Рубрики Хабарҳо

«Рушди моҳипарварӣ», моҳигирони ғайриқонунӣ ва моҳии тиллоии Оила

Чанд даҳсолаи охир соҳаи моҳипарварӣ дар тамоми ҷаҳон рӯ ба рушд овардааст. Барои мисол, соли 2016 истеҳсоли умумии маҳсулоти баҳрӣ, аз ҷумла моҳӣ, моллюскҳо ва харчангшаклҳо ба 171 млн тонна расид. Аз он 80 млн тонна, ки баробар ба маблағи 232 млрд доллар аст, ба шакли сунъӣ парвариш ёфтааст ва боқимонда аз баҳру дарёҳо шикор карда шудааст. Ба шакли назаррас соҳаи парвариши маҳсулоти баҳрӣ пас аз солҳои 1990 ва хусусан солҳои 2000-ум рушд кардааст. Солҳои 1980 ҳамагӣ 5 то 10 дарсади маҳсулоти баҳрӣ ба шакли сунъӣ парвариш меёфт, вале соли 2020 ин нишондиҳандаҳо баробар шуданд, зеро он сол истеҳсоли маҳсулоти баҳрии парваришёфта зиёда аз 90 млн тоннаро ташкил кардааст.

Соҳаи моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, зеро талабот ба маҳсулоти баҳрӣ сол аз сол зиёд мешавад. Бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандагони ин навъи маҳсулот кишвари Чин, Ҳиндсутон, Индонезия, Перу ва Амрико мебошанд.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, дар кишвар рушди соҳаи моҳидорӣ ба назар мерасад. Ҳоҷат ба гуфтан нест, ки дар ин маврид чанд “барномаи рушди соҳаи моҳидорӣ” аз тарафи ҳукумат ва шахсан раисҷумҳур қабул ва гӯё амалӣ ҳам шудааст, вале ягон пешравие дар ҷода дида намешавад.

Гуфта мешавад, назорати ин соҳаро Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» бар дӯш дорад, ки дар навбати худ тобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре Миралӣ Наимов, сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон”  иттилоъ дода буд, соли 2022 дар кишвар 372 хоҷагии хурду бузург ба парвариш ва истеҳсоли моҳӣ машғул буданд. 

Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли ғизо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, як нафар дар як шабонарӯз бояд 25 грамм ва давоми сол – 9 килограмм моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ истеъмол кунад. Барои таъмини кофии аҳолии даҳмиллионафараи Тоҷикистон бо ин маҳсулот дар як сол тақрибан 100 ҳазор тонна моҳӣ зарур аст. Вале соли 2018 дар Тоҷикистон каме бештар аз 2 ҳазор тонна моҳӣ ва маҳсулот аз он истеҳсол шудааст, ки 50 баробар камтар аз талабот аст. 

Аксарияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойгир шудаанд. Ба иддаои ҳукумат, барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ва фаъолияти муваффақонаи беш аз 200 хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст, аниқтараш фурӯхта шудааст. Вале бо вуҷуди он, маҳсулоти ватанӣ ба таври кофӣ истеҳсол намешавад.

Дар вилояти Суғд низ чанд хоҷагии моҳипарварӣ вуҷуд дорад ва ҳар сол хабарҳое дар мавриди рушди моҳипарварӣ нашр мешаванд. Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта агентии “Ховар” бо такя ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ният дорад дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд боз се адад ҳавзи моҳипарварӣ бунёд карда, ба пешрафти ин соҳаи сердаромад ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм гузоранд. Гуфта мешавад, ҳавзҳои моҳипарварӣ соли 2021 бунёд гардида, масоҳати умумии онҳо 3,2 гектарро ташкил мекунад ва шумораи ҳавзҳо 21 адад мебошад. Дар ин ҷо асосан гулмоҳӣ парвариш карда шуда, маҳсулот ба бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд асосан навъҳои гулмоҳӣ, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш карда мешаванд.

Гуфта мешавад, соли 2022 дар вилоят беш аз 800 тонна моҳӣ ба маблағи умумии 19,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.

Қаблан яке аз бузургтарин ширкатҳои моҳидорӣ ва моҳипарварӣ ширкати моҳипарварии Қайроққум мебошад. Дар давраи шӯравӣ ин ширкат бо номи “Рыбхоз” маъруф буд. Сипас, соли 1996 аз тарафи соҳибкорон хусусӣ гардонида шуд ва номаш ба ҶСШК “Шукуфон” тағйир дода шуд. Солҳои 2006 ширкат боз тағйири ном карда, ҶСК “Суғдмоҳӣ” ном гирифт.

Яке аз бартариҳои ин ширкат дар он аст, ки барои моҳипарварӣ на танҳо ҳавзҳои моҳипарварӣ, балки аз Баҳри Тоҷик (қаблан — обанбори Қайроққум) истифода мебарад, ки яке аз обанборҳои калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад. Масоҳати бузурги об имконият медиҳад, ки миқдори моҳӣ зиёд истеҳсол карда шавад. Илова бар он, дар соҳили чапи обанбор боз 6 ҳавз низ мавҷуданд, ки барои парвариши моҳичаҳо истифода мешаванд. 

Вале бо вуҷуди ин ҳама имкониятҳо, ширкат дар ҳоли хароби иқтисодӣ қарор дорад ва ҳамчунин аз ӯҳдаи таъмин кардани мардум бо маҳсулоти баҳрӣ намебарояд. 

Манбаъи Паём, ки қаблан дар ин ширкат фаъолият кардааст, хабар дод, ки сабаби асосии хароб будани ин ширкат фаъолияти моҳигирҳои ғайриқонунӣ (браконьер) мебошад. Бо вуҷуди он, ки дар худи ширкат нозирони махсус барои мубориза бо ғайриқонуниҳо фаъолият мекунанд ва илова бар он, нозирони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати Тоҷикистон ва кормандони милитсия низ вазифадоранд аз фаъолияти моҳигирҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ намоянд, вале амалан фаъолияти онҳо хеле густарда аст. Ба қавли манбаъ, онҳо қаиқҳои пешрафтаи ҷопонӣ, тӯрҳои босифат ва аз ҳама хатарнокаш, шасти барқӣ (электроудочка) истифода мебаранд ва солона садҳо тонна моҳӣ медоранд. Хатарнокии «душмани қаттоли моҳӣ» — шасти барқӣ дар он аст, ки он дар ҳудуди даҳ ё зиёда метр ҳамаи ҳайвоноти баҳрӣ, аз ҷумла садҳо моҳичаҳоро нобуд мекунад. Аксари пуфакҳои шиноварии моҳиҳои ин маҳал аз таъсири шиддати баланди шасти барқӣ кафида, моҳиён қобилияти шиновариро гум мекунанд, мемиранд ва ба қаъри дарё мераванд. Баъзе моҳиҳои мурда рӯи об мебароянд ва қӯруқшиканҳо онҳоро дошта мегиранд. Ҳамчунин моҳиҳои дар ҳамин наздикӣ буда, аз шиддати баланди барқ муддате  карахт мешаванд, баъдтар боз шино мекунанд, аммо аз наслдиҳӣ мемонанд, ки ин омил ҳам ба афзоиши моҳӣ зарба мезанад. Ташхиси ғадудҳои ҷинсии моҳиҳои ба шасти барқӣ афтода, муайян сохт, ки онҳо аз афзоиши табиӣ мондаанд. Ба ин гурӯҳ зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, ҷумҷумамоҳӣ ва хелҳои дигар ворид мешаванд, ки сол аз сол шумори онҳо кам шуда истодааст. Ҳамзамон, шасти барқӣ захираи ғизои табиии обанборҳоро заиф мегардонад, ки боиси тағйирёбии суръати афзоиш, наслдиҳӣ ва дигар хусусиятҳои биологии моҳиҳо мегардад. Шасти барқӣ боис мешавад, ки ҳазорҳо моҳиву моҳиҷа беҳуда талаф шаванд. 

Ба саволи Паём, ки чаро на нозирони ин ширкати моҳипарварӣ, на нозирони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва на кормандони милитсия ин қонуншиканҳоро боздошт ё ақаллан аз фаъолияташон пешгирӣ намекунанд, ин манбаъ ҷавоб дод, ки ҳамаи онҳо барои худ аз мақомоти интизомӣ “криша” доранд.

Тавре ин манбаъ қайд кард, “яке аз нозирони ширкат дар сӯҳбат ба ман гуфта буд, ки моҳигирҳои ғайриқонуниро боздошт кардем. Як қаиқи ҷопонӣ, чанд тӯри дарози босифат ва ҳудуди 100 килограмм моҳӣ дошт. Вале ба ҷои он, ки худро айбдор донад, ба сари мо зӯрӣ карду гуфт, ки сардори шӯъбаи кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Қайроққум ба ӯ иҷозат додааст, то ҳар қадар хоҳад, моҳӣ дорад. Зуд телефонашро бароварда, ба сардори шӯъбаи кумитаи амният занг зад. Ин мақомдор бошад, бе ягон саволу ҷавоб ба тарафи мо дашному таҳқирро оғоз кард, ки зуд ин қонуншиканро раҳо кунем, зеро ӯ “хешовандаш” будааст, вагарна ҳоламон бад мешавад. Албатта, ҳеҷ робитаи хешовандие байни онҳо наметавонад бошад, зеро аз лаҳҷааш маълум буд, ки тамоман аз дигар минтақаи кишвар аст. Чунин ҳолатҳо зиёд рӯй медиҳанд. Ба қавли он нозир, тақрибан рӯзе нест, ки ба мо аз додситонии шаҳри Қайроққум ё ноҳияи Конибодом, ё аз шӯъбаи амният, ё аз шӯъбаи милитсия занг назананд”.

Ба назари мақомот ин ширкат ҳамеша сарватманду сердаромад менамуд. Аз ин сабаб, тақрибан солҳои 2013 ҳукумати кишвар ин ширкатро давлатӣ кард. Тавре манбаъ хабар дод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво кард, ки гӯё соли 1996 хусусигардонии ин ширкат ғайриқонунӣ сурат гирифта будааст. Роҳбарияти собиқи ширкат ба Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат карданд, вале кор ба фоидаи давлат ҳал шуд ва ширкат боз ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргардонида шуд.  Минбаъд ҳеҷ маълумоте дар мавриди соҳибони ин ширкат расонаӣ нашудааст. Мутмаинан, баъдан он зери назорати яке аз ширкатҳои тобеи оилаи раисҷумҳур гузаштааст.

Акнун ин ширкат, ки дорои имконияти васеъи моҳипарварӣ аст ва яке аз обанборҳои бузургтарини кишвар дар ихтиёраш ҳаст, ба фоидаи Оила фаъолият хоҳад кард. Ва ба «моҳии тиллоӣ»-и хонаводаи раисҷумҳур табдил шудааст, ки аз ҳафо миллионҳо доллар даромда меорад. Аз ин сабаб, ду соли охир даҳҳо нафар қониншиканон боздошт шуда истодаанд. Маълум аст, ки дигар “криша”-ҳое чун додситону сардори шӯъбаи амният салоҳият надорад “хешовандон”-и худро ҳимоя намояд. 

Илова бар ин фоидаи муфт, Оила боз ин соҳаро ҳамчун сабабе барои азхудкунии буҷаи давлат истифода мебарад. Тавре расонаҳо хабар дода буданд, аз буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2019 барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор 915,4 миллион сомонӣ (97 миллион доллар) ҷудо карда шудааст. Маълум нест, ки ин маблағ ба куҷо ва ба кадом шакл масраф шудааст, вале мутмаинан метавон гуфт, ки аксари он, агар ҳамааш набошад, ба кисаи бетаги Оила равона шудааст.

Хуллас, ояндаи моҳипарварии кишвар низ мисли ҳамаи соҳаҳои кишвар рӯ ба таназзул буда, қисман ба назорати Оила мегузаранд ва қисман муфлис шуда, барҳам мехӯранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *