Содироти маҳсулоти нассоҷҷӣ аз Тоҷикистон, ки қисми асосиашро нахи пахта такил медиҳад, кам шудааст. Ҳамчунин ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар низ поён рафтааст.
Мизони содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз онҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 30,3% суқут кардааст.
Маълумоти оморӣ дар бораи содироти ин намуи маҳсулот аз он дарак медиҳанд, ки ҳудуди 60,4%-и мизони зикршударо фурӯши нахи пахта ба хориҷ ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ дар январ-августи соли ҷорӣ мизони содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз он $104 млн. 209 ҳазорро ташкил додааст, ки 30,3% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. $62 млн. 991,6 ҳазори маблағи зикршуда аз фурӯши нахи пахта ба даст омадааст, ки он ҳам 41,1% камтар шудааст
Дар ҳамин ҳол мизони воридоти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз он $42,7 млн.ро ташкил додааст, ки 8,3% афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нассоқӣ бо арзиши афзудаи баланд амалӣ мегардад.
Тибқи маълумоти вазорати саноат ва технологияи нав, дар истеҳсолоти нассоқӣ ва бофандагӣ ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 2,3 дарсад камтар шудааст, ки вазорат онро ба камшавии истеҳсоли нахи пахта рабт медиҳад, ки 53,6% камтар шудаст. Истеҳсоли тухмии пахта бошад 54,6%.
Дар ҳамин ҳол афзоиши 15,9%ии истеҳсоли ресмони бофандагӣ ва 77,4%-ии матоъ ба қайд гирифта шудааст. Мизони умумии истеҳсолоти нассоҷӣ ва бофандагӣ аз авали соли ҷорӣ ба 848,2 млн. сомони ($87,6 млн.) расидааст.