои нави корӣ ба қавли “Ховар” “бунёд гашт””. Тамом. Аз ин 255 ҷои корӣ метавонед 66 ададашро берун кунед, чун ба “коргоҳҳои дӯзандагӣ” таъаллуқ доранд. 

Шаҳри Истаравшан ҳудуди 280 ҳазор аҳолӣ дорад ва ҳар сол ҳудуди 3,5-4 ҳазор нафар мактабро хатм мекунанд.

Дар се рӯзи сафари пурдабабаву хабарсози раисҷумҳур ба Суғд, ки ҳазорҳо нафарро барои пешвозаш бароварданд, даҳҳо миллион аз соҳибкорон ҷамъоварӣ карда, миллионҳо сомонии буҷаро масраф карданд ва роҳҳоро баста, мардуми бе ин ҳам бекори ин ноҳияҳоро аз корҳояшон мононданд раисҷумҳур бо қайчияш барои эҷоди 329 ҷои корӣ бо маоши ба қавли “Ховар” “арзанда”-и 1500 сомонӣ саҳм гузоштааст. Агар воқеъан ҳамаи ин ҷойҳои корӣ ҳифз шаванду коргарон маоши худро гирифта тавонанд, дар умум дар шаш моҳ (муҳлати миёнаи сафарҳои раисҷумҳур) 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маош хоҳанд гирифт, ки даҳяки масрафи сафари раисҷумҳур ба ин ноҳияҳо ҳам нест. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, танҳо аз соҳибкорони ноҳияи Истаравшан бо баҳонаи сафари раисҷумҳур на камтар аз 10 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд.   

Бо дарназардошти ин ки бе ҳузури раисҷумҳур ҳатто ифтитоҳи як ҳоҷатхонаи умумиро иҷозат намедиҳанд ва соҳибкоре, ки корхона ё коргоҳе сохтааст бояд моҳҳо мунтазир шавад то “пешво” бо қайчияш ташриф оварда онро ифтитоҳ кунад, метавон бо итминон гуфт, ки дар тамоми кишвар вазъи шуғлофаринӣ ҳамин гуна аст. 

Аммо ҳатто ҳамин шумори масхара ҳам ҳақиқат нест. Масхаратар аз ин он аст, ки шумори корхонаҳое, ки баста мешаванд, аз корхонаҳое, ки ифтитоҳ меёбанд, ҳамеша бештар аст. Барои мисол дар шаш моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон 43 коргоҳи нав таъсис дода шуд. Ба бештари ин коргоҳҳо бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон «ҳусни ифтитоҳ» бахшида шуд. Аммо дар ҳамин давра 49 корхона дар вилоят аз , ки аксари онҳо низ бо «роҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои пешвои миллат» ва кӯмаки қайчияш ба кор шурӯъ карда буданд.

Қисме аз ин корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тоза ифтитоҳ шуда буданд. Ҳакимзода Қурбон, сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сабаби асосии аз кор мондани корхонаҳоро дар нишасти хабариаш ба фурӯш нарафтани маҳсулот, муфлисшавӣ ва набудани маблағи гардон донист. Тибқи иттилоъи Ҳакимзода, бинобар аз фаъолият бозмондани коргоҳу корхонаҳо дар вилояти Хатлон 947 нафар ҷойи кории хешро аз даст додаанд.

Роҳи «фирор аз биҳишт» бозтар мешавад

Дар ҳоле, ки расонаҳои давлатӣ ба таблиғи “корофаринӣ”-и пешвояшон машғуланд, хабари дигаре дар расонаҳо мечархад. Ва он ин аст, ки шурӯъ аз 16 август қаторҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия ба ҳаракат меафтанд. Қимати билет ҳам, ки аз 1500 то 3000 сомонӣ гуфта мешавад, дар расонаҳо ба хабарҳои ТОП баромадааст. Яъне хонандагони ин хабар хеле зиёданд. 

Афзоиши 76 дарсадии вуруди муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар ҳоле буд, ки нархи билетҳои ҳавопаймо гарон буданд ва роҳҳои заминӣ ҳам тахминан баста. Ҳоло бо ба роҳ афтодани ҳади ақал се қатора, роҳи сафар барои ҳазорон нафаре, ки барои хариди билети ҳавопаймо пул надоштанд, боз мешавад. 

Тибқи иттилоъи мақомоти Русия дар семоҳаи аввали ҳамин сол 4,16 млн табааи хориҷӣ дар маҳалли будубош худро ба қайд гузошта, 3,12 млн нафарашон ҳадафи сафарро кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордии семоҳа дар муддати тамоми давраи дастрасии омор аз соли 2017 мебошад. Аз ин шумор, як миллиону 52 ҳазор нафар ё 30,5 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд. 

Онҳое, ки ҳадафи сафари худро дар варақаи мигратсионӣ “кор” менависанд, ҳарчанд аксариятро ташкил медиҳанд, ҳамаи муҳоҷирон нестанд. Яъне дар ин муддат шумори хеле бештар аз як миллион нафари тоҷикон ба Русия рафтаанд. Барои мисол хонаводаҳое, ки ба назди сарвари оила ба Русия кӯч мебанданд, ҳадафи сафари худро “меҳмонӣ” ё чизи дигар менависанд, на кор. Бо дарназардошти ин ки ҳиҷрати хонаводаҳо имсол мавҷи бузургтаре касб кардааст, шумори тоҷикони воридшуда ба Русия дар семоҳаи дувумро метавон танҳо тахмин зад.  

Барои дарки воқеъият шарт нест, ки омори мақомоти Русия пайгирӣ шавад. Садҳо хонаҳои холимонда, ки дар бархе деҳаҳо ба 70 дарсад расидаанд, гӯёи воқеъиятанд. Мақомот бошанд барои пешгирӣ аз ин ҳиҷрат ҳеҷ илоҷе ҷуз и хонаҳои мардум пайдо намекунанд. 

Аммо барои семоҳаи савум, ки чи қадар тоҷикистонӣ аз “биҳишти рӯи замин” фирор карда, вориди Русияи инак ҷангзада хоҳанд шуд ҳатто тахмин ҳам задан душвор аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *