Рубрики Хабарҳо

Олмон дар роҳи қатъи вобастагӣ ба нафту гази Русия

Олмон бузургтарин воридкунандаи газу нафти русӣ дар Аврупост ва то охирин лаҳза муқобили таҳримҳо ба ин соҳаҳои Русия буд. Ҳоло тасмим дорад аз вобастагӣ ба нафту гази Русияро комилан қатъ кунад. Чӣ чолишҳои ин тасмим дар пай хоҳад дошт?

Бархе дар Олмон хостори қатъи сареъи вобастагӣ ба нафт ва гази Русия ҳастанд аммо вазири ҳамлу нақл мегӯяд ин кор ба замон ниёз дорад. Раисҷумҳури Укроин аз содиркунандагони нафту газ хоста барои қатъи вобастагӣ ба Русия ҳамкорӣ кунанд. 

Таҷовузи низомии Русия ба Укроин абъоди вобастагии бархе кишварҳои ғарбӣ ба воридоти энергӣ аз ин кишварро ошкортар кард ва дархост барои коҳиш ва қатъи ин вобастагиро афзоиш дод. 

Раисҷумҳури Укроин аз кишварҳои тавлидкунандаи энерҷӣ хост дар вокуниш ба лашкаркашии Русия алайҳи кишвараш мизони тавлиди худро афзоиш диҳанд. 

Влдимир Зеленский, ки рӯзи шанбе 26 март аз тариқи иртиботи видеоӣ дар конфронси байналмилалӣ “Доҳа форум” дар пойтахти Қатар суханронӣ мекард гуфт бо афзоиши зарфияти тавлиди содиркунандагони энерҷӣ, Русия дигар қодир нахоҳад буд аз манобеъи нафту гази худ ба унвони Силоҳ барои боҷ гирифтан аз кишварҳои ғарбӣ истифода кунад. 

Ӯ таъкид кард кишварҳое монанди Қатар, мизбони канфронс, метавонанд барои суботи таъмини ниёзи Аврупо ба энерҷӣ нақши муҳиме бар ӯҳда бигиранд. 

Пас аз оғози ҳамлаи низомиёни русӣ ба Укроин дар 24 феврал кишварҳои ғарбӣ таҳримҳое алайҳи Русия эъмол карданд, ки кишварҳои аврупоиро нигарони таъмини энерҷии мавриди ниёзашон кардааст. 

Вазири ҳамлу нақли Олмон ва қатъи вобастагӣ ба Русия 

Дар ҳоле, ки дархостҳо барои таҳрими комили воридоти энерҷӣ аз Русия дар Аврупо афзоиш меёбад, Фолкер Виссинг, вазири ҳамлу нақли давлати федерали Олмон нисбат ба пайомадҳои ин иқдом ҳушдор дод. 

Ба гузориши «Тагс Шоу”, веб-сайти Шабакаи яки телевизиони Олмон, Виссинг мегӯяд аз назари сиёсати энерҷӣ қатъи вобастагӣ ба кишваре монанди Русия, ки бидуни хам овардан ба абрӯ қавонини байналмилалиро нақз ва зиндагии инсонҳоро нобуд мекунад мантиқӣ аст. 

Вазири ҳамлу нақли Олмон дар айни ҳол дар гуфтугӯ бо рӯзномаҳои гурӯҳи расонаии “Функа” ҳушдор дод барои қатъи вобастаги ба Русия бояд замони мавриди ниёзро дар назар гирифт ва манобеъи таъмини энерҷиро аз нав созмондеҳӣ кард. 

Сиёсатмадори узви ҳизби демократҳои озод бо таъкид бар ин, ки инсиҷоми иҷтимоӣ набояд хадшадор шавад, гуфт дар ғайри ин сурат фарояндеро калид мезанем, ки худамонро нотавон хоҳад кард. 

Ӯ мегӯяд барои раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳеҷ чизи матбӯътар аз ин нест, ки мо сиёсати энерҷии худро нокоромад кунем ва тазъифшуда муқобили ӯ қарор бигирем. 

Муҳофизакорон мувофиқи қатъи фаврии воридоти нафту газ 

Дар муқобил, Норберт Рёттген, коршиноси сиёсати хориҷии ҳизби демократи масеҳӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Аугсбургер алгемайне” мегӯяд мавзеъи Олмон дар қиболи идомаи хариди нафт ва газ аз Русия пойдор нахоҳад буд. 

Ӯ таъкид кард бо идомаи ин вазъият шумори қурбониён ва оворагони укроинӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва Олмон чигуна мехоҳад тавзеҳ диҳад, ки иқдомҳои лозим барои хотима додан ба ин вазъият анҷом нашудааст. 

Ин сиёсатмадори муҳофизакор пешбинӣ мекунад давлати Олмон билохира замоне мавозеъи худро тағйир медиҳад ва он замон ин пурсиш ба ҳақ матраҳ мешавад, ки чаро ин масъала ҳафтаҳо пеш рух надод то ҷанг зудтар мутаваққиф шавад. 

Волфганг Шайбле, раиси пешини парлумони федералӣ, яке дигар аз сиёсатмадорони муҳофизакор ва аз ҳомиёнӣ қатъи воридоти нафту газ аз Русия аст. 

Узви аршади ҳизби демократи масеҳӣ ба рӯзномаи “Улт ам зунтог” гуфт: “Талх аст аммо ман фикр мекунам мо бояд ҳар чӣ сареътар аз дарёфти нафту гази Русия сарфи назар кунем ва набояд дар миёни муттаҳидони ғарбӣ ҳамеша тормозкунанда бошем.” 

Шайбле таъкид кард: “Ҳатто агар барои мо номатбӯъ ҳам бошад набояд сустӣ кунем.” Ӯ афзуд Путин бояд бидонад “мо ҳозирем барои шеваи зиндагӣ ва озодии худ фидокориҳои асосӣ кунем.” 

Коҳиши бисёри сареъи вобастагӣ ба Русия 

Робрет Ҳабек, вазири иқтисод ва муовини аввали садри аъзами Олмон рӯзи ҷумъа аз пешрафт дар коҳиши воридоти нафт, газ ва ангишт аз Русия хабар дод. 

Дар “гузориши пешрафти амнияти энерҷӣ”, ки ин вазоратхонаи мунташир кард таъкид шуда, ки Олмон бо суръати бисёр зиёд дар ҳоли коҳиши вобастагӣ ба воридоти энерҷӣ аз Русия ва афзоиш додани манобеъи таъмини энерҷии мавриди ниёзи худ аст. 

Ба гуфтаи Робрет Ҳабек, ба эҳтимоли зиёд воридоти нафти Олмон аз Русия то тобистони имсол ба нисф коҳиш меёбад ва то поёни тобистон ва аввали тирамоҳ Олмон метавонад ба таври комил аз воридоти ангишт аз Русия сарфи назар кунад. 

Вазири иқтисод мегӯяд дар мавриди газ вазъият печидааст ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки то тобистони 2024 битавон, ҷуз дар бахшҳои маҳдуд, ба вобастагӣ ба воридоти газ аз Русия хотима дод. 

Ҳабек барои расидан ба ин ҳадаф ду пешшарт матраҳ карда; Яке густариши тавлиди энерҷӣ аз манобеъи таҷдидпазир ва дигаре коҳиши масраф дар тамоми бахшҳо.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *