Categories Хабарҳо

Чин роҳи заминиаш бо Тоҷикистонро баст

Гузаргоҳи назоратии “Кулма” дар сарҳади Тоҷикистону Чин бо ибтикори дуввумӣ баста шуда, равуои ҳамаи намуди мошинҳо тариқи он қатъ гардид. 

Гуфта мешавад қатъи фаъолияти гузаргоҳ на ба паҳншавии коронавирус дар Чин, балки ба ҷашни солинавӣ дар ин кишвар бастагӣ дорад. Қаблан парвозҳо байни ду кишвар бо ҳамин сабаб қатъ шуда буданд.

Баста шудани гузаргоҳи автомобилӣ бо ибтикори Чин ва ба хотири ҷашнгирии соли нав дар ҳолест, ки қаблан ҳамаи ҳамсояҳои ин кишвар сарҳадҳояшон бо онро баста, эълон карда буданд, ки сарҳадбандӣ ба паҳншавии коронавирус бастагӣ дорад. 

Вируси нав дар Чин босуръат паҳн мешавад ва дирӯз аввалин марг аз он дар пойтахти ин кишвар – Пекин ба қайд гирифта шуд.  Тибқи маълумот ахир, дирӯз субҳ 81 ҳолати марг ва наздики 3000 мубтало аз ин вирус ба қайд гирифта шуда буд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *