Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки агар “нафти мо аз тангаи Ҳурмуз убур накунад”, Эрон аз убури нафткашҳои дигар кишварҳо ҷилавгирӣ хоҳад кард. Раисҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст фурӯши нафти Эронро ба сифр бирасонад.
Сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ дар ҳошияӣ як ҳамоиш дар ҷамъӣ хабарнигорон таҳдиди дигар мақомоти низомии Ҷумҳурии Исломии Эронро такрор кард. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон зимни баёни ин ки «агар касе тангаи Ҳурмузро ноамн кунад, Ҷумҳурии исломӣ бо ӯ бархӯрд хоҳад кард», изҳор дошт: “ҳамчунин агар нафти мо аз ин танга убур накунад, ҳатман нафти дигар кишварҳо низ аз ин танга убур нахоҳад кард.”
Муҳаммад Боқирӣ таъкид кард, ки ҳукумати Эрон қасди бастани танга Ҳурмузро надорад, “магар ин ки иқдомоти душманон ба ҷое бирасад, ки маҷбур шавем ва чорае ҷуз ин вуҷуд надошта бошад.”
Боқирӣ дар бораи изҳороти вазири умури хориҷа Эрон, ки гуфта буд, тасмимгирӣ дар мавриди тангаи Ҳурмуз ба нерӯҳои мусаллаҳ вогузор шуда, гуфт: “дар ин хусус мақомоти болотар сӯҳбат карда ва мо муҷрии ин дастурот ҳастем. Ҳамонтӯр, ки пеш аз ин низ борҳо тавассути мақомоти кишвармон гуфта шуда, мо хоҳони таъмини амнияти тангаи Ҳурмуз ҳастем ва амниятр ин танга низ тавассути кишвари мо барқарор мешавад.”
Пеш аз Боқирӣ шуморе аз мақомоти эронӣ нисбат ба истифода аз тангаи Ҳумуз ба унвони аҳроми фишор мавзеъгири карда буданд; Аз ҷумла Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ, дар мусоҳиба бо Алъолам, шабакаи арабизабони радио ва телевизиони Эрон дар ин робита сухан гуфта буд.
Рӯзи 24 апрел вазири умури хориҷаи Эрон дар Анҷумани осиёии Ню-Йорк зимни баёни ин ки масъулияти таъмини амнияти тангаи Ҳурмуз бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, таҳдид кард, ки “агар Амрико дар танга Ҳурмуз девонагӣ” кунад, бо сипоҳ посдорон тараф хоҳад шуд.
Муҳаммадҷавод Зариф дар Ню-Йорк ҳамчунин тасреҳ кард: “ҳар кас ба тангаи Ҳурмуз ворид шавад, бояд бо масъулони амнияти ин оброҳ, яъне Сипоҳи посдорон тараф шавад.”
Аз тараф дигар Амрико Сипоҳро ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ афзудааст ва ҳар гуна ҳамкорӣ ё пуштибонӣ аз Сипоҳро ҳимоят аз терроризм ва қобили муҷозот медонад.